الصفحة الرئيسية الأخبار Ҳифзи сулҳу субот ва иҷтиноб аз душманони миллат

Ҳифзи сулҳу субот ва иҷтиноб аз душманони миллат

Ҳифзи сулҳу субот ва иҷтиноб аз душманони миллат
2015-10-02
5660

Имрӯз дар масҷиди марказии ба номи Ҳоҷӣ Яъқуби ш. Душанбе раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррами Абдуқодирзода дар хутбаи намози ҷумъа оиди мавзӯи «Ҳифзи сулҳу субот ва иҷтиноб аз душманони миллат» суханронӣ намуд. Мавсуф аз ҳаводисе, ки дар кишварҳои исломӣ рух дода истодааст, ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ҳифзи сулҳу субот ва худдорӣ аз фитнаву тавтеаҳо барои ҳар фарди мусулмон лозиму ҳатмӣ аст.

Номбурда изҳор дошт, ки кишварҳои абарқудрат бо пиёда кардани ҷангу нооромиҳо сарватҳои ин кишварҳоро аз худ намуда, ҳамзамон яроқу аслиҳаи худро мефурӯшанд, аммо мардуми мусалмон ба бадбахтию сарсонӣ гирифтор мешаванд. Имрӯз мебинем, ки баъзе гурӯҳҳо аз хориҷ маблағгузорӣ шуда, дар байни мусулмонон заминаи фитнаву нооромиро фароҳам месозанд. Аммо алҳамду лиллоҳ, аксарияти мардуми азизи кишвари мо дарк намудааанд, ки мусулмонкушӣ ба ҷуз азобу бадбахтӣ натиҷае надорад.

Хутбаи ҷумъа бо дуои намозгузорон дар ҳаққи мардуми кишвар анҷом ёфт.

أخبار أخرى

وقت الصلاة في طاجيكستان

01.07.2026

أكثر
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

أكثر