Home Articles МУРОҶИАТ БА РОҲБАРОНИ САҲА: “ДӮСТРО АЗ ДУШМАН ФАРҚ КУНЕД”

МУРОҶИАТ БА РОҲБАРОНИ САҲА: “ДӮСТРО АЗ ДУШМАН ФАРҚ КУНЕД”

МУРОҶИАТ БА РОҲБАРОНИ САҲА: “ДӮСТРО АЗ ДУШМАН ФАРҚ КУНЕД”
2019-09-27
3059

Дар дунё ташкилотҳои байналхалқӣ зиёд мебошанд,баъзе ин ташкилотҳо тамоми фаъолияташон ба манфиати инсонҳои хайрхоҳи  рӯи замин равона карда мешавад,баъзе ташкилотҳо ҳастанд, ки тамоми фаъолияташон ба экстремизм ва терроризм равона карда мешавад.

Имрӯз ман намефаҳмам, ки "Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо" аз ҷумлаи кадомии инҳо  мебошад?
САҲА  худро ҳомии ҳуқуқи башар ва муборизи зидди экстремизм ва терроризм меҳисобад, дар асл бошад, ба  хилофи он амал мекунад. Мисоли равшани ин гуфтаҳо ҳамоишҳои баргузоринамудаи  ин ташкилот дар Варшава мебошад.
Возеҳу равшан аст, ки дар ин айём дар пойтахти Полша шаҳри  Варшава ҷаласаи навбатии ин созмон барпо мегардад ва иштироки аъзоёни ТЭТ  ҲНИ дар шинохти САҲА касро ба шубҳа меандозад.
Ман ҳамчун як ходими дин ба роҳбарони ин ташкилот муроҷиат карда мегӯям, ки шумо дӯсти Тоҷикистон ва миллати тоҷик ҳастед, ин террористони ватанфурӯшро дастгирӣ карда ба миллати тоҷик хиёнат накунед, баракс зидди экстремизм ва терроризм мубориза бурда, ин хиёнаткоронро аз Аврупои озод пеш кунед, ки қадами наҳси онҳо Аврупоро хароб накунад, ин ватанфурӯшон бояд ҷазои хиёнати худро гиранд.
 

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода,

сархатиби вилояти Суғд

Pray time in Dushanbe

11.06.2026

More
Fajr03:23
Zuhr12:40
Asr17:52
Maghrib19:58
Isha21:28
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

More