Home Articles Дониш талабу бузургӣ омӯз...

Дониш талабу бузургӣ омӯз...

Дониш талабу бузургӣ омӯз...
2018-08-31
4542

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

Сипосу ситоиши беадад шоистаи Худованде аст, ки ба инсон неъмати илму ҳикмат арзонӣ дошт, дуруду саломи пур аз меҳру муҳаббат бар Расули гиромӣ (с) бод, ки бо ҳарфи “Иқраъ” илму донишро ба ҷаҳониён мунташир сохт.

Ҳамагон медонанд, ки ҳар сол рӯзи якуми сентябр дар тамоми макотибу омӯзишгоҳҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои кишвар занги нахустини оғози “Рӯзи дониш” садо дода, таҳсили нав шуруъ мегардад. Дар ин рӯзи муборак падарону модарон кӯдакони навомӯзи худро бо сад орзуву умед ба даргоҳи илму маърифат гусел менамоянд, то ки онҳо дар оянда соҳиби донишу адаб гарданд ва сабаби ифтихори волидайн ва миллату ватан бошанд. Донишҷӯён ва муҳассилони макотиби олӣ низ мекӯшанд, ки аз ин сарчашмаи бебаҳои илоҳӣ баҳравар шуда, ба камоли илму адаб ва ахлоқи олии инсонӣ ноил гарданд.

Дини мубини Ислом, саршор аз дастурот ва тавсияҳо барои фаро гирифтани илм ва дониш аст. Далели ин гуфта нахустин ояти Қуръони карим аст, ки ба Пайғамбар (с) нозил шуда, ба фаро гирифтани илм даъват намуд: «Бихон ба номи Парвардигорат, ки офарид». («Иқраъ»; 1).

Дар ҷои дигар Худованди мутаъол ба қалам, ки василаи навиштан аст, қасам ёд намуда мефармояд:

«Нун. Савганд ба қалам ва он чи менависанд». («Нун»; 1).

Дар баробари ин, Қуръони карим дар мавориди бешуморе аз касоне, ки илм меомӯзанд ва соҳиби донишандмадҳ  намудааст. Чунончи дар фазилати илму дониш фармудааст:

«Бигӯ: «Оё онон, ки медонанд ва онон, ки намедонанд, баробар мешаванд? Ҷуз ин нест, ки соҳибони хирад пандпазир мешаванд». («Зумар», 9).

Ин ояти муборак мақоми волои илму донишро дар пешгоҳи Худованд нишон дода, баёнгари ин матлаб аст, ки камоли инсон дар ҳосил кардани илму маърифат ва амал кардан ба мазмуни он мебошад. Дар ҳақиқат илму дониш ва машғул шудан ба он ва таълим додани дигарон аз сифатҳое аст, ки ҳар инсони оқил онро меписандад ва дӯст медорад.

Суннати набавӣ низ бар ҷойгоҳи волои илму дониш таъкиди фаровон дорад ва саъйу талош дар роҳи касби илмро василаи расидан ба биҳишти барин қарор додааст. Расули Худо (с) дар ин маврид фармудааст: «Шахсе дар роҳе равад, ки дар он илмеро меҷӯяд, Худованд барои ӯ роҳе ба сӯи биҳишт омода мекунад». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Расули гиромӣ (с) роҷеъ ба мақому манзалати илму дониш боз мефармоянд:

«Ҳар он ки роҳе мепаймояду дар он роҳ ҷустуҷӯи илм дорад, Худованд ӯро ба сӯи ҷаннат мебарад ва малоикаҳо аз ҷиҳати хушнудӣ болҳои худро дар зери пойи толибилм мегузоранд ва онҳое, ки дар замину осмон ҳастанд, ҳатто моҳиёни зери баҳр барои олим омурзиш металабанд».

Мавриди тазаккур аст, ки ҷаҳони имрӯз шоҳиди ҳаводис ва таҳаввулоти азим аст ва ин амр дар зиммаи ҳамагон масъулияти басо гаронро гузоштааст. Бояд ҳар як фарди донишомӯз аз рӯзи нахустини таҳсил ақлу хирадро роҳнамои худ қарор дода, нияти нек ва қалби хайрхоҳро қарини зиндагии хеш намояд. Чунки илми бидуни ақлу хирад сабаби бадбахтии инсонҳо гардида, ҳазорон нафарро ба нокомӣ гирифтор мекунад. Расули акрам (с) дар дуо ва муноҷоти хеш чунин мефармуданд:

“Парвардигоро! Ман аз Ту илми судманд мехоҳам ва аз илме, ки суд надорад, ба Ту паноҳ мебарам”.

Ҳадафи аслӣ аз омӯзиши илму дониш нафъ расонидан ба халқи Худо ва расидан ба саодати ҷовидонӣ аст, на чизи дигар. Дар ин росто, сазовору шоиста аст, ки ҳар як донишҷӯ ва омӯзгор васиятҳои сарвари мазҳабамон ҳазрати Имоми Аъзам (р) ба фарзандаш Ҳаммодро сармашқи худ қарор диҳанд, зеро кор бастани ин насиҳатҳо дар даврони таҳсил бисёр судманд буда, самараи нек ба бор хоҳад овард. Ба андешаи Имоми Аъзам (р) омӯзгор бояд дар ошкору ниҳон якрӯ ва нисбати шогирдони худ мушфиқу меҳрубон бошад, чунонки мефармояд:

“Бо Худо дар ниҳону ошкор ва дар танҳоӣ ва чашми мардум як хел бош! Зеро салоҳи амри олим ва самараи илмаш вақте ошкор мегардад, ки дар ниҳону ошкори худ яксон бошад.

Бо шогирдонат ба монанди фарзанд бо меҳру муҳаббат рафтор кун!  Ин кор рағбати онҳоро ба касби илм бештар мегардонад.

Ҳамеша бар нафси худ муроқиб ва назоратгар бош ва илмро ҳифз ва посдорӣ намо, то дар дунё ва охиратат аз он баҳравар гардӣ!”.

Бузургони илму адаб низ дар васфи илмомӯзӣ ва фазилати илму дониш ашъори дилпазир ва суханони арзишманде гуфтаанд. Ба таври мисол Ҷалолуддини Румӣ мефармояд:

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ,

Ҳар ҷо, ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ.

Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз,

То тоҷи наберагони Одам бошӣ.

Волидону омӯзгорон ва мураббиёну масъулонро зарур аст, ки дар навбати аввал илму дониши худро қарини амал намоянд ва зиндагии маънавияшонро ислоҳ созанд. Дар ин сурат таълиму тарбияи онон муассир воқеъ мегардад ва наврасону ҷавононро дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба илму маърифат, худшиносиву ватандӯстӣ тарбия намудан имконпазир мешавад.

Дар охир аз Худованди Мутаъол оҷизона мехоҳем, ки моро аз зумраи инсонҳои накӯкор ва илмдӯст қарор бидиҳад, бароямон илми нофеъ ва амали солеҳ насиб гардонад, хусусан ба ҷавонону наврасони мо тавфиқи истифода аз ақлу хирадро каромат фармояд. Омин!!!о

Сангалиев Маҳмуд

сармутахассиси Раёсати фатвои

Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Pray time in Dushanbe

30.11.2024

More
Fajr05:45
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:07
Isha18:37
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More