НЕКӢ БА ПАДАРУ МОДАР ВА НОФАРМОНИИ ОНҲО АЗ НИГОҲИ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Алҳамду лиллоҳи Раббил оламин вал оқибату лил муттақин вас салоту вас салому ало Расулиҳи Муҳаммадин ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин. Аммо баъд…
Некӣ ба падару модар ва адои ҳуқуқашон аз ҷумлаи арзишҳоест, ки оятҳои Қуръони карим ва ҳадисҳои гуҳарбори Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам, онро дастгирӣ мекунад. Мусулмони воқеие, ки амру фармонҳои илоҳиро якояк иҷро ва дар зиндагӣ ба кор мегирад, ҳар гиз аз ин масъалаи бисёр муҳим ѓофил намешавад ва ҳамвора онро овезаи гушаш қарор медиҳад, зеро ки хушнудии Худо дар хушнудии падару модар ва хашму ѓазаби Худо дар хашму ѓазаби падару модар аст.
Ибни Аббос аз Набии акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам ривоят мекунад, ки он Ҳазрат фармуданд: "Ҳар мусулмоне, ки падару модаре дошта бошад ва ба хотири савоб ҳосил кардан ба назди онҳо биравад, Худованд ду дар барояш мекушояд, яъне аз биҳишт ва агар яке аз он дуро дошта бошад, пас як дар ба рўяш боз мешавад ва агар яке аз онҳо аз ў биранҷад ва хашмгин шавад, Худованд аз ў розӣ намешавад, то ин ки ў розӣ шавад". Саҳобагон гуфтанд: "Ҳатто агар волидайн зулм кунанд?" Гуфтанд: "Ҳатто агар ба ў зулм кунанд".
Худованди мутаъол мефармояд: "Танҳо Худоро ибодат кунед ва чизе ба Ў шарик муқаррар накунед ва ба падару модар некўӣ кунед." Ибни Касир дар тафсири ин оят мегуяд: "Ҳаққи Худованди таборак ва таъоло ин аст, ки зоти ягонааш, ки ҳеҷ шарику ҳамтое надорад, ибодат шавад, сипас дар мартабаи баъди ҳаққи махлуқоташ меояд, ки муҳимтарин ва авлотарини онҳо ҳаққи падару модар аст ва ба ҳамин далел Худованд ҳаққи волидайнро дар паҳлўи ҳаққи Худ қарор медиҳад". Чунонки Худованди азза ва ҷалла мефармояд: «Оре, ба инсон васият кардем, ки ҳам сипосгузорӣ ман ва ҳам сипосгузори падару модарат бош! (ва бидон, ки) саранҷом бозгашт ба сўи ман аст».
Нофармонии волидайн аз гуноҳони кабира аст ва Худованди азза ва ҷалла онро дар паҳлуи ширк қарор додааст ва натиҷаҳои хатарноке низ дар дунё ва дар охират ба ҳамроҳ дорад. Аз Муъоз ибни Ҷабал разиялллоҳу анҳу, ривоят шуда, ки гуфт: Паёмбар (с) маро ба даҳ калима супориш намуд ва фармуданд: "Ба Худо шарик наварз, ҳатто агар кушта шавӣ ё ба оташ сўхта шавӣ ва нофармонии падару модаратро накун, ҳатто агар ба ту фармон доданд, ки даст аз хонавода ва сарвату молат бикашӣ...".
Нофармонии волидайн наздик ба ширк аст, чунонки некӣ ба онҳо муқорин бо имони бо Худост. Пас нофармонии волидайн гуноҳи сангину ваҳшатноке аст, ки виҷдони мусулмонро такон медиҳад ва ақлро аз сари ў мепаронад. Хайру баракат аз касе, ки нофармонии падару модарашро бикунад, дур аст ва ў чи қадар ба азоб ва ҷазои илоҳӣ наздик мебошад. Аз Абубакраи Сақафӣ разиялллоҳу анҳу ривоят шуда, ки гуфт: Аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам, шунидам, ки мегуфтанд: "Худованд ҳамаи гуноҳонро ба андозае, ки бихоҳад, ба рўзи қиёмат вогузор мекунад, магар (гуноҳи) итоат накардани падару модарро, ки ҷазои онро дар зиндагӣ ва пеш аз марг бар соҳибаш нозил мегардонад".
Дар хотимаи ин гуфтаҳо аз Худованди мутаъол дархост дорам, то ҳамаи мову шуморо дар фаҳм ва ба коргирии дастуроти наҷотбахши Ислом тавфиқ бахшида, ёриамон диҳад. Омин!
Speeches by the President
Speeches by the Head of Islamic Сentre

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
More