Ислом ва нақши падару модар

Қуръон, ки китоби дарбаргирандаи ҳамаи паҳлӯҳои зиндагонӣ аст, барои саодати башарият фиристода шудааст. Худованд дар ин китоб ҳамаи роҳҳое, ки инсонро ба саодат мерасонанд нишон дода аст.
Аз ҷумлаи ин роҳҳо эҳтиром гузоштан ба падару модар мебошад, ки Худованд дар чанд ҷои Қуръон мо бандагонашро амр намудааст.
Масалан дар оятҳои 23 - 24 сураи “Исро” мехонем:
“Парвардигорат фармон додааст, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед, ҳар гоҳ яке аз он ду ё ҳардуи онҳо пир шуданд, камтарин иҳонате (аз нороҳатӣ оҳи сар кашидан) бар онҳо макун ва бар онҳо фарёд мазан ва меҳрубононаю санҷида ва бузургворона бо онҳо сухан гӯй (23). Аз сари лутфу меҳрубонӣ ба онҳо фурутанӣ кун ва бигӯй: Парвардигоро! ҳамон гуна, ки онҳо маро дар хурдӣ тарбият карданд, ту ҳам ба онҳо раҳм кун.(24) ”
Албатта бояд таваҷҷуҳ дошт, ки муҳаббат ба падару модар фақат набояд дар даврони пирии онҳо бошад, балки ояти ёдшуда бар муҳаббат дар ҳамаи замонҳо ба хусус дар даврони пиронсолагӣ таъкид ва супориш мекунад.
Медонед чаро Худованд моро ин қадар ба некӣ ба падару модар ва риоя намудани эҳтироми онҳо супориш намудааст?. Зеро онҳо барои мо хеле заҳмат кашидаанд ва барои бузург кардани мо ранҷҳои зиёдеро таҳаммул кардаанд. Илова бар ин, эҳтиром ба падару модар барои хубу мустаҳкам шудани робитаҳои хонаводагӣ ва бо хушу хурсандона даври ҳам зиндагӣ кардан мебошад.
Худованди мутаъол мефармояд:
(Оре, ба инсон васият кардем, ки) ҳам сипосгузори ман ва ҳам сипосгузори падару модарат бош! (Ва бидон, ки) саранҷом бозгашт ба сӯи Ман аст. «Сураи Луқмон, ояти 14».
Аз ин ҷост, ки мусалмони огоҳ ва дурандеш беш аз ҳар инсони дигаре дар ин дунё нисбат ба падару модараш некӣ меварзад.
Ҳар кӣ хоҳад, ки фарзандаш солеҳу шоиста ва фармонбардору боадаб бошанд, боз бояд худ фармонбардори падару модараш бошад. Дар ҳадиси шариф омада: «Нисбат ба падару модар ва хешовандони онҳо хайрхоҳу некӯкор бошед, зеро азобу уқубати ҳар гуноҳмумкин аст ба охират бикашад, аммо азобу уқубати нофармонӣ ба падару модар дар ҳамин зиндагии дунёвӣ мерасад».
Аз тарафи дигар аҳодиси бисёре баёнгари он аст, ки хушнудии Худо дар хушнудии падару модар мебошад.
Аз ин ҳадис чунин бармеояд, ки ҳар як фарди мусалмон бояд бикушад то ризояти волидайнашро ба даст орад ва аз барангехтани хашми онон бар ҳазар бошад. Мутассифона дар ҷамъияти ҳозираи мо ҳастанд нафароне, ки заррае ба волидайни худ аҳамият намедиҳанд. Агарчанде, ки шароити хуби зиндагӣ доранд, вале падару модари пири худро ба ҷойҳои парастории бесоҳибон бурда монда, моҳҳою солҳо аз ҳолашон хабар намегиранд. Чунин ҳолат ва суханронии баъзе аз падару модаронро аз хонаҳои бесоҳибон, ки аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешаванд, тавассути радиову телевизион ҳамаи мо дидаву шунидаем.
Ҳамин тавр, мо бояд нисбат ба волидайн на ин ки дар як сол як маротиба ҳурмату эҳтиром зоҳир намоем, балки ҳамеша ва дар ҳама ҷой эҳтироми онҳоро ба ҷой орем. Кӯшиш ба харҷ бидиҳем, ки онҳоро хурсанд намоем, роҳҳои лутфу илтифоти онҳоро ҷустуҷӯ намоем, ба дуъои хайри онҳо сазовор шавем. Агар шумо аз онҳо дур бошед, набояд онҳоро фаромӯш кунед, ҳамеша бо онҳо дар робита бошед ва дар сурати пайдоиши аввалин имконият ба зиёрати онҳо биравед.
Агар имконияти ба назди онҳо рафтан надошта бошед, бо воситаи телефон ё почта дар тамос шавед. Бояд бо фараҳу хурсандӣ ҳар як хоҳиши онҳоро иҷро намоед, эҳтиёҷоти моддӣ ва дигар дархостҳои онҳоро таъмин намоед. Фаромӯш набояд кард, ки беҳурматӣ нисбати падару модар аз ҳамаи гуноҳҳо сахттар аст. Набояд фаромӯш кард, ки фарзандоне, ки волидайни худро ҳурмат намекунанд, дар назди фарзандони худ шахсони соҳибэҳтиром намешаванд. Баъди вафоти волидайн ба хотири неки онҳо дуо бояд кард. Набояд фаромӯш кард, ки розигии Худо ин илтифоти волидайн аст.
Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳояшон оид ба масъалаи мазкур, ки ҳамчун доғи рӯз шинохта мешавад, таъкид бар он мекунанд, ки падарону модаронро чи гунае, ки дини мубини Ислом амр намудааст, эҳтиром ва нигоҳубин намоем. Нагузорем, ки онҳоро каси дигар ба ҷои фарзандонашон нигоҳубин намуда, дар охир онҳоро бе ҳузури фарзандҳояшон ба хок супоранд. Сарфу хароҷоти беҳӯдае, ки аз ҷониби баъзе аз шаҳрвандони мо дар ҷойҳои ғайрилозимӣ сурат мегирад, зарур аст, ки дар вақти дар қайди ҳаёт буданашон барои волидони хеш сарф гардад.
Қиёмиддин Насриддинов,
мутахассиси пешбари Кумитаи оид ба корҳои дин
Speeches by the President
Speeches by the Head of Islamic Сentre

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
More