مسألة № 00890

Аз дидгоҳи дини Ислом қабр бояд чигуна канда шавад? Сабаб чист, ки дар дигар кишварҳо дигар намуд аст?

مسألة:

Ассалому алайкум. Аз ҷониби як гурӯҳ ҷавонон ин суол пешниҳод шудааст: Аз дидгоҳи дини Ислом қабр бояд чигуна канда шавад? Сабаб чист, ки дар дигар кишварҳо дигар намуд аст?

Саволдиҳанда: Абдуҳамид

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Аз нигоҳи шариат ду намуд қабр канда мешавад ва ҳар яке вобаста ба шароити ҳамон маҳал аст. Як навъи он лаҳад аст, ки дар ҳолати резиш надоштани хок канда мешавад, чунонки дар бисёр манотиқи кишварамон маъмул ва машҳур аст. Навъи дуюм шақ (бидуни лаҳад) аст, ки дар ҳолати резиш доштани хок ва нарм будани замин канда мешавад, зеро дар чунин ҳолат лаҳад кандан ғайри имкон аст. (“Хулосатул-фатово”, ҷ. 1, с. 225-227)

2017-02-20
3047
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

27.11.2024

أكثر
الفجر05:42
الظهر12:40
العصر15:13
المغرب17:08
العشاء18:38