Home Articles АНДЕШАҲОИ ЗАИФ ХАТАР БА ҶОМЕА АСТ!

АНДЕШАҲОИ ЗАИФ ХАТАР БА ҶОМЕА АСТ!

АНДЕШАҲОИ ЗАИФ ХАТАР БА ҶОМЕА АСТ!
2019-09-20
1870

Нашр шуд korbar - пт, 09/20/2019 - 08:14

Баъд аз хондани хабарҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз рафти нишастҳои солонаи САҲА дар Варшава боз ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки Кабирӣ ва пайравони бесаводи ӯ натанҳо бефаҳманд, ки дар фикри онҳо андешаҳои заифу хатарзо барои ҷомеа дида мешавад. Ман аз як чи ҳайронам, ки чаро баъд аз исботи хиёнати Кабириву наҳзатиён дар нишастҳои қаблии САҲА аз ҷониби намояндагони Тоҷикистон боз ин ташкилоти байналмилалӣ онҳоро ба нишастҳои расмӣ даъват мекунанд ва илова бар ин барои онҳо иҷозати сухан намудан медиҳанд.

          Ҳол он ки хиёнатҳои ТЭТ ҲНИ-ро на танҳо Тоҷикистон, балки аксари давлатҳои исломӣ эътироф кардаанд. Бояд таъкид ба он намуд, ки донишмандони Мисрӣ дар ин росто таъкид ба он намуданд, ки сифати “Хавориҷ” бар созмони «Ихвон-ул-муслимин» ва қанотҳои хориҷии он Ҳизби наҳзати ислом, ки ҳамеша дар талоши таъсиси як нерӯи опозитсионии зиддиҳукуматӣ ҳастанд, амалӣ мегардад. Ин созмонҳо ҷавононро бо идеологияи тундгарои худ ҷалб намуда, ояту ҳадисҳоро ба онҳо нодуруст шарҳу эзоҳ медиҳанд. Аъзоёни «Ихвон-ул-муслимин» ва ТТЭ ҲНИ танҳо он оёту ҳадисҳоеро, ки ба пешбурди фаъолияти ифротиашон мусоидат мекунад, интихоб карда, ба ҷавонон таълим медиҳад. 

         Бояд ёдовар шуд, ки принсипи наҳзатиён гумроҳкунӣ, контрол ва решкан намудани ақидаҳо буда, бо ягон барномаҳои илмӣ амал намекунанд. Онҳо аз таҳаммулпазирии Ислом ва фаҳмиши дурусти он дурӣ меҷӯянд. Хулоса, бояд ташкилотҳои байналмилалӣ хусусан САҲА дар хотир дошта бошанд, ки андешаву афкори Кабирӣ ва атрофиёни онҳо натанҳо барои Тоҷикистон, балки барои Афрупо низ хатарзо мебошад ва онҳо ҳеҷ вақт дар пайи ободию оромии мардум набуданд ва нестанд!!!

Хушмаҳмад Муҳиддинов,

корманди Маркази исломии Тоҷикистон

Pray time in Dushanbe

27.11.2024

More
Fajr05:42
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More