الصفحة الرئيسية الأخبار ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ЗЕРИ УНВОНИ “СИЁСИСОЗИИ ИСЛОМ ВА ХАТАРИ ОН БА АМНИЯТИ СИЁСӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА”

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ЗЕРИ УНВОНИ “СИЁСИСОЗИИ ИСЛОМ ВА ХАТАРИ ОН БА АМНИЯТИ СИЁСӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА”

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ЗЕРИ УНВОНИ “СИЁСИСОЗИИ ИСЛОМ ВА ХАТАРИ ОН БА АМНИЯТИ СИЁСӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА”
2026-07-04
22

    Рӯзи 3-юми июли соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо ибтикори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ зери унвони “Сиёсисозии ислом ва хатари он ба амнияти сиёсӣ ва суботи ҷомеа” баргузор гардид.

        Дар кори ҳамоиши мазкур Саидмукаррам Абдуқодирзода иштирок ва дар мавзӯи “Дурнамои муносибати давлати демократӣ ва миллӣ бо дин” баромади пурмуҳтаво намуданд.

        Зимни баромади худ мавсуф қайд намуданд, ки муносибати давлат ва дин яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди арзишҳои демократӣ, давлатҳои миллӣ кӯшиш мекунанд, ки байни озодии виҷдон, эҳтироми арзишҳои динӣ ва ҳифзи манфиатҳои умумимиллӣ тавозунро нигоҳ доранд.

Инчунин қайд намуданд, ки бо таваҷҷуҳ ба таълимоти Қуръон ва суннат метавон гуфт, ки муносибати созанда ва мутавозини давлати демократӣ ва миллӣ бо дини мубини Ислом барои ҷомеа манфиатҳои зиёде дорад. Ин муносибат ба таҳкими адолат, рушди фарҳанги машварат, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳифзи сулҳу субот ва баланд бардоштани масъулиятшиносӣ мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, ҳамкорӣ миёни давлат ва ниҳодҳои динӣ, дар доираи қонун ва манфиатҳои миллӣ, метавонад омили муҳими рушди устувор ва ваҳдати ҷомеа бошад. Танҳо тавассути ҳамоҳангии манфиатҳои давлатӣ ва арзишҳои волои динӣ метавон ҷомеаи устувор, пешрафта ва маънавиро бунёд намуд.

أخبار أخرى

وقت الصلاة في طاجيكستان

04.07.2026

أكثر
الفجر03:29
الظهر12:40
العصر18:03
المغرب20:03
العشاء21:33
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

أكثر