Андешаҳо роҷеъ ба суханронии Маҳдӣ Собиров дар мизи мудаввар
Дар таърихи тамаддуни башарӣ миллати тоҷик ҳамчун миллати фарҳангдўсту сулҳпарвар шинохта шудааст, ки ҷойи шакку тардид надорад. Дар тўли қарнҳои гузашта ин миллат шоҳиди бисёр таҷовузҳо ва қатлу ғоратҳо аз ҷониби аҷнабиён гардидааст. Бо амри тақдир дар охири асри гузашта бо дасисаи як гурўҳи иғвогар ва фитнаҷў дар байни ин миллати кўҳанбунёд ихтилофу тафриқа ва ҷанги бародаркушӣ рух дод, ки хонаҳои обод сўхтаву валангор шуда, мардуми зиёде кушта ва аз Ватан беватан шуданд. Хушбахтона Парвардигори меҳрубон ба ин миллат назари раҳмати хешро арзонӣ дошт ва бо саъю талошҳои ҷонфидоёнаи Пешвои миллат Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар санаи 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Мардуми шарафманди тоҷик аз ин рўйдоди таърихӣ дами осуда кашиданд ва барояшон сулҳи деринтизор фаро расид. Бо истиқрори сулҳи тоҷикон, мардум гумон карданд, ки бо ҳамин фазои сулҳу субот кишварро фаро гирифт ва дигар ҳеҷ кас наметавонад дар Тоҷикистон низоъ эҷод намояд. Аммо мутаассифона ин тавр нашуд.
Вақт нишон дод, ки роҳбарияти ҳНИ тайи ин солҳо ҳамеша дар фикри эҷоди тафриқа буда, мисли каждуми зери бўрё ва мунофиқони Мадина, он лаҳзаҳоеро мунтазир будааст, то дар фурсати муносиб неш зада, бори дигар хиёнат кунад.
ҳарчанд ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарони Комиссияи Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои пойдории сулҳи бадастомада саъю кўшиш ба харҷ медоданд, вале ин гурўҳи хиёнатпеша бо мақсади паст задани обрўи ин миллати фарҳангдўст ва инсонпарвар дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ ба коре даст заданд, ки нафрати касро ба вуҷуд меорад.
Чи хеле ки дар матни суханронии Махдӣ Собиров омадааст, моҷарои қатли нозирони Созмони Милали Муттаҳид чунин рух додааст: «Рўзи 20 июли соли 1998 соати 11-00 вақте, ки автомашинаи кормандони СММ аз самти ҳавзи Кабуд ба самти ноҳияи Дарбанд ҳаракат мекарданд, дар мавзеи Фарови ҳудуди деҳаи Ёнур роҳи онҳоро се нафар террористи ҳизби наҳзати исломӣ-Мирзомуддин Валиев, Ёқубҷон Дарвешов ва Сайраҳмон Довудов гирифтанд.
Мирзомуддин атрофро аз назар гузаронида тез ба назди мошин омад. Дар автомошина ронанда Ричард Шевчеки полияк, аз Полша, тарҷумони тоҷик ҷўраҷон Маҳрамов, аз Тоҷикистон, Адолфа Шерпегул Уруевичи неметс, аз Олмон, Ютака Акино нависанда ва профессори ҷопонӣ менишастанд. Онҳоро аз мошин берун кашиданд. Аввал ҷўраҷон Маҳрамовро парронданд. Ютако Акино ҳолати ҷўраҷонро дида худашро ба болои ў ҳаво дод. Ютако Акино мехост бо ҷисми худ ўро хифз намояд. Ёқубҷон бошад боқимондаи тирҳои автоматро ба бадани ў холӣ кард. Ричардро Мирзомуддин ва Адолфро Сайраҳмон парронд».
Аз хондани матлаби мазкур ва амали ноҷавонмардонаи наҳзатиёни хиёнатпеша кас ба хулоса меояд, ки ин гурўҳ ҳамчун мунофиқони замони Пайғамбар (с) ба қавли худ содиқу устувор нестанд ва ҳамеша дар фикри ноором кардани сулҳи бо ҳазор заҳмату ҷонбозиҳо бадастомада мебошанд.
Чунонки аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: «Чаҳор хислат аст, ки ҳар гоҳ дар касе мавҷуд бошад, мунофиқи холис аст. Ва он ки дар ў хислате аз ин хислатҳо бошад, дар ў хислате аз нифоқ аст, то онро тарк карда ва бигзорад: чун амин шумурда шавад, хиёнат кунад; чун суҳбат кунад, дурўғ гўяд; чун паймон бандад, паймоншиканӣ кунад ва; чун даъво кунад, дашном диҳад» (Саҳеҳи Бухорӣ, 34; Муслим, 58).
Вақт нишон дод, ки аъзоёни ҳНИ аз ҳамин тоифа буда, дар асл мунофиқ ва хоини миллат будаанд. Инак, вақт фаро расид, парда бардошта шуд, симои воқеӣ ва мақсадҳои нопоки ҳНИ пас аз 20 сол фош гаштанд.
Аз матлабҳои дар боло зикршуда чунин хулоса мешавад, ки ҳадафи ҳНИ ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни афроди миллат чизи дигаре набуд. Вагарна ба ҷойи ширкат кардан дар ҳаёти осоишта ва рушду тараққӣ додани кишвари худ ба куштори ашхоси бегуноҳ даст мезананд ва ба ин васила мехоҳанд обрўи ин миллати соҳибфарҳангу кўҳанбунёдро дар сатҳи ҷомеаи байналмилалӣ коста гардонанд.
Хушбахтона имрўз мардуми шарафманди тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳадафҳои шуми ин хоинон ба хубӣ огоҳанд ва дигар ба даъватҳои дурўғини онҳо бовар нахоҳанд кард. Чунки дар тўли 20 соли сипаришуда чандин амалҳои ноҷавонмардонаи инҳоро бо чашми сар дида, бо гўш шунидаанд ва бо ақли худ таҷриба кардаанд.
Мо бояд ба насли ҷавон диққати ҷиддӣ дода, онҳоро тарбияи хуб намоем, илм омўзонем, маърифатпарвар ва ватандўст ба воя расонем, то ин ки фирефтаи чунин бадхоҳони миллат нагарданд.
Ногуфта намонад, ки ҳукумати кишвар ғамхори халқ буда, Пешвои миллат хайрхоҳи кишвар ва кафили сулҳ аст. ҳар иқдоме, ки аз ҷониби давлат амалӣ мешавад, танҳо ба хотири некўаҳволии мардум ва ба хотири пойдории сулҳу субот аст.
Сардори Раёсати фатво
Хомўшов ҷамолиддин