Home Articles ИҒВОГАРОНРО БОВАР НАМЕКУНЕМ

ИҒВОГАРОНРО БОВАР НАМЕКУНЕМ

ИҒВОГАРОНРО БОВАР НАМЕКУНЕМ
2019-09-27
2101

ИҒВОГАРОНРО БОВАР НАМЕКУНЕМ

Чандрӯз мешавад, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Лаҳистон шаҳри Варшава ҷаласаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон идома дорад. Дар ин ҷаласа аз аксари кишварҳои дунё намояндагон иштирок менамоянд. Дар баробари ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ авбошон ва хоиноне, ки ободии кишварро дида наметавонанд, низ иштирок намуда, худро ҳомии ҳуқуқ нишон доданӣ мешаванд.

Бояд гуфт, ки ин хоинони миллат мисли мор дар бағал худро дӯст нишон медиҳанд,  аммо дар воқеъ душманони ин миллат ва халқ буда, аз душмании хеш ҳоло ҳам тавбаву пушаймонӣ накардаанд.

Шукри Худованд, ки кишвари мо орому осуда аст. Мардум озодона кору фаъолият карда истодаанд. Дигар ба иғвогарону фитнаҷӯён бовар намекунем. Мо Ватанамон ва Пешвои Миллатамонро дӯст медорем.

Ба он хоинон гуфтаниам, ки мисли дигар роҳгумкардаҳое, ки изҳори пушаймонӣ карда мавриди авфи Роҳбари дилсӯзамон қарор гирифта, имрӯз озодона паи пешбурди зиндагӣ ҳастанд, аз миллат ва Пешвои Миллат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узрхоҳӣ намуда ба кишвар оеду паи зиндагии осуда шавед. Аз ин тафриқаандозиҳо ҳеҷ нафъе намебардоред.

Шарофиддин Фозилов,

Имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Имом Абӯҳанифаи ш. Ҳисор

Pray time in Dushanbe

27.11.2024

More
Fajr05:42
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More