مسألة № 00960

Дар намоз баъд аз тиловати ояти саҷда агар саҷдаро фаромӯш кунем, оё қазо дорад ё на?

مسألة:

Ассалому алайкум домуллои гиромӣ. 1. Дар намоз баъд аз тиловати ояти саҷда агар саҷдаро фаромӯш кунем, оё қазо дорад ё на? 2. Дар намози хуфя аз пушти имом сураи “Фотиҳа” хонда мешавад ё на?

Саволдиҳанда: Абдурраҳмон

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, пас аз тиловати ояти саҷда агар саҷдаро фаромӯш кунад, модоме ки дар намоз аст, кадом вақте ки дар ёдаш омад, саҷда мекунад, вале баъд аз салом додан дигар саҷда қазо надорад. Агар дар беруни намоз ояти саҷдаро тиловат намуд, вале онро фаромӯш кард, ҳар вақте ба хотираш омад, саҷдаро ба ҷо меорад. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 23) 2. Тибқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) аз паси имом хондани сураи “Фотиҳа” ё дигар сураҳо ҷоиз нест, хоҳ намози ҷаҳрӣ бошад ё намози хуфя. Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳар касе имом дошта бошад, пас қироати имом барои ӯ низ қироат маҳсуб мешавад». (Ривояти Ибни Моҷа; “Мухтасарул-виқоя”, с. 15-17) 

2017-03-16
3168
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

09.01.2025

أكثر
الفجر06:07
الظهر12:40
العصر15:28
المغرب17:25
العشاء18:55