Home Articles Равшансозандаи дилҳо

Равшансозандаи дилҳо

Равшансозандаи дилҳо
2018-11-15
2820

"Расидан ба ин рузи некро мардуми Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бо нангу номуси ватан, мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рузи таърихӣ шабонаруз заҳмат кашиданд. Яъне имруз рузи равшаниву нур барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошад" Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар китоби худ "ал-Исобаҳ фӣ тамйизи-с-саҳобаҳ" ҳикоят мекунад, ки саҳобагон пӯстҳои дарахти хурморо оташ дардода, масҷиди Пайғамбари Худоро равшан менамуданд, то вақте ки Тамими Дорӣ омад. Тамими Дорӣ як шахси тоҷир буд. Рӯзе ҳамроҳ бо худ якчанд қандил, банд ва равған ба масҷиди Пайғамбари Худо овард ва қандилҳоро ба сутунҳои масҷид овехт ва ба онҳо равған рехту фурузон кард. Пайғамбари Худо инро дида бисёр хушҳол шуданд ва барои Тамим чунин дуои хайр карданд: "ХУДОВАНД ҚАЛБИ ТУРО МУНАВВАР БИГАРДОНАД, ҲАМЧУНОН КИ ТУ МАСҶИДИ МОРО МУНАВВАР КАРДӢ".
Имрӯз фарзанди бонангу номус ва Пешвои муаззами миллати тоҷик бо меҳнату заҳмат ва саъю талоши шабонарӯзиаш иншооти НБО Роғунро ба итмом расонида, Тоҷикистони азизамонро бо неруи барқ мунаввар месозанд. Пас моро ҳам месазад, ки барои ин инсони наҷиб аз сидқи дил дуо карда бигуем: Худовандо қалби Сарвари давлати моро ҳамеша ҷавону мунаввар бигардон.
Акнун бо нурафшонии офтоби “Роғун” пардаи торикии буҳрон аз осмони Тоҷикистони азизамон хоҳад рафт. Худо кунад, ки ин офтоб барои ҳамешагӣ бар сари мардуми  тоҷик нурафшонӣ кунад.

НАСИБУЛЛОҲ ҲАКИМОВ,

имоми масҷиди панҷвақтаи деҳаи Хоҷачилдарёи поёни ш. Ҳисор

Pray time in Dushanbe

11.05.2025

More
Fajr03:38
Zuhr12:40
Asr17:39
Maghrib19:38
Isha21:08
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

More