АМНУ СУБОТИ КИШВАР НЕЪМАТИ БЕБАҲО АСТ
Ҳамду ситоиш Худованди ягонаро ва дуруду салом бар Расули гиромӣ (с) ва олу асҳоби ў бод.
Сулҳу салоҳ, амну субот барои инсон неъмати бузургест, ки бидуни он ҳаёти хешро бо тариқи саодатмандӣ ва самарабахш наметавон гузаронид. Аз ҳамин хотир аст, ки Аллоҳ таъоло ба сабаби амн қарор гирифтани Макка, миннат карда чунин фармуд:
Оё надидаанд, ки Мо Ҳарами боамн пайдо кардем ва [ҳол он ки] мардуми гирдогирдашон рабуда мешаванд? Оё [чизи] беаслро бовар медоранд ва ба неъмати Худо носипосӣ мекунанд? (Сураи «Анкабут», ояти 67).
Касе дар кишвар ноили амн гардад ва дар бадан ноили тандурустӣ, чунин кас тамоми дунёро ноил гардидааст, зеро неъмати амн аз дунё ва тамоми дороии он беҳтар аст.
Ҳазрати Паёмбар (с) фармудаанд: Касе аз шумо саҳар бархезад, дар худ амнро ҳис кунад ва дар бадан тансиҳатиро, дар назди ў қути ҳамонрўзааш бошад, чунон аст, ки барояш дунё ҷамъ оварда шудааст (Ривояти Тирмизӣ ва Ибни Моҷа).
Афзунии ин неъмат танҳо ба шукр ва сипосгузорӣ мешавад, зеро Худованди бузург дар Қуръони карим фармудааст:
«Ва он вақт, ки Парвардигори шумо хабардор сохт, ки агар шукр кунед, ба шумо зиёда диҳам; ва агар носипосӣ кунед, ҳароина азоби Ман сахт аст» (Сураи «Иброҳим», ояти 7).
Расули Худо (с) дар мавриди шукр фармудаанд: Касе камро шукр накунад, бисёрро шукр натавонад кард ва касе мардумро шукр накунад, Худоро шукр натавонад кард. Аз неъмати Худо сухан гуфтан шукр аст ва тарки он ношукрист … (Ривояти Имом Аҳмад аз Нуъмон ибни Башир).
Шукру сипоси Худованд, ки неъмати амну суботро ато бахшидааст ва сипосгузории роҳбарияти давлатамон, ки Худованд ин неъматро ба воситаи онҳо амалӣ қарор додааст.
Дар мавриди аҳамият ва зарурати амну субот омадааст, ҳангоме ки ҳазрати Иброҳим (а) писараш Исмоил ва ҳамсараш Ҳоҷарро дар водии Макка гузошт, аввалин дуое, ки барояшон аз Худованд дархост кард, талаби амну субот буд:
«Ва он гоҳ, ки Иброҳим гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин маконро шаҳри боамн бисоз ва аз сокинонаш касеро, ки ба Худо ва рўзи бозпасин имон оварад, аз меваҳо рўзӣ деҳ!» (Худо) фармуд: «Ҳар касеро, ки кофир шавад, андаке баҳраманд гардонам, пас ўро ба бечорагӣ ба сўи азоби оташ биронам. Ва вай бад ҷоест» (Сураи «Бақара», ояти 126).
Сипас ҳангоме, ки ин водӣ кишвар шуд, Ҳазрати Иброҳим аз Худо дархост кард, ки онро кишвари амн қарор диҳад:
Ва (ёд кун) чун Иброҳим гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин шаҳрро ҷои амн бигардон; ва марову фарзандони маро аз ибодати бутон дур дор! (Сураи «Иброҳим», ояти 35).
Ин оят таъкиди онро мекунад, ки амну субот дархости муҳимест, ки инсон ба он эҳтиёҷ дорад, вагарна Иброҳим (а) аз Аллоҳ таъоло такроран суол намекард. Барқарории амну субот аз заруриётест, ки тамоми аҳли башар бар он иттифоқ доранд, зеро ҳифзи хун, мол, номус, ақл ва дин ба туфайли амну субот амалӣ хоҳад шуд. Ҳифзи амонии ватан корест, ки ба ҳар фарди мусулмон ва сокини ин кишвар вобастагӣ дорад ва ҳамаи мо дар нигоҳдошти сулҳу субот вазифадорем.
Худованди меҳрубон мардуми ин диёрро зиндагонии орому саодатмандона дар дунё ва сарбаландию наҷоти рўзи қиёматро насибу рўзӣ бигардонад.