ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР 6-УМИН ХОНИШИ ЮҲАННОГИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР 6-УМИН ХОНИШИ ЮҲАННОГИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Рӯзи 12-уми апрели соли 2024 Епархияи Калисои Православии Рус дар Тоҷикистон 6-умин хониши юҳанногии байналмилалии худро дар мавзӯи “Масеҳият, Ислом ва фарҳанги рус: талафот ва бурду бохти гузашта ва нақшаҳо дар оянда” – ро баргузор намуд. Чорабинии мазкур дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия баргузор гардид, ки дар кори он Саидмукаррам Абдуқодирзода-Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ширкат ва дар мавзӯи «Ҳифзи арзишҳои оилавӣ аз нигоҳи динӣ» суханронӣ намуданд.
Мавсуф зимни баромади худ қайд намуданд, ки оила як ҷузъи ҳаққи мардум ба зиндагии иҷтимоист, чунин ба назар мерасад, ки устувории бунёди ахлоқӣ ва танзими суннатҳо ва расму ойинҳои оиладорӣ бояд як амри табиӣ бошад ва гӯё ниёзе ба таъкид надорад. Аммо ҳамин ки масъалаи фавқ аз дидгоҳи фарохтар дар ҷаҳони муосир бознигарӣ мешавад, аҳамияти таваҷҷуҳ додан ба масъалаи фарҳанги оиладорӣ ва дар ин замина ҳалли масоили ахлоқу маънавиёт, таълиму тарбияи фарзандон ва масъулияти соҳибони оилаҳо дар пешрафти ҷомеа бештар ва амиқтар мегардад.
Инчунин қайд намуданд, ки аз нигоҳи дини мубини Ислом, оила на фақат асоси зиндагии иҷтимоӣ, балки воситаи муҳими пок нигоҳ доштани ахлоқу маънавият низ ҳаст. Инро низ зикр карданд, ки дини мубини Ислом таъкид бар он мекунад, ки инсон бояд ҳадафи офариниши худро бидонад ва мақсади зиндагии хешро пайдо кунад. Дини Ислом хоҳони он аст, ки ҳамзистии нек байни башарият бояд пойдор бошад. Ҳар кӣ худро шинохт, Худоро низ хоҳад шинохт.
أخبار أخرى
РАФТИ ТАМОШОИ ИРОАИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРКАЗИ ИСЛОМӢ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУЛҚОДИРЗОДА, РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
أكثرخطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
أكثر


