مسألة № 00941

Агар кӯдаке номи яке аз бузургони Исломро дошта бошад ва тез-тез бемор шавад, мегӯянд, ки кӯдак ин номро "бардошта натавонист", номашро иваз намоед, сиҳҳат хоҳад шуд. Аз нигоҳи Ислом то куҷо ин ақида дуруст аст?

مسألة:

Ассалому алайкум! Агар кӯдаке номи яке аз бузургони Исломро дошта бошад ва тез-тез бемор шавад, мегӯянд, ки кӯдак ин номро "бардошта натавонист", номашро иваз намоед, сиҳҳат хоҳад шуд. Аз нигоҳи Ислом то куҷо ин ақида дуруст аст? Қаблан, ташаккур.

Саволдиҳанда: Ҳусейн

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, тансиҳҳатӣ ё бемории инсон ба номи ӯ ягон рабте надорад, балки ин тақдири азалии илоҳӣ аст. Бояд банда ба андозаи тавоноияш баҳри беҳдошти саломатии худ ё фарзандаш саъйу талош намояд. Он сухане, ки дар ин маврид мегӯянд, асоси шаръӣ надорад. Номи инсон фақат дар ҳолате иваз карда мешавад, ки маъно ва мафҳуми нодуруст ва хилофи шариат дошта бошад. Худованд ба бемори шумо шифои оҷил ва сиҳҳати комил ато фармояд.   

2017-03-10
3951
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

04.01.2025

أكثر
الفجر06:07
الظهر12:40
العصر15:22
المغرب17:20
العشاء18:50