الصفحة الرئيسية الأخبار Қадрдонии неъмати истиқлолият

Қадрдонии неъмати истиқлолият

Қадрдонии неъмати истиқлолият
2015-09-04
4767

Имрӯз Раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррами Абдуқодирзода дар масҷиди марказии ба номи Ҳоҷӣ Яъқуби ш. Душанбе дар хутбаи намози ҷумъа доир ба мавзӯи «Ватандӯстӣ ва қадрдонии неъмати истиқлолият» суханронӣ намуд.

Номбурда аз аҳволи сахту ногувори солҳои нооромӣ ёдовар шуда, қайд намуд, ки имрӯз ба шарофати амну оромӣ саросарӣ кишвар рушду тараққӣ намуда, даҳҳо иншооту сохтмонҳои азим сохта ба истифода дода шуданд. Агар солҳои пеш рафтуомад машаққати бисёр дошт, акнун шароити сафар бисёр осон шудааст. Ҳарчанд 15 соли аввали истиқлолият сарфи ҷанҷолу кашмокашиҳо ҳам гардида бошад, бо ҷаҳду кӯшишҳои давлату ҳукумат ва мардуми бонангу номуси кишварамон дар қатори мамолики рӯ ба тараққӣ қарор дорад. Худо хоҳад дар солҳои наздик неругоҳи барқии Роғун ба кор хоҳад даромад. Агар имрӯз мардуми ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба дигар кишварҳо мераванд, пас аз сохта шудани нерӯгоҳ аз дигар кишварҳо барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин ҷо хоҳанд омад.

Яке аз самараҳои дигари истиқлолият ва оромӣ ин аст, ки бузургтарин масҷид дар кишвари мо бунёд мегардад ва бояд ин неъматро шукр гуфт.

Мавсуф дар охири суханронии худ тарбияти фарзандон таъкид намуда, изҳор дошт, ки ҳар падаре бояд фарзанди худро ба роҳи рост роҳнамоӣ кунад. Марди боору  номус падари комёб шуда метавонад, миллати бо нангу номус давлати орому ободу пешрафта дошта метавонад.

Хутбаи ҷумъа бо дуои дастаҷамъии намозгузорон дар ҳаққи тамоми мардуми кишвар ва мусалмонон ба поён расид.   

أخبار أخرى

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.11.2024

أكثر
الفجر05:40
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:09
العشاء18:39
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر