Асосӣ Мақолаҳо ФАЗИЛАТИ САДАҚАИ ҶОРИЯ ВА САВОБИ БУНЁДКОРИВУ ОБОДОНӢ

ФАЗИЛАТИ САДАҚАИ ҶОРИЯ ВА САВОБИ БУНЁДКОРИВУ ОБОДОНӢ

ФАЗИЛАТИ САДАҚАИ ҶОРИЯ ВА САВОБИ БУНЁДКОРИВУ ОБОДОНӢ
2026-11-16
4

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

ҳамду ситоиш Худоро, ки дунёро киштгоҳи охират гардонда ва бандагонро ба ғаниматшумории вақтҳои он ташвиқ карда. Гувоҳӣ медиҳам, ки ҷуз Аллоҳи беҳамто, ки тамоми неъматҳои зоҳиру ниҳонро бар мо бахшида, ҳеҷ маъбуде вуҷуд надорад ва низ ба бандаву Паёмбар будани ҳазрати Муҳаммад (с), ки дорои мўъҷизаҳои қавӣ буданд, гувоҳӣ медиҳам. Дуруду саломҳои Худо бар Ҳазрати Муҳаммаду хонадону ёронаш бод.

Дар таълимоти дини мубини Ислом садақа, эҳсонкорӣ, ободонӣ ва корҳои хайр аз ҷумлаи амалҳои писандида ва дорои арзиши баланди маънавӣ ба шумор мераванд. Инсон дар зиндагии худ бо анҷом додани корҳои нек на танҳо ба дигарон манфиат мерасонад, балки барои дунё ва охирати хеш низ баракат ва захираи савоб омода месозад. Бояд бидонем, ки инсон ҳар некие, ки ба дигарон мекунад, аз моли ӯ ҳеҷ чиз кам намешавад, балки аҷраш ба худаш бармегардад.

Яке аз амалҳои пурфазилат дар Ислом садақаи ҷория мебошад. Садақаи ҷория хайрест, ки манфиати он баъд аз анҷом ёфтани амали хайр низ идома меёбад ва то замоне ки мардум аз он баҳра мебаранд, савоби он ба шахси асосгузору хайркунанда мерасад.

Бунёди мактаб, беморхона, масҷид, роҳ, пул, кандани ҷӯйбор, сохтани иншооти обрасонӣ, шинонидани дарахтон ва дигар корҳои ободонӣ аз ҷумлаи амалҳое мебошанд, ки метавонанд дар доираи садақаи ҷория қарор гиранд.

Садақаи ҷория аз ду калима иборат буда, маънои садақаи давомдор ва хайреро дорад, ки манфиати он қатъ намегардад. Бар хилофи садақаи якдафъаина, ки метавонад танҳо дар як давраи муайян ба ниёзмандон ёрӣ расонад, садақаи ҷория дар тӯли солҳои зиёд ба ҷомеа манфиат меорад.

Дар ҳадиси машҳури Паёмбари Ислом (с) омадааст:

«Ҳангоме ки инсон вафот мекунад, амали ӯ қатъ мегардад, ба ҷуз аз се чиз: садақаи ҷория, илме, ки аз он манфиат гирифта мешавад ва фарзанди солеҳе, ки барои ӯ дуо мекунад». (Ривояти Имом Муслим).

Ин ҳадис баёнгари матлабҳои зерин мебошад, ки бо марги инсон амалаш қатъ мегардад ва ҷои амали ў муддати зиндагонии ў дар дунё мебошад. ҳамчунин, инсонро аз ғафлату бехабарӣ ҳушдор дода, ба ғанимат шумурдани тамоми лаҳзаҳои ҳаёт барои анҷом додани тоату ибодат ва корҳои нек тарғибу таълим медиҳад. Оятҳову ҳадисҳое, ки ба ғанимат шумурдани ҳаёти дунявӣ барои тоату ибодат ва дигар амалҳои хайр даъват мекунанд, ниҳоят зиёданд. ҳамин тавр, ҳадиси мазкур амалҳои хайре, ки нафъи он баъди марги соҳибашон идома меёбад, аз қатъ гардидан истисно менамояду мегўяд, ки баъзе амалҳои мондагоре ҳастанд, ки аҷри онҳо то рўзи қиёмат ба соҳибаш мерасад, ба шарте, ки мардум ва дигар махлуқот аз онҳо нафъ бибаранд. Аз ин рӯ, ҳар як шахси дорои имконият бояд кӯшиш намояд, ки дар зиндагӣ аз худ осори неку манфиатбахш боқӣ гузорад.

Қуръони карим инсонҳоро ба анҷом додани корҳои хайр, садақаву эҳсон ва ёрӣ ба ниёзмандон даъват менамояд.

Дар сураи Бақара, ояти 261, Худованди мутаъол мефармояд:

«Масали касоне, ки молҳои худро дар роҳи Худо инфоқ мекунанд, монанди донаест, ки ҳафт хӯша бирӯёнад ва дар ҳар хӯша сад дона бошад. Ва Худо барои ҳар касе, ки бихоҳад, чанд баробар меафзояд».

Ин оят баёнгари бузургии савоби инфоқ ва эҳсон дар роҳи Худованд мебошад. Аз ин бармеояд, ки сарф намудани молу дороӣ барои корҳои хайр, ободонии ҷомеа ва дастгирии ниёзмандон амали пурфазилат аст.

Ҳамчунин, дар сураи Оли Имрон, ояти 92 омадааст:

«Ҳаргиз ба некӣ намерасед, то аз он чӣ дӯст медоред, инфоқ кунед».

Ин оят аҳаммияти хайрхоҳӣ ва саховатмандиро таъкид намуда, инсонро ба гузашт кардан аз дороии дӯстдоштааш барои манфиати дигарон ҳидоят мекунад.

Ислом дини созандагӣ, покизагӣ, меҳнатдӯстӣ ва ободонӣ мебошад. Дар ин дин на танҳо ибодатҳои шахсӣ, балки амалҳое, ки ба беҳтар гардидани зиндагии мардум мусоидат мекунанд, дорои аҳаммияти бузурганд.

Бунёди мактаб, китобхона ва марказҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифат ва донишандӯзии наслҳои оянда мусоидат мекунад. Ҳар як хонандае, ки дар чунин муассиса дониш меомӯзад, аз манфиати ин амали хайр баҳра мебарад.

Кандани чоҳ, сохтани ҳавз ва гузаронидани қубурҳои обрасонӣ аз ҷумлаи корҳои пурқимати инсонпарварона мебошанд. Об сарчашмаи ҳаёт буда, дастрас намудани он ба мардум хизмати бузурги ҷамъиятӣ аст.

 Роҳсозӣ ва бунёди пулҳо барои осон гардидани рафтуомад, рушди иқтисодиёт ва беҳтар шудани муносибатҳои иҷтимоӣ аҳаммияти калон доранд. Чунин амалҳо метавонанд намунаи равшани хайрхоҳӣ ва хизмат ба ҷомеа бошанд.

         Сохтани беморхона, маркази саломатӣ ва дигар муассисаҳои тиббӣ барои ҳифзи саломатии мардум хизмати арзанда мебошад.

 Шинонидани дарахтон, бунёди боғҳо ва ҳифзи муҳити зист низ аз ҷумлаи корҳои савобнок мебошанд.

Дар ҳадиси Паёмбари Ислом (с), ки Имом Бухорӣ ва Имом Муслим ривоят кардаанд, омадааст, ки агар мусалмоне дарахте шинонад ё киште бикорад ва аз он инсон, паранда ё ҳайвоне бихӯрад, ин барои ӯ садақа ба ҳисоб меравад.

Ин ҳадис ба мо меомӯзонад, ки ҳатто як дарахти шинондашуда метавонад сарчашмаи хайру савоб гардад.

Ободонии Ватан танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ ё шахсони доро нест, балки масъулияти маънавӣ ва шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Ҳар шахс метавонад мувофиқи имконияти худ дар ободонии маҳалли зист, деҳа, ноҳия ва кишвар саҳм гузорад. Яке бо маблағ, дигаре бо меҳнат, сеюмӣ бо дониш ва таҷрибаи худ метавонад дар корҳои созандагӣ иштирок намояд.

Паёмбари Ислом (с) фармудаанд:

«Тоза нигоҳ доштани роҳ садақа аст».

Ин ҳадис нишон медиҳад, ки ҳатто тоза кардани роҳ, бартараф намудани монеаҳо аз роҳи мардум ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии дигарон амали нек ва савобнок мебошад.

Аз ин рӯ, ободонӣ набояд танҳо бо сохтмони иншооти бузург маҳдуд гардад. Покизагии кӯчаю маҳалла, нигоҳубини дарахтон, пок нигоҳ доштани ҷӯйи об, таъмири роҳҳо ва эҳтироми моликияти ҷамъиятӣ низ аз нишонаҳои фарҳанги баланди инсонӣ ба ҳисоб мераванд.

Яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи хайрхоҳӣ, саховатмандӣ, меҳнатдӯстӣ ва ободкорӣ мебошад.

Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки арзиши инсон на танҳо бо дороӣ ва мақоми иҷтимоӣ, балки бо корҳои нек, хизмати шоиста ва манфиате, ки ба дигарон мерасонад, муайян мегардад.

Агар падару модар фарзандони худро ба эҳсонкорӣ, эҳтироми калонсолон, дастгирии ятимону маъюбон ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ роҳнамоӣ намоянд, дар ҷомеа фарҳанги баланди инсонпарварӣ ташаккул меёбад.

Бунёди иншооти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ободу поек нигоҳ доштани масҷидҳо, дастгирии муассисаҳои таълимӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ на танҳо ба насли имрӯза, балки ба наслҳои оянда низ манфиат мерасонад.

Дар маҷмӯъ, садақаи ҷория ва бунёдкориву ободонӣ аз арзишҳои муҳими таълимоти дини мубини Ислом буда, барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, рушди ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши муассир доранд.

Ҳар як амали нек, ки бо нияти холисона ва барои ризои Худованд анҷом дода мешавад, метавонад дар назди Парвардигор арзишманд бошад. Инсон бояд кӯшиш намояд, ки аз худ осори нек, корҳои созанда ва номи нек боқӣ гузорад.

Бояд ҳамеша дар ёд дошт, ки бунёди мактаб барои донишомӯзӣ, сохтани масҷид барои мардуми мусалмон, сохтани роҳ барои осонии рафтуомад, таъмин намудани мардум бо оби нӯшокӣ, шинонидани дарахт ва дастгирии ниёзмандон танҳо як амали рӯзмарра нест, балки метавонад сармояи маънавии инсони мусалмон барои зиндагии охират гардад.

Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд дар доираи имкониятҳои худ ба корҳои хайр, эҳсонкорӣ, бунёдкорӣ ва ободонии Ватани азизамон саҳм гузорем. Зеро ҷомеаи обод аз инсонҳои хайрхоҳ, ватандӯст ва созанда ташаккул меёбад.

Обод кардани Ватан, дастгирии инсонҳо ва боқӣ гузоштани осори нек беҳтарин меросест, ки инсон метавонад аз худ ба ёдгор гузорад.

Худованди мутаъол ҳамаи моро дар анҷом додани корҳои хайр, садақаи ҷория ва ободонии Ватани азизамон муваффақ гардонад. Омин!

 

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:37
Пешин12:40
Аср15:28
Шом17:22
Хуфтан18:52
Суханронии Президент
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Муфассалтар