Home Articles КИТОБЕ ДАР ОДОБИ УСТОДӢ ВА ДОНИШҶЎӢ ДАР ИСЛОМ

КИТОБЕ ДАР ОДОБИ УСТОДӢ ВА ДОНИШҶЎӢ ДАР ИСЛОМ

КИТОБЕ ДАР ОДОБИ УСТОДӢ ВА ДОНИШҶЎӢ ДАР ИСЛОМ
2020-09-11
2404

     Муаллифи китоби «Тазкирату-с-сомиъ ва-л-мутакаллим фи адаби-л-олим ва-л-мутааллим» қозию-л-қузот Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибн Иброҳим ибн Саъдуллоҳ ибн Ҷамоъаи Кинонии Ҳамавӣ, мулаққаб ба Бадриддин, аз донишмандони бузурги қарни ҳафтум ва ҳаштум, соли 639 ҳ./1241м. дар шаҳри Ҳамои билоди Шом (Сурияи имрўза) таваллуд ёфта,  соли 733ҳ./1332м. дар Миср даргузаштаст. Ӯ ба тановуб дар Миср ва Шом бокори қазо (ќозигӣ), тадрис ва хитоба машғул буд ва аз ҳамин ҷиҳат ӯро «ҳокиму-л-иқлимайн» мегуфтанд. Ибн Ҷамоъа солҳои зиёде  дар мадрасаи Қаймарияи Димишқ ба тадриси илму ҳадис, фиқҳу усул ва тафсир пардохта, осори фаровоне аз худ ба ҷой гузоштааст. Аз ҷумла,  «Кашфу маъони-л-Қуръон», «Маносику-л-ҳаҷ»,  «Улуму-л-ҳадис»,  «Фи-л-каноис ва аҳкомиҳо»,  «Фи-л-устурлоб» ва ғайра.

Китоби «Тазкирату-с-сомиъ ва-л-мутакаллим» (Одоби устодӣ ва донишҷӯӣ) аз муҳимтарин китобҳои ӯст, ки дар он бар асоси таҷрибаҳои даврони таҳсил ва тадрис равиши амалии таълиму тарбияи мадориси исломиро баён кардааст. Ин китоб дар мавзӯи худ мухтасари китоби  «Ал-олим ва-л-мутааллим»-и Тирмизӣ, «Ар-риҳла фи талаби-л-ҳадис»-и Ҳофиз Алӣ ибн Собит ва «Адабу-л-имло ва-л-истимло»-и Абдулкарими Самъонӣ мебошад.

Китоби «Муняту-л-мурид фи одоби-л–муфид ва–л-мустафид»-и Шаҳиди Сонӣбоҳиммати доктор Муҳаммад Боқир Ҳуҷҷатӣаз базабони форсӣ  баргардоншудааст. Ин китоб низ, тақрибан ду қарн пеш аз он навишта шуда, тарҷумаи он ба василаи устодони таълиму тарбияти исломӣ бар асоси мадорики асиле, ки нишондиҳандаи равиши амалии ин фан аст, сурат мегирад.

Барои таҳақуқи ин манзур ин китобро чанд гоҳе ба амонат ба устоди фақиди донишкадаи улуми тарбиятии Донишгоҳи Теҳрон марҳум доктор Фаридун Бозаргони Дайламқонӣ дода будам. Ӯ бисёр орзуманд буд, ки пас аз боз ёфтани саломатии худ ба тарҷумаи он мубодарат варзад, вале дареғо, ки «эй басо орзӯ ки хок шуда».

Чанд сол пеш барои ироди хитобае дар яке аз донишгоҳҳои хориҷи кишвартаҳти унвони «Таълиму тааллум дар ҷавомиъи суннатии исломӣ дар муқоиса бо кайфияти таълиму тааллум дар ҷаҳони имрӯзӣ» чанд китоб, аз ҷумла «Тазкирату-с-симоъ ва-л-мутакаллим»-ро аз забони арабӣ тарҷума карда будам, то дар он суханрониям аз он матолиб истифода кунам. Ва акнун муносиб медонам, ки ба манзури муаррифии яке аз муҳимтарин китобҳои таълиму тарбияи исломӣ, он ёддоштҳо чоп ва мунташир гардад. Умед аст, ки муаллимон ва мутааллимонро ба кор ояд ва мубтадиёну мунтаҳиёнро басират афзояд.

Дар фазилати дониш ва донишмандон ва фазилати таълиму тааллум.

Оёти Қуръонӣ.

1.«...Ярфаъи-л-лоҳу-л–лазина оману минкум ва-л-лазина уту-л-илма дараҷот...»(...то Худо ононеро, ки аз миёни шумо имон овардаанд ва ононе (донишмандоне)-ро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд кунад... - сураи Муҷодала, ояти 11). Ибни Аббос гуфтааст: «Донишмандон бартар аз муъминонанд ба сад дараҷа, ки миёни ҳарду дараҷа яксад сол аст».

2.«Шаҳида-л-лоҳу аннаҳу ло илоҳа илло ҳува ва-л-малоикату ва улу-л-илми қоиман би-л-қист...» (Худо гувоҳӣ дод (ошкор сохт), ки ҳеҷ худое нест, магар У; ва фариштагон ва соҳибони дониш (гувоҳӣ доданд) дар он... -сураи Оли Имрон, ояти 18).

Дар ин оят Худованд нахуст аз худ, пас аз он аз фариштагон ва сипас аз аҳли дониш ёд кардааст, киҳамин худ барои тараф ва фазлу бузургии донишмандон кофӣ аст.

3. «...Иннамо яхша-л-лоҳа мин ибодиҳи-л-уламоу...»  (сураи Фотир, ояти 28)  ва низ «Улоика ҳум хайр ал-барийа»  (сураи Байина, ояти 7) то «...Залика ли  ман хашия раббаҳу»(сураи Байина, ояти 8) дар ояти аввал мефармояд: «...аз бандагони Худо фаќат олимон аз Ў метарсанд...», дар оёти дувум ва сеюм мефармояд: «...онон ... беҳтарини халќанд... Ин (ваъда) касеро аст, ки аз Парвардигори худ битарсад». Натиҷа ин ки донишмандон беҳтарини мардумонанд.

Аҳодиси набавӣ.

1- «Ман юридАллоҳу биҳи хайран, юфаққиҳуҳу фи–д-дин...»  («Ҳар киро Худо барояш хайр бихоҳад, ӯро дар дин фақеҳ мегардонад»)(“Саҳеҳ”-и Бухорӣ, ҳадиси 69).

2-«…Ал–уламоу варасати-л-анбиё» («Донишмандон ворисони пайғамбаронанд»)(“Сунан”-и Тирмизӣ, ҳадиси 2606. “Сунан”-и Абудовуд, ҳадиси 3157).

3-«Ман акрама олиман, фа кааннамо акрама сабъина набийан»; «Ва ман акрама мутааллиман, фа кааннамо акрама  сабъина шаҳидан» («Ҳар ки донишмандеро гиромӣ дорад, гӯёҳафтод пайғамбарро гиромӣдоштааст ва ҳар ки донишҷӯеро гиромӣ дорад, гӯёҳафтод шаҳидро гиромӣ дошт»(“Сунан”-и Дорамӣ, ҳадиси 295, “Муснад-и Абуяълои Мавсалӣ, ҳадиси 822).

Одоби устод нисбат ба худ:

1. Худоро дар ошкору пинҳон муроқиб бошад ва дар ҷамиъи ҳаракот ва саканот ва гуфтору кирдораш ӯро нозир бидонад.

2. Дар нигоҳдошти иззату шарафи илм пойдорӣ кунад ва бо супурдан ба ноаҳлон онро хор насозад.

3. Ба порсоӣ ва камхоҳӣ хӯ кунад ва аз дунё ба андозае, ки ба худ ва хонаводааш зиён нарасад, биҷӯяд.

4. Дониши худро нардбоне барои расидан ба ағрози дунявӣҳамчун ҷоҳу мол ва шуҳрат насозад.

5. Аз пешаҳои пасту мавозеи туҳмат дурӣҷӯяд ва гирди он чи ки шаръан ва урфан макрўҳ аст, нагардад.

6. Бар қиём бар шаъори ислом ва завоҳири аҳком ҳамчун намоз дар масоҷид ба хавоссу аввом ҳиммат варзад.

7.Бар мустаҳабботи шаръӣ аз қавлӣ ва феълӣҳамчун тиловати Қуръон ва зикри Худо бо дилу забон пойдорӣ кунад.

8. Бо мардум бо хушрӯӣ баробар гардад ва бо рӯйи кушода бар салом сабқат ҷӯяд ва хештанро аз хашм нигаҳ дорад.

9. Зоҳиру ботини худро аз ахлоқи паст,ҳамчун ҳасаду душманӣ ва риё боздорад ва ба ахлоқи нек ороста гардонад

10. Бар ҷидду ҷаҳд ва мутолааву фикр кӯшо бошад ва умри худро дар ғайри илму амал табоҳнасозад ва дар хӯрдану нӯшидан ба зарурат иктифо кунад.

11.Чизеро ки намедонад, аз фаро гирифтани он,ҳарчанд аз касоне, ки дар мартабае поинтар аз ӯҳастанд, дареғ наварзад.

12. Ҳиммати худро пайваста бар иштиғол ба таснифу ҷамъ ва таълиф маътуф дорад то барҳақоиқи улум огоҳ гардад.

Одоби устод нисбат ба дарс:

1. Ҳангоми вуруд ба маҷлиси дарс покизаву хушбӯй ва хушлибос бошад, ки ин нишонаи таъзими илм аст.

2. Ҳангоми берун баромадан аз хона барои тадрис дуо кунад, ки  «Худоё, ба Ту паноҳ мебарам аз ин ки гумроҳ шавам ё гумроҳ созам».

3. Дар маҷлиси дарс барҷаста биншинад ва фозилтарону солхурдагон ва аҳли салоҳро эҳтироми беш кунад.

4. Пеш аз шурўъ ба дарсу баҳс порае аз Қуръонро ҷиҳати таяммун ва табаррук қироат кунад.

5. Вақте, ки уҳдадори дарсҳои мутааддид аст, аз шарифтарин ва муҳимтарини онҳо оғоз кунад.

6. Садои худро беш аз ниёз баланд накунад ва чандон ором ҳам сухан нагӯяд, ки фоидаи дарс фавт шавад.

7. Маҷлиси дарсро аз лағт (сару садо, шӯру ғавғо) ҳифз кунад, зеро ғалат дар зери лағт аст ва ҷиҳати баҳсро мухталиф нагардонад.

8. Бо касе,ки дар баҳс таҷовуз кунад ва ё иноде ошкор созад ва ё беадабӣ ва тарки инсоф кунад, ба тундӣ рафтор намояд.

9. Инсофро дар баҳс муроот кунад ва пурсишҳоро аз пурсишкунандагон, ҳарчанд кучак бошанд, бишнавад.

10. Агар ғарибе ба маҷлиси дарси ӯҳозир шавад, бо ӯ мулотафат ва кушодарӯӣ кунад ва бо чашми бегона ба ӯ нангарад.

11.Дарси худро бо «Бисми-л-лоҳи–р–раҳмони–р-раҳим» оғоз ва бо «Аллоҳу аълам» хатм кунад.

12.Агар шоистагии тадрисро надорад, онро напазирад ва ҳамчунин тадриси илмеро, ки намедонад, қабул накунад. Ҳарчанд воқифи мадраса чунин шартеро накарда бошад.

Одоби устод нисбат ба донишҷӯён:

1. Ҳадафи ӯ аз таълими онон ризои Худо ва нашри илм, эҳёи шаръу изҳори ҳақ, ихфои ботилу наҳйи мункар бошад.

2. Донишҷӯёнро ба иллати одами хулуси ният аз илм маҳрум нагардонад, зеро хулуси ният худ ба баракати илм ҳосил шавад.

3. Донишҷӯёнро бо зикри оёт ва аҳодис дар фазилати илму уламо ба илму талаби он ташвиқу тарғиб кунад.

4.Он чиро, ки барои худ дӯст дорад, барои онҳо бихоҳад ва он чиро худ нохуш дорад, барои онон нахоҳад.

5.Суҳулати илқо дар таълим ва ҳусни талаттуф дар тафҳимро ба онон ба арзонӣ дорад, хусусан агар шоистагии онро дошта бошанд.

6.Ниҳоятикӯшиши худро бар таълиму тафҳим ба донишҷӯён мабзул дорад ва аз тавзиҳу шарҳу такрор худдорӣ накунад.

7.Ҳар гоҳ аз дарс фориғ шуд, масоилеро бар донишҷӯён тарҳ кунад, то фаҳму забти ононро биёзмояд.

8.Аз донишҷӯён гоҳ – гоҳ бихоҳад, ки маҳфузоти худро барои ӯ бозгӯкунанд, то неруи забти ононро имтиҳон намояд.

9.Агар донишҷӯеро, ки афзун бар тавони худ мекӯшад, ўро ба рифқу эътидор ва таваҷҷуҳ ба нафс тавсия кунад.

10.Қавоиди асосии илми мавриди баҳсро барои донишҷӯён баён кунад ва низ ба зикри манобеъи онҳо бипардозад.

11.Бархе аз донишҷӯёнро бар бархе дигар – дар сурате, ки дар синну фазилат ва таҳсилу диёнат баробаранд – дар дӯстӣ ва тавҷҷуҳ бартар надорад.

12.Муроқиби одоб ва рострӯйӣ ва ахлоқи ботинию зоҳирии донишҷӯёни худ бошад.

13.Дар масолиҳи донишҷӯён ва ором сохтани дили онон ва мусоадат ба онон то он ҷо ки метавонад, бикӯшад.

14.Ҷониби тавозуъро бо донишҷӯён риоят намояд; Худованд ба Пайғамбар (с) фармуд: «Ва ахфиз ҷаноҳака лимани-т-табаъака мина-л-муъминин» (Ва барои онҳое аз муъминон, ки ба ту пайравӣ карданд, бозуи худро паст кун! (яъне: фурўтан бош! -сураи «Шуаро», ояти 215).

Одоби донишҷӯ нисбат ба худ:

1. Дили худро аз бебокӣ ва ҳасад, ғалу ғаш ва суи ақидаву хӯи бад покиза нигаҳ дорад, то пазирои илму дониш гардад.

2. Дар талаби илм ҳусни ният дошта бошад ва ризои Худо ва эҳёи шариъат ва оростани ботинро қасд кунад.

3. Дар ҷавонӣ ба ҷустани илм пешӣ гирад ва онро ба оянда мавкул нагардонад, зеро ҳар соате, ки аз умр мегузарад, онро ивазе нест.

4. Дар хӯрданиҳо ва пушиданиҳо қаноат варзад, зеро бо тангии зиндагӣ ба фарохии дониш тавон расид.

5. Авқоти шабу рӯзи худро қисмат кунад ва бозмондаи умри худро ғанимат шуморад, ки арзише барои он мутасаввар нест.

6. Ба кам хӯрдан одат кунад, то зиёне ба иштиғол ва фаҳми ӯ ворид нашавад ва дар талаби илм хаставу малул нагардад.

7. Дар ҳамаи шууни зиндагӣҷониби парҳез ва вараъ ва таҳаррию ҳалолро нигаҳ дорад, то дилаш нуронӣ ва пазирои илм гардад.

8. Аз хӯрданиҳое, ки муҷиби кавданӣ ва нотавонии ҳавос, хосса фаромӯшӣ мешавад, иҷтиноб кунад.

9. Аз хоби худ бикоҳад, то он ҷо ки зиёне барои бадан ва зеҳнаш надошта бошад ва хобаш аз ҳашт соат дар шабонарӯз зиёдтар нашавад.

10. Аз муошаратҳое, ки муҷиби тазйиъи вақт ва итлофи молу рафтани обрӯ аст, парҳез кунад.

Одоби донишҷӯ нисбат ба устод

1. Устодеро баргузинад, ки дорои ҳусни ахлоқ ва шоистагии илмию динӣ ва мурувату иффат бошад.

2. Ҳамвора мутеъи устод бошад, ҳамчун бемор нисбати пизишк ва ризояти ӯро биҷӯяд ва ба ҳурмати ӯ мубодарат варзад.

3. Бо дидаи таъзим ба ӯ бингарад ва ба дараҷаи камоли ӯ муътақид бошад, то бештари сӯд оиди ӯ шавад.

4.  Нисбат ба ӯҳақшинос бошад ва фазли ӯро  ба фаромӯшӣ наспорад ва ғайбати ӯро истимоъ накунад.

5. Бар ҷавру бадхӯйии устод шикебо бошад ва аъмоли ӯро, ки носавоб ба назар меояд, бо хубӣ таъвилу тавҷиҳ кунад.

6. Агар устод ӯро бар фазилатҳо ташвиқ ва бар нақисатҳо тавбиҳ кунад, донишҷӯ сипосгузор бошад.

7. Ҳар гоҳ дар ҷаласае хос ворид бар устод мешавад (чи устод танҳо ва чи ғайританҳо бошад), бояд масбуқ ба иҷоза бошад.

8. Дар баробари устод бояд муаддаб биншинад – ҳамчун кӯдаке дар баробари омӯзгораш – ва хузӯъу хушӯъро риоят кунад.

9. Бо устод ҳусни хитоб дошта бошад ва дар баробари ӯҷумлаҳое «Барои чи?», «Қабул надорам», «Инро магӯй!» - ро бар забон наёварад.

10. Ҳар гоҳ устод масъала ё фоидаеро унвон мекунад ва бо шеъру ҳикояте ба забон меоварад, бо шодӣ ва ҳирс гӯш фаро диҳад.

11. Дар шарҳи масоил ва посухи пурсишҳо бар устод сибқат наҷӯяд магар ин ки устод худ инро хоста бошад.

12.Дар гирифтани чизе аз устод ва додани чизе ба ӯ аз дасти рост кумак ҷуяд ва мактуботи шаръиро боз карда ба ӯ бидиҳад.

13.Ҳангоми роҳ рафтан дар шаб ҷулуи устод ва дар рӯз ба дунболи ӯ роҳ биравад, магар он ки муқтазои ҳол хилофи он бошад.

Одоби донишҷӯ нисбат ба дарс:

1. Дар оғоз китоби Аллоҳро бихонад ва ҳифз кунад ва дар тафсираш бикӯшад, ки он аслу пояи ҳамаи улум аст.

2. Дар ибтидои таҳсил худро ба масоили мавриди ихтилоф миёни уламо машғул насозад, то фикраш ошуфта нагардад.

3.Он чиро, ки мехонад қаблан бо кумаки устод тасҳиҳ кунад, сипас бо ҳифзу талқин ва такрори он бипардозад.

4.Ба самоъи ҳадис иштиғол варзад ва таваҷҷуҳ ба устод ва риҷол, маъонӣ ва аҳком, луғат ва таърихи он дошта бошад.

5.Нахуст аз китобҳои мухтасар шурӯъ кунад ва пас аз дарёфти фавоид ишколот ба китобҳои муфассал бипардозад.

6.Маҷлиси тадрис ва иқрои устодро тарк нагӯяд, зеро маҷлиси ӯ хайру таҳсил ва адабу тафзилро ҳамроҳ дорад.

7.Ҳангоми вуруд ба маҷлиси дарс бар ҳозирон салом кунад чунонки ҳама бишнаванд ва устодро ба зиёдати таҳийяти махсус гардонад.

8.Бо ҳозирони маҷлиси дарс бо адабу иҳтиром рафтор кунад ва дар миёни сухани ҳамдарсон магар бо иҷозаи онон сухан нагӯяд.

9.Аз пурсидани он чи ки намедонад, шарм надорад ва дар суол ҷониби лутфи одоб ва ҳусни хитобро риоят кунад.

10.Дар пурсиш аз устод  риояти навбати дигаронро бикунад, магар дар мавриди ғурабо, ки ҳурмати тақаддуми онон воҷиб аст.

11.Дар пеши рӯйи устод бо адаб биншинад ва китоби худро ҳамроҳ дорад ва онро рӯйи замин боз нигаҳ дорад.

12.Ҳар гоҳ навбати хондани ӯ расид, бо истиъозат аз шайтон ба зикри «Бисми-л-лоҳ» ва ҳамду дуруд бар Пайғамбар (с) оғоз кунад.

13.Донишҷӯёни дигарро ба илм тарғиб кунад ва аз фавоиду  қавоиде, ки худ истифода кардааст, ононро огоҳ созад.

Одоби донишҷӯ бо китоб:

1. Дар ба даст овардани китобҳои мавриди ниёз ҳиммат гуморад ва агар китоберо  наметавонад бихарад, иҷора кунад ва ё амонат бигирад.

2.Китоби худро барои амонат додан ба касоне, ки зиёне бад-он ворид намесозанд, арза дорад.

3.Ҳар гоҳ китоберо мехонад ва ё истинсох мекунад, онро боз рӯйи замин нагзорад, балки дар миёни ду китоб қарор диҳад.

4.Ҳар гоҳ китоберо амонат мегирад, ба мавқеъ онро рад кунад ва китоберо ки мехарад, сафҳабинӣкунадваноқиснабошад.

5. Китобҳои улуми шаръиро бо таҳорати бадану ҷома ва рӯй ба қибла истинсох кунад ва бо «Бисми-л-лоҳ» оғоз намояд.

6. Аз рез навиштан иҷтиноб варзад, то ҳангоми пирӣ, ки биноӣ нотавон мегардад, дучори ранҷ нашавад.

7. Китобҳоро бо муқобала бо асл ва ё бо қироат бар устод тасҳиҳ кунад ва нишонаҳои лозимро бигзорад.

8. Ҳар гоҳ матлаберо бо ҳошия мехоҳад тавзиҳ диҳад, он ҳошияро дар тарафи рост биёварад ва бо хатте ба асл муртабит созад.

9.  Абвоб, тароҷим ва фусулро бо хатти сурх мушаххас созад, вагарна ҳар нишонае, ки худ мехоҳад, бигзорад.

10. Дар мавориди ислоҳи китоб пок кардан беҳтар аз тарошидан аст, хосса дар кутуби ҳадис, ки маврид туҳмату ҷаҳл аст.

Одоби сукунат дар мадорис:

1. Мадрасаеро барои сукунат баргузинад, ки воқифи он ба шақво наздиктар ва аз бидъат дуртар бошад.

2. То он ҷо ки мумкин аст, аз мадрасае, ки салотин сохтаанд дуртар бошад ва кайфияти бино ва вақфи он маҷҳул аст, иҷтиноб варзад.

3. Мадрасаеро интихоб кунад, ки устодони он дорои фазлу диёнат ва адолату дӯстдори фузало ва мутаввиқи донишҷуён бошанд.

4.Аз шароит ва муқаррароти иқомат дар мадраса огоҳ бошад, то битавонад қиём ба он шароит ва амал ба он муқаррарот бикунад.

5.Агар воқиф сукунат дар мадрасаро мунҳасир ба мураттибон кардааст, яъне касоне, ки дар мадраса мақому мансабе хос доранду дар баробари он шаҳрия дарёфт мекунанд, дигарон бояд бо иҷоза ва шароити хос сокин шаванд.

6.Авқоти иқомат дар мадрасаро ба муошаратҳо ва суҳбатҳое, ки ҳолро фосиду молро зоеъ мекунад, нагзаронад.

7.Бо аҳли мадраса бо тақаддум салому изҳори дӯстиву эҳтиром мубодарат варзад; аз хатоҳошон даргузарад ва розҳояшонро фош насозад.

8.Дар ҳамсоягии касе сукно гузинад, ки солиҳтар ва ҷиддӣ бошад, то ӯро ба илму тақво ёрӣ диҳад, ки гуфтаанд: «Ат-тибоъу сарроқатун» (Табъҳову нафсҳои инсонӣ хӯпазиранд).

9.Агар дар масҷид ё маҳалли иҷтимоъи туллоб сокин шавад, дар нигоҳдошт ва низофати он иҳтимом варзад.

10.Бидуни далел бар даргоҳи мадраса наншинад, зеро мумкин аст устоде бузург бо таъоме андак аз он ҷо убур кунад ва нахоҳад дар баробари донишҷӯяш дида шавад.

11.Аз панҷараи утоқи худ ба манозили атроф нангарад, садояшро баланд накунад, дарҳоро ба оромӣ бозу баста гардонад, то музоҳими дигарон нашавад.

12.Пеш аз устод дар маҳалли дарс ҳузур ёбад ва ҳузураи дар маҷлиси дарс ҳамроҳ бо аҳсан ал-ҳаёт ва акмал ат-таҳорот бошад; ва мавқеъи дарс аз хобидану хандидан ва сухан гуфтан бипарҳезад.

Тарҷума ва таҳияи Тоҷиддин Мардонӣ

Бознашр аз маҷаллаи “Дин ва ҷомеа” №7 моҳи июли с. 2020

Pray time in Dushanbe

25.11.2024

More
Fajr05:40
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:09
Isha18:39
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More