Home Articles ПАЙРАВӢ БА АХЛОҚИ РАСУЛИ ХУДО (с)

ПАЙРАВӢ БА АХЛОҚИ РАСУЛИ ХУДО (с)

ПАЙРАВӢ БА АХЛОҚИ РАСУЛИ ХУДО (с)
2025-09-05
880
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон          Ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дорои ҳулқу хӯи зебо ва муомилаву муоширати накӯ буданд, бо ҳар касе рӯ ба рӯ мешуданд, хоҳ тавонгар бошаду хоҳ дарвеш, хоҳ хурду хоҳ калон, салом мекарданд. Хушсухану хушчеҳра буданд ва бидуни ин ки биханданд, ҳамеша табассуме бар лаб доштанд ва бидуни ин ки чеҳраашонро қаҳролуд хашмгин кунанд, андӯҳгин ба назар мерасиданд.        Бидуни ин ки аз худ зиллату хорӣ нишон диҳанд, ҳамвора мутавозеу хоксор буданд. Дилнозук буда ва ба ҳамаи мусулмонон меҳрубонӣ мекарданд.        Ҳаргиз ҳоҷати дигаронро рад накардаанд. Агар барояшон имкон мебуд, ҳоҷати ҳоҷатталабро мебароварданд, вагарна бо забони нарму ширин ӯро розӣ менамуданд.         Расули Худо (с) агар се рӯз яке аз асҳоби худро намедиданд, аз ҳоли вай ҷӯё мешуданд. Агар дар сафар мебуд, дар ҳаққаш дуо мекарданд ва агар дар хона мебуд, ба дидораш мерафтанд. Чун бемор бошад, ба аёдаташ мешитофтанд.        Ҳаргиз дида нашуд, ки Расули Худо (с) бо касе дар ҳоҷате ҳамкорӣ кунанд, вале зудтар аз вай даст аз кор бардоранд. Вақте бо касе ҳамсӯҳбат мешуданд, дида мешуд, ки пештар аз хомӯш бимонанд. Боре ҳам пеши касе пои худро дароз накардаанд. Расули Худо (с) рӯзҳои панҷшанбе ба сафар мебаромаданд. Саъй доштанд ба ҳамсафарони худ кӯмак кунанд ва дар ин бора мефармуданд: "Бузурги ҳар қавм касест, ки ҳангоми сафар ба ҳамроҳони худ кӯмак кунанд". Он ҳазрат (с) шахсан ӯҳдадори ҷамъоварии ҳезум мешуданд.        Хашму ғазабашон фақат барои Худо буд ва ҳаргиз барои хештан ғазаб намекарданд. Дар ҳолати хашму ризоят фақат ҳақиқатро мегуфтанд. Раёсати фатво
Pray time in Dushanbe

06.05.2026

More
Fajr03:48
Zuhr12:40
Asr17:26
Maghrib19:32
Isha21:02
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

More