АНДЕШАҲОИ ЗАИФ ХАТАР БА ҶОМЕА АСТ!
Нашр шуд korbar - пт, 09/20/2019 - 08:14
Баъд аз хондани хабарҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз рафти нишастҳои солонаи САҲА дар Варшава боз ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки Кабирӣ ва пайравони бесаводи ӯ натанҳо бефаҳманд, ки дар фикри онҳо андешаҳои заифу хатарзо барои ҷомеа дида мешавад. Ман аз як чи ҳайронам, ки чаро баъд аз исботи хиёнати Кабириву наҳзатиён дар нишастҳои қаблии САҲА аз ҷониби намояндагони Тоҷикистон боз ин ташкилоти байналмилалӣ онҳоро ба нишастҳои расмӣ даъват мекунанд ва илова бар ин барои онҳо иҷозати сухан намудан медиҳанд.
Ҳол он ки хиёнатҳои ТЭТ ҲНИ-ро на танҳо Тоҷикистон, балки аксари давлатҳои исломӣ эътироф кардаанд. Бояд таъкид ба он намуд, ки донишмандони Мисрӣ дар ин росто таъкид ба он намуданд, ки сифати “Хавориҷ” бар созмони «Ихвон-ул-муслимин» ва қанотҳои хориҷии он Ҳизби наҳзати ислом, ки ҳамеша дар талоши таъсиси як нерӯи опозитсионии зиддиҳукуматӣ ҳастанд, амалӣ мегардад. Ин созмонҳо ҷавононро бо идеологияи тундгарои худ ҷалб намуда, ояту ҳадисҳоро ба онҳо нодуруст шарҳу эзоҳ медиҳанд. Аъзоёни «Ихвон-ул-муслимин» ва ТТЭ ҲНИ танҳо он оёту ҳадисҳоеро, ки ба пешбурди фаъолияти ифротиашон мусоидат мекунад, интихоб карда, ба ҷавонон таълим медиҳад.
Бояд ёдовар шуд, ки принсипи наҳзатиён гумроҳкунӣ, контрол ва решкан намудани ақидаҳо буда, бо ягон барномаҳои илмӣ амал намекунанд. Онҳо аз таҳаммулпазирии Ислом ва фаҳмиши дурусти он дурӣ меҷӯянд. Хулоса, бояд ташкилотҳои байналмилалӣ хусусан САҲА дар хотир дошта бошанд, ки андешаву афкори Кабирӣ ва атрофиёни онҳо натанҳо барои Тоҷикистон, балки барои Афрупо низ хатарзо мебошад ва онҳо ҳеҷ вақт дар пайи ободию оромии мардум набуданд ва нестанд!!!
Хушмаҳмад Муҳиддинов,
корманди Маркази исломии Тоҷикистон
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар