ИСЛОМ ВА ҚУРЪОН АЗ НИГОҲИ ОЛИМОНИ ҒАРБ
Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон
Ҳамду сано Худовандро, ки соҳиби мағфирату шоистаи тақвост ва дуруду салавоту салому баракоти Худо бар Пайғамбар (с) ва олу асҳобаш бод.
Теъдоди зиёди мутафаккирони ғайримусулмон доир ба Қуръон, дини мубини Ислом суханони зиёде гуфтаанду васфи бисёре намудаанд. Танҳо чизе, ки онҳоро дар баробари ин оини муқаддас ба таъзиму эҳтиром водошта қонуни мутараққӣ ва низомоти ҳайратангезе аст, ки шахсияти бузурги ҷаҳони инсоният ва пешвои олиқадри Исломро ба ҷаҳони башарият ҳадя кардааст. Манзур аз нақли гуфтори бузургони Ғарб дар ин ҷо ин нест, ки бихоҳем ифтихороти мазҳабии худро аз забони бегонагон бишнавем, балки ҳадаф ин аст, ки дар ин воқеияти бузург барои ҷўяндагони ҳақиқат ҷои ҳеҷ гуна тардиде боқӣ намонад.
Масалан, Лев Толстой дар васфи Қуръон мегўяд: “Ҳар касе, ки бихоҳад содагӣ ва бепироя будан (яъне душвор набудани) исломро дарёбад, бояд Қуръони маҷидро мавриди мутолиа қарор диҳад. Дар он ҷо қонунҳо ва таълимоти ба асоси ҳақиқатҳои равшану ошкор содиршуда, аҳкоми осон ва сода барои умум баён шудааст. Дар ин китоб ояти фаровонест, ба хубӣ дар мақоми олии дини ислом ва покии рўҳоварандаи он гувоҳӣ медиҳад”.
Ҷои дигар Толстой мегўяд: “Ин фахр барои Муҳаммад (с) бас аст, ки миллати пасту хунрезеро аз чанголи аҳриманонаи одатҳои бад раҳонида роҳи тараққиро ба рўи онон боз кард. Шариати Муҳаммад (с) ба иллати мувофиқ будани он бо ақлу ҳикмат дар оянда ҷаҳонгир хоҳад шуд”.
Профессори маъруфи итолиёӣ ва устоди донишгоҳи Нопел - доктор Воглеро Қуръонро чунин баҳо медиҳад: “Мо дар ин китоб махзанҳо ва захоире аз дониш мебинем, ки мофавқи истеъдод ва зарфияти боҳуштарин ашхос ва бузургтарин файласуфон ва қавитарин шахсони сиёсат аст. Ба далели тамоми ин ҷиҳат аст, ки Қуръон наметавонад кори як марди таҳсилнакарда бошад. Он ҳам марде, ки тамоми умрашро дар миёни ҷомеаи ғайримазҳабӣ гузаронида, ки аз муҳити мардони донишу дин бисёр дур буданд. Ин мард касе буд, ки исрор меварзид, фарде аст монанди соири афроди башар. Ва дар ин сурат бе кумаки Худованди муқтадир наметавонист муъҷизоте анҷом диҳад. Маншаъ ва масдари Қуръон фақат мумкин буд аз ноҳияи Худое сарчашма гирифта бошад, ки илми вай ба он чи дар осмонҳо ва замин аст, иҳота дорад”.
Д. Р. Ҷонсон мегўяд: «Қуръон фарёди Пайғамбар (с) аст. Ин китоб моҳиятан сомигию (сомиҳо) пураҳамият ба андозае иншо шуда ва аз санҷиши замон гузаштааст, ки онро хоҳу нохоҳ дар тамоми қарнҳо бо тамоми меҳру ихлос тиловат мекунанд. Ва садои он дар қасру биёбонҳо, шаҳру империяҳо танинандоз гардида, сараввал дилҳоро баҳри тасхири олам ба хурўш меовараду сипас ба қуввае табдил меёбад, ки он ба тамоми афкори эҷодии Юнону Осиё имкон медиҳад, ки аз зулмати сахти Аврупои насронӣ воқиф гарданд, вақте ки дини насронӣ ҳамагӣ маликаи шаб аст».
Яке аз олимони бузурги Ғарб - Гёте роҷеъ ба Қуръон чунин гуфтааст: «Ҳар қадаре, ки мо бисёртар ба он (Қуръон) муроҷиат намоем, вай аввал диққати моро ба худ ҷалб мекунад, мафтун месозад ва дар ниҳояти кор водор менамояд, ки мо ба он ба камоли эҳтиром муносибат кунем. Услуби он мувофиқи мазмуну мақсад ва суханҳояш боҳашамату пурэътибор аст ва бо мурури вақт эътибораш торафт меафзояд. Аз ин рў, ин китоби муқтадир дар тўли қарнҳо таъсири зўртарин хоҳад расонд».
Олими дигари ғарбӣ – Биркенхед китоби муқаддас будани Қуръон ва аз рўзи нузул то ба ин дам тағйир наёфтани онро эътироф карда чунин мегўяд: «Ҳақиқат, адолат, озодӣ ва таҳаммул – ҳамаи инҳо дар Қуръон ҳастанд. Бародарии ҳақиқии динӣ бояд мақсади бузургтарини мо бошад. Охир бе он на таҳаммул буда метавонаду на муҳаббат. Мусулмонон мисоли барҷастае нишон доданд, ки онҳо қатъи назар аз рангу пўст ва ирқашон бародарони ҳаммаслаканду ба ҳазрати Муҳаммад алайҳиссалом эътиқод доранд ва Қуръон, ки аз замони пайдоишаш (каломи нозилшуда) заррае тағйир наёфтааст ва миллионҳо нафар мусулмонон онро чун каломи муқаддас ва китоби қонунҳо ба камоли шавқ меомўзанд. Бо назардошти далелҳое, ки ман пеш аз ин ба онҳо иснод мекунам, фаҳмида наметавонам, ки чӣ тавр одамони закӣ нуктаҳои оқилонаи онро ҳамчун нуктаҳои ба замон ва давраи мо мувофиқтар напазируфта, ба хулосаи дигар омада метавониста бошанд».
Эйнштейн аз рўи инсоф мегўяд: Қуръон китоби ҷабр (алгебра) ё ҳандаса (геометрия) ва ё ҳисоб (арифметика) нест. Балки Қуръон маҷмўае аз қонунҳост, башариятро ба роҳи рост, роҳе ки бузургтарин файласуфони дунё аз таъриф ва таъйини он оҷизанд, ҳидоят мекунад.
Чунонки маълум шуд, бисёре аз олимони ғайримусулмон Қуръонро ҳамчун китоби осмонӣ, асоси дини мубини Ислом ва инчунин, китобе, ки то ҳол матнаш тағйир наёфтааст, эътироф карда баҳои баланд додаанд.
Қуръони карим дар тарғиб ва таҳсили илм садҳо оятро дар бар мегирад, ки назири он дар ҳеҷ китоби осмонии дигар ёфт намешавад. Ва бештари ин оятҳо дар мақоми бузургдошти илм нозил шудаанд. Худованд мефармояд:
«Худо ононеро, ки аз миёни шумо имон овардаанд, ва ононеро, ки ба онон илм ато шудааст, ба мартабаҳо баланд кунад» (Муҷодала, 11). Ҷои дигар мефармояд: «Бигў! Оё ононе, ки медонанд (илм доранд) ва ононе, ки надоранд (илм надоранд) баробар мебошанд?!» (Зумар, 9). Оёти қуръонӣ дар ин бора ниҳоят зиёд аст ва Расули Худо (с) низ дар ҳадисҳои муборакашон дар ин боб таъкидоти зиёде кардаанд. Ин ҷо мо аз улуме, ки Қуръони маҷид ба таълими онҳо даъват мекунад ёд накарда аз он ёд мекунем, ки чигуна пайравони Қуръон бо воситаи илм дар тамаддуни инсонӣ нақши босазои худро гузоштаанд. Ва дар тақвияти гуфтаҳои худ аз уламои варзидаи Ғарб мисолҳо меорем.
Ба василаи Расули акрам (с) аввалин ҷунбиши илмии исломӣ дар Мадина оғоз шуда араби Ҳиҷоз дар Мадина аввалин бор дар масҷиди Расул бо масъалаи устодиву шогирдӣ ва нишастан дар ҳалқаи дарс ошно шуда бо ҳирси фаровоне ояти Қуръонро, ки тадриҷан нозил мегашт, фаро мегирифтанд. Инчунин бо тавсияҳои мукаррари Пайғамбари Худо (с) суханони он ҳазратро, ки ба суннати Расул маъруф буд, аз якдигар фаро мегирифтанд.
Баъд аз Мадина Басра ва Кўфаи Ироқ маркази илм гашта баъд аз бинои Бағдод ин шаҳр маркази илмӣ гашту улуми миллатҳои дигар ба ҷаҳони исломӣ дар ин шаҳр мунтақил шуд. Дар даврони хулафои Аббосиён, ба хусус Ҳорунаррашид (786-809м) авҷи илм ба ҳадди ниҳоят баланд расида, дар Бағдод китобхонаи бузурге ба номи “Байтулҳикма” таъсис дода шуд, ки дар пешрафти илму фарҳанг нақши босазое гузошт. Дар даврони Ҳорунаррашид тараққиёт ба дараҷаи баландтарини худ расид.
Муаррихи шуҳратманди фаронсавӣ доктор Густов Луббон (1841-1931) аз он замон чунин ёд мекунад: «Императори Фаронса-Шарлимон, ки амалан ҳокими тамоми Аврупо буду сарҳади кишвараш аз уқёнуси Атлантика то кўҳҳои Алпро фаро мегирифт, ба назди Ҳорунаррашид сафир фиристода бо камоли адаб аз ў хоҳиш намуд, ки шароити осоиши зиёраткунандагони Байтулмуқаддасро фароҳам намояд, зеро ҳукумати худи император мисли ҳукумати ваҳшиҳо будааст. Халифа ин хоҳишро пазируфт ва сафиронро бо чандин туҳфаҳои гаронбаҳо гусел намуд. Аз ҷумлаи туҳфаҳо филе буд, ки бо зеварҳои нафис ва гаронбаҳо ороста шуда ва он аввалин филест, ки дохили Аврупо гардидааст, зеро то он вақт пои ин гуна ҳайвон ба Аврупо нарасида буд. Илова бар ин туҳфаҳо аз марворид, ҷавоҳирот, оҷ, атриёт, навъҳои гуногуни газворҳои ҳарир ва соате, ки вақтро нишон медод иборат буд. Шарлимон ва атрофиёни нимваҳшии ў аз дидани ин соат моту мабҳут шуда «соати мазкурро асари сеҳру ҷоду гуфта тарсиданд».Ва дар тамоми дарбори ў як нафар ёфт нашуд, ки тарзи сохти он соатро фаҳмад. Бечора Шарлимон беҳуда кўшиш мекард, ки бо дасти ин гуна атрофиёни худ маданияти Румро зинда кунад
Замоне ки мусулмонон дар сарзаминҳои худ дорои марокизи илмию фарҳангии фаровон буда дар тамоми шуъбаҳои улум мутахассис доштанд, дар сар то сари Аврупо як маркази фарҳангӣ ёфт намешуд. Доктор Густав Луббон мегўяд: «Дар он рўзгоре, ки китоби китобхона барои мардуми Аврупо арзишу мафҳуме надошт ва дар ҷамъи савмааҳо дар назди тамоми кашишҳои Аврупо беш аз панҷсад ҷилд китоб, ки ҳамаи онҳо ҳам кутубу мазҳабӣ буданд, ёфт намешуд, кишварҳои исломӣ ба ҳадди кофӣ китобу китобхона доштанд. То ҷое, ки дар китобхонаи Байтулҳикмаи Бағдод чаҳор миллион ва дар китобхонаи салтанати Қоҳира як миллион ва дар китобхонаи Тароблуси Шом се миллион китоб мавҷуд будааст. Танҳо дар Испания солиёна ҳудуди ҳафтод то ҳаштод ҳазор ҷилд китоб таҳия мешуд».
Он замон Аврупо зери ҳокимияти калисо қарор дошта, дар Италия давлати папаи Рим - вилояти Папа вуҷуд дошт. Дар мамлакатҳои гуногун садҳо ҳазор ходимони калисо гуфтаҳои Папаро бечуну чаро иҷро мекарданд. Шоҳони бузурги Аврупо худро фармонбардори Папа медонистанду Папа дар муносибатҳои байни давлатҳо ва корҳои дохилии онҳо дахолат мекард. Дар асри сенздаҳум дар Аврупо равияҳои озодандешӣ пайдо шуданд, ки боиси ташвиши Папа гардид ва ба хотири ҷилавгирӣ аз пешрафти ин гуна озодандешиҳо дар соли 1215 аз тарафи калисо фармоне дар бораи идораи махсусе бо номи «Инквизиция» дар тамоми шаҳрҳои масеҳӣ ташкил карда шуд. Инквизиция калимаи лотинӣ буда маънии тафтишотро дорад. Ин идора аз ҳар гуна тафаккури озод ҷилавгирӣ карда гунаҳгоронро бо сахттарин ҷазоҳо муҷозот мекард. Бо дастури инквизиция дар асрҳои миёна се саду панҷоҳ ҳазор нафар аз донишмандон ва мутафаккиронро зинда ба зинда сўзонданд.
Инквизиция воситаи ошкорои таъқиби олимону мутафаккирони озодандеш буд ва то асри нуздаҳ давом карда зиёда аз 10 миллион қурбонии он шуд. Инчунин аз ҷангҳои салибие (1095-1270), ки калисо бар зидди муслимин оғоз ва куштори ваҳшиёнаи бемисле, ки бар асари ин ҷангҳо аз ҷониби эшон шарми банда меояду аз баёни он худдорӣ мекунад.
Бояд ёдовар шуд, ки муслимин дар пешрафти олами ғарб чӣ саҳме гузошта ва онон барои пешрафти худ аз тамаддуни исломӣ чӣ навъ истифода кардаанд. Дар садаи аввали футуҳоти исломӣ ду сарзамини Андалус – Испания ва Португалияи имрўза аз қитъаи Аврупо ба дасти фотеҳони исломӣ фатҳ гардида мисли соири сарзаминҳои исломӣ рў ба тараққӣ ниҳоданд. Он ҷо дар баробари улуми назарӣ, илмҳои амалӣ низ рў ба тараққӣ оварда, Андалус яке аз марказҳои мутамаддини исломӣ гардид. Дар таъсири улуми гуногуни исломӣ дар наҳзати илмии ғарб бисёре аз муаррихону донишмандони аврупоӣ ва амрикоӣ матолиб ва ҳақоиқи ҷолибе баён намудаанд. Устоди доишгоҳи Кембриҷ Ҷон Бранд Гаранд менависад: «Ҳангоме ки қисмати зиёди Аврупо аз лиҳози моддию маънавӣ гирифтори бадбахтӣ ва табоҳ шудан буд, мусулмонони Испания тамаддуни бошукўҳе эҷод карданд ва вазъи иқтисодии муназзаму мураттабе ба вуҷуд оварданд.
Испанияи мусулмон роли қатъӣ ва муҳимеро дар тараққӣ ва нашъунамои саноат, улум, фалсафа ва шеър бозӣ карда ва дар қарни сездаҳум кор ба ҷое расид, ки нуфузи он бузургтарин донишмандон ва мутафаккирони Аврупоро ҳамчун Томас Экинос ва Данте таҳти таъсир қарор дод, пас бояд Испанияро машъалдори тамаддуни Аврупо хонд.
Чембер – донишманди англис менависад: «Дар ҳақиқат қалам аз баёни ин ки муслимин чӣ қадар одобу русуми инсоният ва саодати зиндагонӣ ҳамроҳи худ оварда дохили хоки мо карданд ва то чӣ ҳад боиси тараққӣ ва тарбияти аврупоиён шуданд, оҷиз аст. Агар мусулмонон ба фармондеҳии Ториқ ибни Зиёд (фотеҳи Испания) дар соли 711 мелодӣ ба канори Ҷабалут-Ториқ фуруд намеомаданд ва аз он ҷо раҳсипори сарзаминҳои Аврупо намешуданд, маълуму ошкор мегардид, ки мо аврупоиён чи зиёнҳо медидем ва то чи ҳад аз пешрафтҳои кунунӣ дур меафтодем».
Боголд - донишманди англис мегўяд: «Донишгоҳҳои исломӣ дар Бағдоду Андалус ба донишҷуёни хориҷӣ: яҳудӣ ва масеҳӣ хушрафторӣ менамуданд ва харҷи таҳсилоти онҳоро аз хазинаи давлатӣ медод ва онҳоро эҳтиром мекард. Садҳо ҷавонони аврупоӣ аз ин озодӣ ва кумаки мусулмонон истифода карда ва дар он маркази илмӣ ба таҳсили улум ва маориф мепардохтанд».
Дробер – муаррихи машҳури Амрикоӣ менависад: «Донишмандони мусулмон дар аксарияти улуми қадиму ҷадид даст доштанд. Онҳо дар улуми механикӣ, муайян кардани вазни моеот, ҳаркати аввалия, динамик, ҳалли масоили физика ва химия маҳорати комил доштанд. Дар донишгоҳҳои исломӣ аз ҳамаи улум, физика, химия ва ҳайъат (астрономия) гирифта то дарсҳои кишоварзӣ ва имдодӣ ва ахлоқӣ тадрис мешуд ва устодон ва файласуфҳои бузург вуҷуд дошт. Ва донишгоҳе дида нашудааст, ки монанди Донишгоҳи исломӣ шаш ҳазор донишҷў дошта бошад».
Филипп Ҳотӣ мегўяд: «Дар Қуртуба (яке аз шаҳрҳои Испания) милҳо роҳ сангфарш буд, ки аз хонаҳои ду тараф рушноӣ мегирифт, дар сурате Париж ва Лондон ҳатто ҳафт аср баъд аз он таърих вазъе надошт. Қарнҳо баъд агар касе ҷуръат мекард ва дар як рўзи боронии Париж аз остонаи хона берун мешуд, то қузак ба гил мерафт. Мавқее, ки Донишгоҳи Оксфорд назар медод, ки ҳаммом кардан як расми бутпарастӣ аст, донишварони Қуртуба аз ҳаммомҳои муҷаллал баҳравар буданд».
Беролс дар китоби «Инсонсозӣ» чунин менависад: «Бе шак метавон асли ҳар ҷузъиётеро, ки дар уфуқи сарзаминҳои Аврупо тобид ба авомили фарҳангии исломӣ бозгашт дод…. Дониш ҳадяе буд, ки тамаддуни Ислом ба дониши ҷадид бахшид. Бо ин ки метавон асли ҳар пешрафтро дар Аврупо фарҳанги Ислом донист, вале аҳамияти ин авомил вақте ошкор мешавад, ки асари онро дар пайдоиши ин неруи азим мушоҳида кунем. Неруе, ки ҷаҳони навро муҷаҳҳаз ба қувваи аҷибе намуд, нерўе ки дар улуми табиӣ ва рўҳӣ ковиши илмӣ нуҳуфта аст. Ин ки дониши мо мадюни дониши мусулмонон аст, иктишофоти ногаҳонӣ ва афкори нав пайдошуда нест, балки матлаб басе болотар аз ин аст, ки мо тасаввур мекунем, зеро дониши мо ҳастии худро дар гарави дониши мусулмонон дорад. Мо ба хотир дорем, ки чи гуна дониши мо бо рўзгори қадими мо бегона буд ва аслан он ҷо донише вуҷуд надошт. Он чи, ки мо бо номи дониш мехонем, ҳама дар Аврупо бар асари равишҳои ҷадиде, ки дар заминаи озмоиш ва мушоҳида ва андозагирӣ падид омад, таҳаққуқ гирифт ва риёзиёт ба он гуна дигаргун шуд, ки ҳаргиз дар Юнон шинохта намешуд. Оре ин рўҳи фаъол ва ин равишҳои илмиро мусулмонон ба ҷаҳони Аврупо армуғон оварданд»
Доктор Густав Луббон менависад: «Дар Андалус ҳафтод китобхонаи умумӣ мавҷуд буд, дар Қуртуба дар китобхонаи «Алҳокими дувум» шашсад ҳазор ҷилд китоб вуҷуд дошт, ки чиҳилу чаҳор ҷилди он махсуси феҳрасти китобхона буд. Дар сурате, ки Карли Оқил чорсад сол баъд, ки китобхонаи давлатии Парижро таъсис намуд, баъд аз заҳматҳои зиёд, фақат тавонист нуҳсад ҷилд китоб ҷамъоварӣ кунад, ки як сулси он ҳам китобҳои мазҳабӣ буданд. Хидмати муслимин ин набуд, ки илмро аз роҳи таҳқиқу кашфиёт тараққӣ дода, рўҳи махсус ба қолаби он бидаманд, балки ба василаи таҳриру нигориши китоб ва мадрасаҳои олӣ онро дар дунё паҳн намуданд. Аз ҷумла ба дунёи улум ва фанну маорифи Аврупо аз ин роҳ эҳсоне, ки намуданд воқеан наметавон барои он ҳадде тасаввур намуд. Дар яке аз бобҳои оянда унвони осори илмӣ ва адабии мусулмононро баён мекунем, ки онҳо то чандин қарн устоди Аврупо буда ва фақат ба василаи онон илми қадимаи Юнон ва Рум дар Аврупо шое гардид»
Аммо ин давлати мутараққӣ ва ин манбаи расонандаи илму маърифатро дар асри сездаҳум душманонашон ба харобазор табдил дода, мардуми мусулмони онро бо сахтарин азобҳои гушношунид мубтало ва ба қавли Доктор Луббон: «Шояд дар тамоми саҳифаҳои таърих қавме ба таври намуна пайдо нашавад, ки ба ин суръат, то ин дараҷа шикаст хўрда бошад. Илму фан, зироат, касбу ҳунар ва ҳамаи он чизҳое, ки сабаби тараққии як кишвар аст, якбора аз назар ғоиб гардид..»[10].
Ҷои инро маҳкамаҳои тафтишотӣ (инквизиция) гирифтанд. Ва ба ишораи И. Григулевич: «Инквизиция дар Испания авҷ гирифта ба туфайли амалиёти ваҳшиёнаи сардори инквизицияи Испания, пайрави силсилаи доминиканҳо Торквемада Томас (1420-98) дар шаҳрҳои Барселона, Кастилия, Арагония зиёда аз даҳ ҳазор кас ба қатл расонида шуд».
Вале пас аз он ҳама хидматҳое, ки мусулмонон дар Испания анҷом доданд, роҳбарони масеҳӣ фатво ба қатли пиру ҷавон ва зану мардони мусулмон дода қариб 3 миллион мусулмонро аз дами теғ гузаронданд. Нависандаи машҳури масеҳӣ Ҷон Девон Порт менависад: «Кист, ки барои аз байн рафтани охирин бақоёи ҷавонмардӣ, яъне шикасти императори Ислом дар Испания сўгворӣ накарда бошад? Кист, ки фазои синааш нисбат ба он миллати шуҷоъ ва саховатманд ва лабрез аз посдориву тамҷиду такрим набошад? Ҳамон миллате, ки дар тўли ҳаштсад сол ҳукумат дар Испания, ҳатто таърихнависони мухолифашон натавонистанд майдатарин намунае аз зулму ситамгарӣ роҷеъ ба онҳо бинависанд. Кист, ки аз ҳар ҳаракатҳои дастгоҳи масеҳият хиҷолтзада нашуда бошад? Мақсуд ҳамон ҳаракат ва таҳрикҳое, ки дар натиҷаи қувваҳои дохилӣ бар асари таассуб ва ситамгариҳои шайтонӣ бар зидди муслимин ба ҳаяҷон омаданд ва чунон зулмҳое муртакиб шуданд, он ҳам нисбат ба касоне, ки барои ҷамъият, яъне испониёиҳо он ҳама инсоният ва ҳимоят иброз намуда буданд».
Муаррихи маъруфи масеҳӣ Ҷурҷӣ Зайдон менависад: «Пас аз пирўзии масеҳиён бар Андалус, мусулмононро маҷбур намуданд, ки монанди яҳудиён ва зишткорон аломате бо худ ҳамроҳ дошта бошанд, то ба ин васила шинохта шаванд ва саранҷом мусулмононро соҳибихтиёр бар миёни марг ва қабули масеҳият намуданд»
Дар сурате, ки калисо ва маъбадҳои динии дигар ҳамеша дар сарзаминҳои исломӣ ба тавре озод буданд, ки гўё аз қаламрави ҳукумати муслимин хориҷ ҳастанд.
Доктор Густав Луббон - донишманди фаронсавӣ менависад: «Мусулмонон дар тўли чанд қарн кишвари Андалусро аз назари илмӣ ва молӣ ба куллӣ дигаргун намуда ва онро тоҷи ифтихор бар сари Аврупо қарор дода буданд. Ин дигаргунӣ ва инқилоб на танҳо дар масоили илмӣ ва молӣ балки дар ахлоқ низ буд. Мусулмонон яке аз хислатҳои пурқимат ва олии инсониро ба насоро омўхтанд ва ё кўшиш доштанд, ки биомўзанд ва он ҳамзистии мусолиматомез (осоишта) бо пайравони динҳои бегона буд. Рафтори онҳо бо аҳволи мағлуб ин қадар мулоим буд, ки раисони кашишҳои насронӣ иҷозат доштанд, барои худ маҷлисҳои динӣ ташкил диҳанд, чунонки дар Сивилия соли 872 милодӣ, дар Қуртуба соли 852 милодӣ маҷлисҳои таҳқиқу баррасии динӣ доир карда буданд.
Аз калисоҳои зиёде, ки дар давраи ҳукумати исломӣ бино шуда, метавон пай бурд, ки онҳо диёнати қавмҳои мағлубро то чи андоза эҳтиром мекарданд. Бисёре аз масеҳиён Исломро пазируфтанд, дар ҳоле ки барои ин кор зарурате набуд.
Дар ҳукумати муслимин, насрониён ва яҳудиён дар ҳуқуқ бо мусулмонон баробар буда ва дар дарбори хилофат метавонистанд ҳар шуғлу мақомеро доро бошанд».
Дар таъкид ва ҷамъбасти суханони боло гуфтаҳои сардори тозаинтихобшудаи католикҳои ҷаҳон, Папаи Рим Бенедикти XVI-ро меорем, ки нисбати ислом чунин гуфтааст:
«Аврупо гирифтори буҳрони амиқи маънавиест, ки мавҷудияти худи онро зери хатар гузоштааст. Аврупо асли худро гум кардааст ва аз ин рў оянда низ надорад. Эҳёи ислом аз як ҷониб ба афзоиши некўаҳволии моддии кишварҳои мусулмон алоқаманд аст, вале аз ҷониби дигар маҳз ислом қодир аст, ки ба халқҳо маърифат ва арзишҳои воқеии маънавӣ бахшад, яъне он чиро ки Аврупо аз даст додааст».
Азалшоҳи Баҳром
Сархатиби шаҳри Ҳисор