Фазилати илмомӯзӣ
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Мақсуд аз ин чанд рӯзе, ки инсон зиндагӣ менамояд, шинохтани Худованд (а) буда, ягона роҳе, ки ӯро ба ин мақсад расонда метавонад, илмомӯзӣ аст. Бинобар ин, Худованд (а) пайғоми худро бо талаби илм ва воситаҳои он оғоз намуд, то Паёмбари Худо (с) ва дар симои ӯ тамоми уммати ӯ яқин кунанд, ки илм неъмати хеле гаронбаҳо буда, дар шинохти азамати Худованди офаранда ва дарки асрори офариниши мавҷудот нақши босазое дорад:
“Бихон ба номи парвардигори худ, ки офарид. Офарид инсонро аз хуни баста. Бихон, ва парвардигори ту бузургвор аст. Он ки ба воситаи қалам илм омӯхт. Инсонро ончӣ омӯхт, ки намедонист”. (Сураи “Алақ” ояти 1-5)
Талаби илм аз дидгоҳи ислом фарз буда, фаризаи он аз ду навъ иборат аст:
- Фарзи айн, яъне бар ҳар мусалмон ҳатмист, ки ӯ он қадар илм омӯзад, ки ақидаи ӯ солим, ибодати ӯ дуруст ва муомилаи ӯ нек гардад. Манзур аз талаби илм, ки дар ҳадиси набавии зайл омадааст ҳамин аст:
Талаби илм бар ҳар мусалмон фарз аст.
- Фарзи кифоя, яъне бар мусалмонон ба таври маҷмуъ ҳатмист, ки дар ҳар илме, ки ҷомеъаи исломӣ ба он ниёз дорад, тахассус ва маҳорат ба даст оранд, хоҳ илми шаръ бошад, хоҳ ғайри он. Чунон, ки Худованд (а) фармудааст:
“Пас чаро аз ҳар фариқи аз онон гуруҳе берун нараванд, то дар дин доноӣ ҳосил намоянд ва қавми худро ҳангоме, ки ба сӯи онон боз гарданд, битарсонанд, шояд онҳо битарсанд”. (Сураи “Тавба” ояти 122)
Ҳар илм ва фанне, ки уммати мусалмон ба омӯхтани он эҳтиёҷ дорад, бар доноии дар дин қиёс шудааст.
Дар воқеъ илм мисоли нур аст, ки дар партави он ҳақиқат аз ҷаҳолат ва яқин аз шакку ваҳмҳо тамйиз мешавад ва уламо мисоли манораҳои ҳидоятанд, ки мардумро аз торикӣ ба сӯи равшанӣ мебаранд. Чунон, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд:
“Ба дурустӣ, ки мисоли уламо дар замин мисоли ситораҳо дар осмон аст, ки дар торикиҳои хушкиву баҳр тавассути онҳо роҳ ёфта мешавад. Пас ҳар гоҳ ситораҳо нопадид шаванд, наздик аст, ки роҳро гум намоянд”. (Ривояти Аҳмад)
То вақте, ки уммати мусалмон илмдӯсту фарҳангпарвар аст, хайру баракат шомили ҳолаш гардида, рушду намо натиҷаи кораш қарор мегирад. Аммо илму фарҳанг дар сурате поянда мемонад, ки уламо зинда буда, суханони онҳо мавриди қабули мардуми хоссу ом қарор гирад. Вагарна фазои гетиро нодони фаро гирифта, адлу инсоф зеру забар гардида, зулму нобаробарӣ ба нуқтаи авҷ мерасад. Чунон, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд:
“Ба дурустӣ, ки Худованд (а) илмро аз (дили) бандагон канда намегирад, балки илмро бо гирифтани уламо мегирад, ҳатто вақте, ки Худованд (а) олимеро зинда намегузорад, мардум ашхоси бесаводро пешво мегиранд ва аз онон мепурсанд ва онҳо надониста, фатво медиҳанд. Пас ҳам худ гумроҳ буда, ҳам дигаронро гумроҳ мекунанд”. (Бухорӣ, 98)
Таҳсили илм кори хеле душвор аст, аммо касе, ки дар ин ҷода нияти худро холис мегардонад ва хушнудиву ризомандии Худованд (а)-ро мақсад қарор медиҳад, ба ӯ осон мегардад.
Агар инсон хоҳад, ки маълумоти бисёре аз худ кунад, бояд ба андак илме, ки Худованд (а) ба ӯ додааст, амал намояд. Зеро дар сурати мазкур аз канори ӯ роҳе ба сӯи Биҳишт боз гардида, қурби илоҳӣ низ афзун мешавад ва дар натиҷа Худованд (а) ба ӯ ҷиҳати таҳсили илм тавфиқи бештар арзонӣ менамояд.
Агарчӣ аз даст рафтани уламо мусибати калон буда, сабаби гумроҳии ҷомеъаи башарӣ аст, аммо аз он хатари калонтар ин аст, ки уламо ба муқтазои илме, ки аз Паёмбари Худо (с) мерос бурдаанд, амал накунанд. Чунон, ки Худованд (а) фармудааст:
“Чаро мегӯед он чиро, ки худ намекунед? Назди Худованд (а) аз рӯи хашм бузург аст, ки чизеро бигӯед, ки худ намекунед”. (Сураи “Саф” ояти 2-3)
“Оё мардумро ба некӯӣ дастур медиҳед ва худро фаромӯш мекунед, ҳол он ки китобро мехонед, чаро пас фикр намекунед”. Бақара, 33
Паёмбари Худо (с) фармуданд:
“Рӯзи Қиёмат мардеро оварда, дар оташи Дӯзах меандозанд ва рӯдаҳои ӯро берун мекашанд. Ӯ дар атрофи рӯдаҳои худ давр мезанад, ҳамчунон, ки хар дар атрофи осиё давр мезанад. Дӯзахиён бар ӯ ҷамъ шуда, мепурсанд: Туро чӣ шудааст? Оё ту набудӣ, ки ба некӣ амр карда, аз бадӣ наҳй менамудӣ? Мегӯяд: Оре, ман амр ба некӣ мекардам, аммо худ анҷом намедодам ва наҳй аз бадӣ мекардам, аммо худ парҳез намекардам”. Муслим, 7674
“Шаби Меъроҷ аз назди мардуме гузаштам, ки лабҳои онҳо бо қайчиҳои оташин бурида мешуд. Пурсидам: Эй Ҷабраил, инҳо кистанд? Гуфт: Он хатибҳои уммати туанд, ки ба гуфтаҳои худ амал намекарданд”. Ат-тарғибу ват-тарҳиби Мунзирӣ
Илми сӯдманд он аст, ки инсон онро холисона аз худ намуда, дар таҳсили он молу матоъ ва мансабу мақомеро ғараз қарор надиҳад. Агар инсон илмро ҷиҳати олим гуфтан ё бо дигарон ҷидол намуданаш омӯзад, заҳмату кӯшишҳояш табоҳ шуда, мустаҳиққи хашму ғазаби илоҳӣ мегардад. Чунон, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд:
“Ҳарки илмро ба мақсади он омӯзад, ки бо уламо мунозара намояд ё нодононро дар шак андозад ва чеҳраи мардумро ба сӯи худ моил созад, Худованд (а) ӯро ба оташи Дӯзах меандозад”. (Тирмизӣ)
Яке аз аломатҳои холисона омӯхтани илм дар он аст, агар аз инсон чизе пурсида шавад, ки онро намедонад, дар посух хиҷил нашуда, гӯяд: Намедонам. Ҳатто фариштаҳо, паёмбарон, саҳоба ва уламои ҳақиқӣ ҳамин хислатро доштанд. Чунон, ки аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят аст, ки марде аз Паёмбари Худо (с) пурсид: Кадом порчаи замин беҳтар аст? Фармуданд: Намедонам, то аз Ҷабраил (а) бипурсам. Аз Ҷабраил пурсиданд. Фармуд: Намедонам, то аз Микоил (а) бипурсам. Аз Микоил пурсид. Фармуд: Беҳтарин порчаҳои Замин масҷидҳо ва бадтарини онҳо бозорҳо мебошанд. Ибни Ҳиббон, 1599
Ҳайсам ибни Ҷамил (р) мегӯяд: Молик ибни Анасро дидам, ки аз чиҳилу ҳашт масъала пурсида шуд ва ӯ дар сиву ду тои он фармуд: Намедонам.
Ибни Ҳурмуз мегуфт: Бар олим воҷиб аст, ки баъд аз худ барои шогирдонаш калимаи “Намедонам”-ро мерос гузорад.
Бинобар ин, уламо калимаи “Намедонамро” нисфи илм қарор додаанд.
Беҳрӯзи Сатторӣ