مسألة № 00849

Номи ман дар ҳуҷҷатҳо Саёҳатдин, аммо дар байни мардум Сайлиддин низ мегӯянд. Аз шумо мепурсам, ки номи ман дуруст аст (маънояш чист), вагарна чӣ бояд кунам?

مسألة:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Номи ман дар ҳуҷҷатҳо Саёҳатдин, аммо дар байни мардум Сайлиддин низ мегӯянд. Аз шумо мепурсам, ки номи ман дуруст аст (маънояш чист), вагарна чӣ бояд кунам? Раҳмат.

Саволдиҳанда: Сайлиддин

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, тарзи дурусти номи шумо Салоҳуддин аст, на Саёҳатдин ё Сайлиддин. Азбаски баъзе ашхос аз маънои дурусти ном огоҳии комил надоранд, онро нодуруст талаффуз мекунанд ва ё менависанд. Калимаи “саёҳат” дар луғат ба маънои сайру гардиш ва тамошо, калимаи “сайл” бошад, ба маънои ҷорӣ ва равон шудан омадааст, лекин изофа шудани ин калимаҳо ба калимаи “дин” ва корбурди он ҳамчун ном дар адабиёти илмӣ ва фарҳанги номгузорӣ ворид нашудааст.

2017-02-02
3092
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

13.01.2025

أكثر
الفجر06:06
الظهر12:40
العصر15:32
المغرب17:29
العشاء18:59