Дар ҳошияи сафари давлатии Пешвои миллат ба Ӯзбнкистон
Рӯзҳои 17 ва 18 -уми августи соли 2018 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии ҳамсояи мо Ӯзбекистон сафари давлатӣ анҷом доданд. Ин сафар сафари таърихӣ ва таҳкимдиҳандаи риштаи дӯстии ин ду миллати бо ҳам дӯсту бародар буд. Дар мудати 27- сол ин ду миллат тақрибан бо ҳам рафту омад надоштанд, аммо иродаи сиёсии ду роҳбари оқил боис гардид, ки ду халқи ба ҳам бародар бори дигар ба ҳам оғуши муҳаббат боз намоянд.
Дар ин сафари давлатӣ, ки 26 санадаи нави ҳамкорӣ ба тасвиб расид, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қайд намуд, ки “дигар мушкилӣ байни ду давлат вуҷуд надорад, агар саволе ба вуҷуд ояд , зуд ҳал хоҳад шуд”. Бо ордени дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек қадрдонӣ намудани Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан боиси ифтихори мост.
Воқеан боиси хушнудиву ифтихор буд, вақте Президенти кишвари ҳамсоя бо забони тоҷикӣ гуфт: «дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек абадӣ бод». Шукри Худоро мекунем, ки чунин роҳбари оқилу доно ва дурандеш насиби мо тоҷикон гардидааст ва маҳз бо ҷаҳду талош ва сиёсати дурбинонаву хирадмандонаи Пешвои миллат мо ба чунин рӯзҳои нек расидем. Аз ин лиҳоз, моро мебояд бо шукргузорӣ аз фазои пурсуботи Ватан дар роҳи таҳкими сулҳу дӯстӣ кори аз дастамон меомадаро анҷом диҳем.
Н. Файзуллоев,
имомхатиби масҷиди ҷомеи ҷамоати деҳоти
ба номи Боқӣ Раҳимзода и н. Рашт
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар