Главная Новости Мусулмонон зидди гурӯҳбандии динӣ ва ҳизбҳои ба ном исломӣ

Мусулмонон зидди гурӯҳбандии динӣ ва ҳизбҳои ба ном исломӣ

Мусулмонон зидди гурӯҳбандии динӣ  ва ҳизбҳои ба ном исломӣ
2015-08-21
5378

Чунин буд мавзӯи хутбаи сархатиби масҷиди марказии ба номи Ҳоҷӣ Яъқуби ш. Душанбе домулло Саидакбар Яъқубов, ки рӯзи 21 августи соли ҷорӣ қабл аз намози ҷумъа барои намозгузорон пешниҳод кард.  

Домулло зимни суханронии худ баён дошт, ки Ислом дини ваҳдату якдилӣ буда, ҳар гуна нифоқу тафриқа, ҷудо шудан ба ҳар навъ гурӯҳу равияҳои ихтилофангез ва ҳизбҳои бо ном исломӣ, ки аслан ҳадафҳояшон манфиатҳои сиёсӣ ва хусусист, қатъиян маҳкум менамояд.

Сархатиби масҷиди марказии шаҳри Душанбе ҳамчунин таваҷҷӯҳи намозгузоронро ба пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва равияву ҷараёнҳои ифротӣ, ки дар навбати худ аз сабаби нодонию ҷаҳолат боиси рехтани хуни ҳазорон инсонҳои бегуноҳ ва харобии садҳо шаҳру деҳаҳо мегарданд, ҷалб сохт.

Домулло мардумро панд гуфт, то имкон доранд барои пешгирӣ намудани  ҷавонон аз пайвастан ба ҳизбу ҳаракат ва ҷараёнҳои ихтилофангезу ифротӣ саъй кунанд ва шукри ободии Ватанро ба ҷо оварда, ба ваҳдату якпорчагӣ ва сулҳу ободӣ бикӯшанд. 

Время намаза в Душанбе

17.05.2026

Подробнее
Фаджр03:36
Зухр12:40
Аср17:36
Магриб19:42
Иша21:12
Выступления Президента
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Подробнее