Home Articles Шукрона баракат дорад

Шукрона баракат дорад

Шукрона баракат дорад
2019-08-01
1808

Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву неруманд гардондани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем.  
 

Эмомалӣ РАҲМОН

Миллати бофарҳангу тамаддунофари тоҷик анъанаҳои неку волои ниёгони хешро ҳифз намуда, имрӯзҳо бо тарҳрезию корбаст намудани арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва сиёсию фарҳангӣ дар ҷодаи устувор намудани ваҳдати миллӣ, таъмини амнияту осоиш, якдигарфаҳмиву сулҳу оромӣ қадами устувор гузошта, ба фатҳи қуллаҳои мақсуд ноил гашта истодааст. Ба чунин комёбиҳо ноил гаштани миллати тоҷикро  таърихи башарият ёд надорад.
Мо сад  шукр аз он дорем, ки ваҳдати миллӣ дар сарзамини биҳиштосоямон тавассути ҷидду ҷаҳд ва кӯшишу талошҳои зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдор шуд ва рӯз ба рӯз мустаҳкаму қавитар гашта истодааст.
Ҳеҷ ҷои шакку шубҳа нест, ки сиёсати пешгирифта ва таҷрибашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ростои сулҳу ваҳдат ва гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ на танҳо сокинони Ватани азизамон хуш қабул намуданд, балки  дигар мамлакатҳои хурду бузурги тамоми дунё тарафдорӣ менамоянд. Ин сиёсат бори дигар исбот намуд, ки миллати тамаддунофари тоҷик сулҳдӯст буду сулҳдӯст мемонад.
Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тамаддунофари тоҷик аз қадимулайём дар ҳама давру замон ваҳдатгарою сулҳпарвар буд. Тоҷикон ҳеҷ гоҳ ба сари халқу миллате шамшер набардоштаанд ва ҳеҷ гоҳ шаҳреву деҳотеро ғасб накардаанд. 
Кунун мо дар мамлакати рушду тараққикардаистода умр ба сар мебарем.Тавассути  ҷаҳду  талошҳои пайгиронаи ин марди хирадманду маорифпарвар мо соҳибдавлату комилҳуқуқ гардидем.
Вазифаи мо, аҳли маориф ва илм, аз он иборат аст, ки музаффариятҳои кишвари маҳбубамонро ҳифз намоему баҳри амалӣ намудани ниятҳои неки Сарвари давлатамон тамоми донишу неруи худро равона созем. Нагузорем, ки ҷаҳони маънавии ҷавонони моро касе заҳролуд созад ва ҷаҳд бар он намоем, ки  онҳоро аз гаравидан ба ҳизбу равияҳои гуногуни номатлуб эмин дорем.
 Шукронаи ҷумҳурии озодамон, шукронаи зиндагии хушу гуворо ва орому осудаамонро бояд намоем. Шукри онро низ бояд бикунем, ки Худованди меҳрубон ба мо чунин Роҳбари хирадманду сарзамини биҳиштосоро ато кардааст. Ва ниҳоят бояд шукри ваҳдати миллию шукри дӯстию бародариро намоем.
Садбарг ШЕРАЛИЕВА,  устоди Донишгоҳи  давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ,  номзади илмҳои филология

Pray time in Dushanbe

27.11.2024

More
Fajr05:42
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More