الصفحة الرئيسية الأخبار ИШТИРОКИ РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР СЕМИНАРИ “ВАҲДАТ-ОМИЛИ ЯГОНАГӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА” ДАР ВМКБ

ИШТИРОКИ РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР СЕМИНАРИ “ВАҲДАТ-ОМИЛИ ЯГОНАГӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА” ДАР ВМКБ

ИШТИРОКИ РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР СЕМИНАРИ “ВАҲДАТ-ОМИЛИ ЯГОНАГӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА” ДАР ВМКБ
2019-07-25
4917

Рўзҳои 15-20-уми июл Раиси Маркази исломӣ бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сафар намуд. Дар доираи ин сафар Раиси Маркази исломӣ дар семинар-ҳамоиши “Ваҳдат-омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа”, ки дар мавзеи Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар семинари мазкур Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сулаймон,  директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода ва сархатибону имомхатибони дигар шаҳру навоҳии мамлакат низ иштирок намуданд. Раиси Маркази исломииҶумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода баён дошт, ки  маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат  аст, ки имрӯз  дар ҷумҳурӣ намояндагони  дину мазҳабҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда озодона фаъолият намуда, баҳри таҳкими Ваҳдати миллӣ ва  якпорчагии Тоҷикистон  заминаи комил бунёд мекунанд.Агар дар даврони Шӯравӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 29 нафар ба  ҳаҷ  рафта бошанд, дар даврони соҳибистиқлолӣ соле  беш аз шаш ҳазор нафар Маккаи мукаррамаро зиёрат мекунанд. Гузашта аз он, бунёди Масҷиди  калонтарини дунё дар пойтахти мамлакат, Маркази Исмоилия дар шаҳри Душанбе ва Ҷамоатхонаи зебо дар шаҳри Хоруғ далели онанд, ки дар Тоҷикистон  баробарии комили пайравони адёну мазоҳиби гуногун таъмин аст. Чунин ҳамоишу нишастҳо, гуфтугӯи рӯ ба рӯи ходимони дин,  муколамаи мустақим байни  пайравони адёни мухталиф решаи ҳамдигарфаҳмӣ ва  таҳаммулпазириро дар ҷомеа мустаҳкам мегардонад.  Хусусан баргузор кардани чунин мулоқот дар байни рӯҳониёни  мазҳаби ҳанафӣ ва исмоилия ба манфиати пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, ягонагии мамлакат ва дар маҷмӯъ, рушду нумӯи Тоҷикистон мебошад. Имрӯз ҳама бояд даст ба даст дода, ваҳдати миллиро ҳифз намоем.

Инчунин  дар ҳамоиши мазкур  Раиси намояндагии  Институти  инъикоси  ҷанг ва сулҳ дар Осиёи Марказӣ Абахон Султонназаров,   котиби Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбек Маҳрамбеков  иштирок намуда, доир ба масъалаҳои   пешгирӣ аз паҳн кардани  маводи экстремистию ифротӣ, хусуматҳои динӣ, ҳамгироӣ ва  хатарҳои эҳтимолии экстремизму  терроризм ба амнияти миллӣ   изҳори ақида намуданд.

أخبار أخرى

وقت الصلاة في طاجيكستان

18.12.2024

أكثر
الفجر05:59
الظهر12:40
العصر15:13
المغرب17:11
العشاء18:41
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر