Фазоили Алӣ ибни Абӯтолиб (разияллоҳу анҳу)

Фазоили Алӣ ибни Абӯтолиб (разияллоҳу анҳу)
Аввалин касе, ки аз мардон ислом овардааст
Аз Муҳаммади Қуразӣ ривоят аст, ки гуфт: «Аввалин шахсе, ки ислом овард, Хадиҷа ва аввалин ду марде, ки ислом оварданд, Абӯбакр ва Алӣ буданд. Абӯбакр нахустин касе аст, ки исломи худро ошкор кард, Алӣ исломи худро аз бими падараш пинҳон медошт, то ин ки Абӯтолиб ӯро диду гуфт: «Ислом овардӣ?» Гуфт: «Оре» Гуфт: «Писарамакатро пуштибонӣ ва кӯмак кун». Алӣ пеш аз Абӯбакр имон оварда буд. («Сияру аъломин-нубало»)
Ӯро Худо ва Пайғамбараш дӯст медорад
Аз Саҳл ибни Саъд (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Фардо парчамро ба дасти марде хоҳам дод, ки Худованд ба дасти ӯ фатҳ медиҳад». Пас мардум он шаб дар ин гумон буданд, ки парчам ба кадом яке аз онҳо дода мешавад. Чун субҳ шуд, ҳама ба назди Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рафтанд ва ҳар яке умед дошт, ки парчам ба ӯ дода шавад. Ҳазрати Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид, ки Алӣ дар куҷост. Гуфтанд, ки чашмонаш дард мекунад. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд, то ӯро биёранд. Вақте ки омад, дар чашмонаш оби даҳонашро гузошта дуо кард, пас чашмонаш шифо ёфт, гӯё ки дарде дар он набуд. Пас парчамро ба ӯ дод. Алӣ гуфт: «Эй Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), бо онҳо меҷангам, то он даме ки мисли мо шаванд». Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: «Босабр бош, то он ки ба макони онҳо бирасӣ, сипас онҳоро ба дини Ислом даъват кун ва ба онҳо аз ҳуқуқи Худованд хабар бидеҳ, савганд ба Худо, агар Худованд мардеро ба дасти ту ҳидоят кунад, беҳтар аст барои ту аз ин ки шутурони сурхмӯ дошта бошӣ». (Бухорӣ).
Мақоми Алӣ (разияллоҳу анҳу) нисбат ба Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба монанди мақоми Ҳорун (а) нисбат ба Мӯсо (а) аст
Аз Саъд ривоят аст, ки Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Оё розӣ нестӣ, ки барои ман мисли Ҳорун ба нисбати Мӯсо бошӣ». (Бухорӣ)
Аз Саъд ибни Абӯваққос (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба тарафи Табук хориҷ шуданд ва дар Мадина Алиро ҷойнишин қарор дод. Ҳазрати Алӣ (разияллоҳу анҳу) гуфт: Оё маро бо занону кӯдакон мегузорӣ». Ҳазрати Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: «Оё розӣ нестӣ, ки барои ман мисли Ҳорун ба нисбати Мӯсо бошӣ, магар ин пас аз ман пайғамбаре нахоҳад буд». (Бухорӣ)
Аз Зурр ибни Ҳубайш ривоят аст, ки ҳазрати Алӣ (разияллоҳу анҳу) гуфт: «Қасам ба он зоте, ки донаро шикофта ва инсонро офаридааст, ҳамоно аҳди Пайғамбар барои ман ин буд, ки маро дӯст намедорад, магар мӯъмин ва маро бад намебинад, магар мунофиқ». (Насоӣ).
Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ башорати биҳишт дод
Аз Алӣ ибни Абӯтолиб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ман гуфт: «Ҳамоно барои ту ганҷе дар биҳишт омода аст». («Мусаннаф»-и Ибни Абӯшайба)
Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ лақаби «Абӯтуроб» дод
Аз Абдулазиз ибни Абӯҳозим ривоят аст, ки Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба хонаи Фотима (разияллоҳу анҳу) омад ва Алиро дар хона наёфт, пас гуфт: «Писарамакат дар куҷост?» Фотима гуфт: «Байнамон ҷанҷол шуд, пас бар ман хашм гирифта аз хона баромад ва назди ман нахобид». Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба шахсе гуфт: «Бирав, бубин, ки ӯ дар куҷост?» Он мард омада гуфт: «Эй Расули Худо, ӯ дар масҷид хоб аст». Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба назди ӯ омада дид, ки ба паҳлу дароз кашида, чодараш аз паҳлуяш афтодаву хоколуд шудааст. Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хокро аз паҳлуи ӯ меафшонд ва ба ӯ мегуфт: «Бархез эй Абӯтуроб, бархез эй Абӯтуроб». (Бухорӣ).
Алӣ аз фақеҳтарин саҳобагон буд
Аз Алӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) маро ба сӯи Яман фиристод, то дар байни онҳо қазоват кунам, пас гуфтам: «Эй Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ман дар бораи қазоват илм надорам». Пас Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо дасти муборакаш ба синаи ман заду гуфт: «Бор илоҳо, қалби ӯро ҳидоят кун ва забонашро рост гардон». Пас аз ин дуо дар қазоватам байни ду нафар ҳаргиз шак накардаам. (Мусаннафи ибни Абӯшайба).
Аз Абӯтуфайл (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: «Алиро дар аснои хутба дидам, ки мегуфт: «Аз ман бипурсед, савганд ба Худо, ки то қиёмат аз ҳар масъалае, ки маро бипурсед, онро ҷавоб хоҳам дод, маро аз Китоби Худо бипурсед, савганд ба Худо, ман ҳамаи оятҳоро медонам, ки кадом як дар шаб нозил шудааст ё дар рӯз, дар ҳамворӣ нозил шудааст ё дар кӯҳ».
Васияти Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Алӣ (разияллоҳу анҳу) ва ҳамсараш Фотима (разияллоҳу анҳу)
Аз Ибни Абӯлайло ривоят аст, ки гуфт: «Алӣ ба мо нақл кард, ки Фотима аз сахтии осиёб шикоят кард. Ба назди Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) асироне оварданд ва Фотима рафт, вале Расули Худоро наёфт. Баъдан Оиша (разияллоҳу анҳу) ба Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз омадани Фотима хабар дод. Вақте ки Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба наздамон омад, мо дар ҷойгоҳи хоб будем. Ман қасди бархостан кардам, вале Расули Худо гуфт, ки дар ҷойгоҳатон бимонед. Пас дар байнамон нишаст, то он ки сардии қадами Расули Худоро дар синаам эҳсос кардам, пас гуфт: «Оё шуморо огоҳ накунам аз он чизе, ки беҳтар аст бароятон аз он чизе, ки дархост намудед? Чун ба ҷойхоби худ даромадед, сию чор бор такбир, сию се бор тасбеҳ ва сию се бор таҳмид мегӯед, ки барои шумо аз хидматгор беҳтар аст». (Бухорӣ).
Speeches by the President
Speeches by the Head of Islamic Сentre

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
More