Вопрос № 00891

Домуллои азиз, лутфан оиди хатми Қуръони карим маълумоти муфассал медодед?

Вопрос:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои азиз, лутфан оиди хатми Қуръони карим маълумоти муфассал медодед? Агар се нафар якхела (аз пораи якум то пораи даҳум) даҳпорагӣ хонанд, хатми пурраи Қуръон мешавад ё не? Сипосгузорам.

Саволдиҳанда: Султон

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, дар Қуръони карим, махсусан дар пораи охири он баъзе сураҳое ҳаст, ки бо такрор хондани онҳо савоби хатми Қуръон ҳосил мешавад. Бинобар ин, бо такрор хондани даҳ пораи охир савоби хатм ҳосил мешавад ва метавонад, ки онро ба рӯҳи гузаштагон ҳадя намояд. Аммо хатми кулли Қуръон дар сурате ҳосил мешавад, ки аз аввали Қуръон то охири он тиловат карда шавад, зеро дар поёни ҳар хатме дуо мустаҷоб аст. Чунонки дар ҳадис омадааст, ки Расули Худо (с) фармудаанд: “Ҳар касе Қуръонро хатм кунад, барои ӯ як дуои мустаҷоб ҳосил мешавад”. (Ривояти Табаронӣ; “Ҳошияи Совӣ”, ҷ. 4, с. 459-461)

2017-02-20
3385
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

27.11.2024

Подробнее
Фаджр05:42
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:08
Иша18:38