«Паймони миллии Тоҷикистон”- паймони фитнаҷўён
Рўзи 10-уми сентябри соли 20108 дар шаҳри Варшаваи кишвари Лаҳистон Анҷуманиҳуқуқи башари САҲА ба кори худ шурўъ кард. Дар ҳошияи ин чорабинӣ мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон аз ноогоҳии дастандаркорони ин Созмон сўистифода карда, эътилофи наве бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро таъсис доданд, ки ин эътилоф боз як роҳи фитнаангезӣ нисбат ба кишвари Тоҷикистон дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ асту бас.
Ҳамагон медонанд, ки кишвари азизамон дар даврони истиқлолият рушду тараққӣ кард, аммо ин хоинон аз ин тараққию пешравӣ дилтанг мешаванд ва намехоҳанд, ки мардуми тоҷик хонаи ободу осуда дошта бошанд.
Чихеле ки аз расонаҳои иттилотӣ маълум гардид, дар рўзи дуюми ҷаласаи САҲА мухолифон зимни баромадҳои худ чӣ гуна нисбати озодӣ ва таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон дар Тоҷикистон туҳматҳои бепоя заданд. Аз он ҷумла Кабирӣ дар баромади худ қайд карда гуфтааст: “Мо афсӯс мехӯрем, ки ҳукумати Тоҷикистон ҷои он ки бигӯяд чӣ иқдомҳое бароибеҳбуди вазъи ваҳшатноки ҳуқуқи инсон пеш гирифтааст, бори дигар аз ин имкон барои сиёҳкардани мухолифони худ ва ба дӯши онҳо гузоштани ҳар он чӣ дар кишвар мегузарад,истифода кард”. Оё Кабирӣ амалҳои хоинонаи худро фаромўш кардааст, ки чунин иддаои беасос мекунад ва аз ҳуқуқи инсон сухан мегўяд. Ҳама медонанд, ки ҲНИ давоми фаъолияти худ дар кишвар ба чӣ корҳои пасте мисли қатлу куштор даст зада буд ва ҳамин амр боис гашт, ки мақомоти судии кишвар фаъолияти ин ҳизби тахрибкорро қатъ намояд. Имрўз дар кишвари азизамон тамоми ҳуқуқҳои шаҳрвандон аз ҷониби Ҳукумат таъмин мегардад ва ҳеҷ гуна нақзи ҳуқуқ дида намешавад.
Шарофиддин Гадоев, ҳамоҳангкунанди Ҷумбиши Ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистонзимни баромади худ гуфтааст, ки «кишварҳои ғарбӣ бояд дар бораи маблағгузорииинститутҳои демократӣ бияндешанд». Магар худи Ш. Гадоев намеандешад, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст ва аз ҳамин сабаб ҷомеи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ҳамчун кишвари демократӣ кўмак мекунад. Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ аз вазъи озодии демократия ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон огоҳ намебуд ва онро эътироф намекард, ҳеҷ вақт Тоҷикистонро чун узви комилҳуқуқи ҷомеи ҷаҳонӣ намепазируфт ва ба он кўмак ҳам намекард.
Доир ба интихоботи баргузоршуда дар Тоҷикистон ва демократию шаффофияти он гуфтанием, ки ҳангоми баргузории интихобот нозирони байналмилалӣ ҳузур доштанд ва тамоми ҷараёни онро назорат мекарданд. Агар ин интихобот ғайриқонунӣ гузашта бошад, чаро ҳеҷ як аз ин нозирон садо баланд накарданд. Чунки ин интихобот шаффоф ва мутобиқи талаботҳои ҷомеаи байналмилалӣ баргузор шуда буд.
Дар охир бо қатъият иброз медорем, ки ҳеҷ як хоине ва ё бадхоҳе бо таъсиси як эътилоф ё паймони беарзишу бепояе наметавонад нуфузи Тоҷикистони маҳбубро дар арсаи олам коҳиш диҳад. Зеро Тоҷикистон дар байни кишварҳои олам ҳамчун кишвари демократию ҳуқуқбунёд шинохта шудааст ва ин паймони мухолифон умри дарозе нахоҳад дошт, чунки асли бунёди ин эътилоф танҳо хиёнат ба ватану миллат буда, мақсаду ҳадафҳои онҳо ба ҷуз сари қудрат омадану иҷрои хостаҳои хоҷагони хориҷиашон чизи дигаре нест.
Олимов Неъматулло –Котиби масъули Маркази исломӣ