Мусулмонон зидди гурӯҳбандии динӣ ва ҳизбҳои ба ном исломӣ
Чунин буд мавзӯи хутбаи сархатиби масҷиди марказии ба номи Ҳоҷӣ Яъқуби ш. Душанбе домулло Саидакбар Яъқубов, ки рӯзи 21 августи соли ҷорӣ қабл аз намози ҷумъа барои намозгузорон пешниҳод кард.
Домулло зимни суханронии худ баён дошт, ки Ислом дини ваҳдату якдилӣ буда, ҳар гуна нифоқу тафриқа, ҷудо шудан ба ҳар навъ гурӯҳу равияҳои ихтилофангез ва ҳизбҳои бо ном исломӣ, ки аслан ҳадафҳояшон манфиатҳои сиёсӣ ва хусусист, қатъиян маҳкум менамояд.
Сархатиби масҷиди марказии шаҳри Душанбе ҳамчунин таваҷҷӯҳи намозгузоронро ба пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва равияву ҷараёнҳои ифротӣ, ки дар навбати худ аз сабаби нодонию ҷаҳолат боиси рехтани хуни ҳазорон инсонҳои бегуноҳ ва харобии садҳо шаҳру деҳаҳо мегарданд, ҷалб сохт.
Домулло мардумро панд гуфт, то имкон доранд барои пешгирӣ намудани ҷавонон аз пайвастан ба ҳизбу ҳаракат ва ҷараёнҳои ихтилофангезу ифротӣ саъй кунанд ва шукри ободии Ватанро ба ҷо оварда, ба ваҳдату якпорчагӣ ва сулҳу ободӣ бикӯшанд.
أخبار أخرى
МУКОФОТИ ҶАШНӢ - ДАВЛАТӢ БА ИФТИХОРИ 35-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА
Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШУРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИТОҶИКИСТОН ДАР МУЛОҚОТ БО СОКИНОН ВА ФАЪОЛОНИ Н. МУЪМИНОБОДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
أكثرخطاب رئيس المركز الإسلامي
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
أكثر


