ИШТИРОКИ РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР СЕМИНАРИ “ВАҲДАТ-ОМИЛИ ЯГОНАГӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА” ДАР ВМКБ
Рўзҳои 15-20-уми июл Раиси Маркази исломӣ бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сафар намуд. Дар доираи ин сафар Раиси Маркази исломӣ дар семинар-ҳамоиши “Ваҳдат-омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа”, ки дар мавзеи Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар семинари мазкур Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сулаймон, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода ва сархатибону имомхатибони дигар шаҳру навоҳии мамлакат низ иштирок намуданд. Раиси Маркази исломииҶумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода баён дошт, ки маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат аст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ намояндагони дину мазҳабҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда озодона фаъолият намуда, баҳри таҳкими Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистон заминаи комил бунёд мекунанд.Агар дар даврони Шӯравӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 29 нафар ба ҳаҷ рафта бошанд, дар даврони соҳибистиқлолӣ соле беш аз шаш ҳазор нафар Маккаи мукаррамаро зиёрат мекунанд. Гузашта аз он, бунёди Масҷиди калонтарини дунё дар пойтахти мамлакат, Маркази Исмоилия дар шаҳри Душанбе ва Ҷамоатхонаи зебо дар шаҳри Хоруғ далели онанд, ки дар Тоҷикистон баробарии комили пайравони адёну мазоҳиби гуногун таъмин аст. Чунин ҳамоишу нишастҳо, гуфтугӯи рӯ ба рӯи ходимони дин, муколамаи мустақим байни пайравони адёни мухталиф решаи ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазириро дар ҷомеа мустаҳкам мегардонад. Хусусан баргузор кардани чунин мулоқот дар байни рӯҳониёни мазҳаби ҳанафӣ ва исмоилия ба манфиати пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, ягонагии мамлакат ва дар маҷмӯъ, рушду нумӯи Тоҷикистон мебошад. Имрӯз ҳама бояд даст ба даст дода, ваҳдати миллиро ҳифз намоем.
Инчунин дар ҳамоиши мазкур Раиси намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Осиёи Марказӣ Абахон Султонназаров, котиби Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбек Маҳрамбеков иштирок намуда, доир ба масъалаҳои пешгирӣ аз паҳн кардани маводи экстремистию ифротӣ, хусуматҳои динӣ, ҳамгироӣ ва хатарҳои эҳтимолии экстремизму терроризм ба амнияти миллӣ изҳори ақида намуданд.
Дигар хабарҳо
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ «КОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАФИЛИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ШАХСӢ» (БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ҚОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми донишманди адабу дин устоди гиромӣ Абдушариф Боқизода андўҳгин буда, ба аҳли хонадону пайвандонашон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ баён медорад.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА – РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВӢ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗЎИ «НАҚШИ АРЗИШҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ МАҶОЗӢ ДАР МАВЗЎИ «ҲАМСОЯГИИ НЕКИ ФАРҲАНГҲО ДАР АСРИ 21 ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ» (14-ум август-қазоқистон)
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар