Главная Новости ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР 6-УМИН ХОНИШИ ЮҲАННОГИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР 6-УМИН ХОНИШИ ЮҲАННОГИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР 6-УМИН ХОНИШИ ЮҲАННОГИИ  БАЙНАЛМИЛАЛӢ
2024-04-17
2098

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР 6-УМИН ХОНИШИ ЮҲАННОГИИ  БАЙНАЛМИЛАЛӢ

       Рӯзи 12-уми апрели соли 2024 Епархияи Калисои Православии Рус дар Тоҷикистон 6-умин хониши юҳанногии  байналмилалии худро дар мавзӯи “Масеҳият, Ислом ва фарҳанги рус: талафот ва бурду бохти гузашта ва нақшаҳо дар оянда” – ро баргузор намуд. Чорабинии мазкур дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия баргузор гардид, ки дар кори он Саидмукаррам Абдуқодирзода-Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ширкат ва дар мавзӯи «Ҳифзи арзишҳои оилавӣ аз нигоҳи динӣ» суханронӣ намуданд.

Мавсуф зимни баромади худ қайд намуданд, ки оила як ҷузъи ҳаққи мардум ба зиндагии иҷтимоист, чунин ба назар мерасад, ки устувории бунёди ахлоқӣ ва танзими суннатҳо ва расму ойинҳои оиладорӣ бояд як амри табиӣ бошад ва гӯё ниёзе ба таъкид надорад. Аммо ҳамин ки масъалаи фавқ аз дидгоҳи фарохтар дар ҷаҳони муосир бознигарӣ мешавад, аҳамияти таваҷҷуҳ додан ба масъалаи фарҳанги оиладорӣ ва дар ин замина ҳалли масоили ахлоқу маънавиёт, таълиму тарбияи фарзандон ва масъулияти соҳибони оилаҳо дар пешрафти ҷомеа бештар ва амиқтар мегардад.

Инчунин қайд намуданд, ки аз нигоҳи дини мубини Ислом, оила на фақат асоси зиндагии иҷтимоӣ, балки воситаи муҳими пок нигоҳ доштани ахлоқу маънавият низ ҳаст. Инро низ зикр карданд, ки дини мубини Ислом таъкид  бар он мекунад, ки  инсон бояд  ҳадафи офариниши  худро бидонад ва мақсади  зиндагии хешро пайдо кунад.  Дини  Ислом хоҳони он аст, ки  ҳамзистии нек  байни башарият бояд пойдор бошад. Ҳар кӣ худро шинохт, Худоро  низ хоҳад шинохт.

Время намаза в Душанбе

01.06.2025

Подробнее
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Подробнее