مسألة № 00891
Домуллои азиз, лутфан оиди хатми Қуръони карим маълумоти муфассал медодед?
مسألة:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои азиз, лутфан оиди хатми Қуръони карим маълумоти муфассал медодед? Агар се нафар якхела (аз пораи якум то пораи даҳум) даҳпорагӣ хонанд, хатми пурраи Қуръон мешавад ё не? Сипосгузорам.
Саволдиҳанда: Султон
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, дар Қуръони карим, махсусан дар пораи охири он баъзе сураҳое ҳаст, ки бо такрор хондани онҳо савоби хатми Қуръон ҳосил мешавад. Бинобар ин, бо такрор хондани даҳ пораи охир савоби хатм ҳосил мешавад ва метавонад, ки онро ба рӯҳи гузаштагон ҳадя намояд. Аммо хатми кулли Қуръон дар сурате ҳосил мешавад, ки аз аввали Қуръон то охири он тиловат карда шавад, зеро дар поёни ҳар хатме дуо мустаҷоб аст. Чунонки дар ҳадис омадааст, ки Расули Худо (с) фармудаанд: “Ҳар касе Қуръонро хатм кунад, барои ӯ як дуои мустаҷоб ҳосил мешавад”. (Ривояти Табаронӣ; “Ҳошияи Совӣ”, ҷ. 4, с. 459-461)