Home Articles Дар ҳошияи сафари давлатии Пешвои миллат ба Ӯзбнкистон

Дар ҳошияи сафари давлатии Пешвои миллат ба Ӯзбнкистон

Дар ҳошияи сафари давлатии Пешвои миллат ба Ӯзбнкистон
2018-08-24
2968

Рӯзҳои  17  ва  18  -уми  августи  соли  2018  Пешвои  муаззами миллат  муҳтарам  Эмомалӣ   Раҳмон  ба  Ҷумҳурии  ҳамсояи  мо Ӯзбекистон    сафари  давлатӣ анҷом  доданд. Ин  сафар  сафари  таърихӣ ва таҳкимдиҳандаи риштаи дӯстии  ин  ду  миллати   бо  ҳам  дӯсту  бародар буд. Дар мудати  27-  сол   ин ду миллат тақрибан бо  ҳам  рафту  омад  надоштанд,  аммо иродаи сиёсии ду роҳбари оқил боис гардид, ки ду халқи ба ҳам бародар бори дигар ба ҳам оғуши муҳаббат боз намоянд. 

Дар  ин  сафари  давлатӣ, ки 26  санадаи нави ҳамкорӣ ба тасвиб расид, Президенти  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон  Шавкат   Мирзиёев  қайд  намуд,  ки  “дигар  мушкилӣ  байни  ду  давлат  вуҷуд  надорад, агар  саволе  ба  вуҷуд  ояд , зуд  ҳал  хоҳад  шуд”.  Бо ордени  дӯстии  халқҳои  тоҷику  ӯзбек  қадрдонӣ  намудани  Пешвои миллати мо муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон воқеан боиси ифтихори мост.

Воқеан  боиси хушнудиву ифтихор буд, вақте Президенти кишвари ҳамсоя бо забони  тоҷикӣ гуфт: «дӯстии  халқҳои  тоҷику   ӯзбек  абадӣ бод». Шукри  Худоро  мекунем,  ки  чунин  роҳбари  оқилу  доно  ва  дурандеш  насиби  мо  тоҷикон гардидааст ва маҳз бо ҷаҳду талош ва сиёсати дурбинонаву хирадмандонаи Пешвои миллат мо ба чунин рӯзҳои нек расидем. Аз ин лиҳоз, моро мебояд бо шукргузорӣ аз фазои пурсуботи Ватан дар роҳи таҳкими сулҳу дӯстӣ кори аз дастамон меомадаро анҷом диҳем.

Н. Файзуллоев,

имомхатиби  масҷиди  ҷомеи ҷамоати деҳоти

ба номи Боқӣ Раҳимзода и   н. Рашт

Pray time in Dushanbe

13.06.2026

More
Fajr03:23
Zuhr12:40
Asr17:53
Maghrib19:59
Isha21:29
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

More