Қадрдонии неъмати истиқлолият
Имрӯз Раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррами Абдуқодирзода дар масҷиди марказии ба номи Ҳоҷӣ Яъқуби ш. Душанбе дар хутбаи намози ҷумъа доир ба мавзӯи «Ватандӯстӣ ва қадрдонии неъмати истиқлолият» суханронӣ намуд.
Номбурда аз аҳволи сахту ногувори солҳои нооромӣ ёдовар шуда, қайд намуд, ки имрӯз ба шарофати амну оромӣ саросарӣ кишвар рушду тараққӣ намуда, даҳҳо иншооту сохтмонҳои азим сохта ба истифода дода шуданд. Агар солҳои пеш рафтуомад машаққати бисёр дошт, акнун шароити сафар бисёр осон шудааст. Ҳарчанд 15 соли аввали истиқлолият сарфи ҷанҷолу кашмокашиҳо ҳам гардида бошад, бо ҷаҳду кӯшишҳои давлату ҳукумат ва мардуми бонангу номуси кишварамон дар қатори мамолики рӯ ба тараққӣ қарор дорад. Худо хоҳад дар солҳои наздик неругоҳи барқии Роғун ба кор хоҳад даромад. Агар имрӯз мардуми ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба дигар кишварҳо мераванд, пас аз сохта шудани нерӯгоҳ аз дигар кишварҳо барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин ҷо хоҳанд омад.
Яке аз самараҳои дигари истиқлолият ва оромӣ ин аст, ки бузургтарин масҷид дар кишвари мо бунёд мегардад ва бояд ин неъматро шукр гуфт.
Мавсуф дар охири суханронии худ тарбияти фарзандон таъкид намуда, изҳор дошт, ки ҳар падаре бояд фарзанди худро ба роҳи рост роҳнамоӣ кунад. Марди боору номус падари комёб шуда метавонад, миллати бо нангу номус давлати орому ободу пешрафта дошта метавонад.
Хутбаи ҷумъа бо дуои дастаҷамъии намозгузорон дар ҳаққи тамоми мардуми кишвар ва мусалмонон ба поён расид.
More news
Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намози Ҷумъа дар Масҷиди Ҷомеи Имом Бухорӣ иштирок намуданд
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии тамаддуни исломӣ Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муфтии кишвар муҳтарам Саидмукаррам Абдуқодирзода бо имом ва хатиби Масҷидулҳаром, Шайх доктор Солеҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳумайд мулоқот намуданд.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ЗЕРИ УНВОНИ “СИЁСИСОЗИИ ИСЛОМ ВА ХАТАРИ ОН БА АМНИЯТИ СИЁСӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА”
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
MoreSpeeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
More


