Равшансозандаи дилҳо
"Расидан ба ин рузи некро мардуми Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бо нангу номуси ватан, мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рузи таърихӣ шабонаруз заҳмат кашиданд. Яъне имруз рузи равшаниву нур барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошад" Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар китоби худ "ал-Исобаҳ фӣ тамйизи-с-саҳобаҳ" ҳикоят мекунад, ки саҳобагон пӯстҳои дарахти хурморо оташ дардода, масҷиди Пайғамбари Худоро равшан менамуданд, то вақте ки Тамими Дорӣ омад. Тамими Дорӣ як шахси тоҷир буд. Рӯзе ҳамроҳ бо худ якчанд қандил, банд ва равған ба масҷиди Пайғамбари Худо овард ва қандилҳоро ба сутунҳои масҷид овехт ва ба онҳо равған рехту фурузон кард. Пайғамбари Худо инро дида бисёр хушҳол шуданд ва барои Тамим чунин дуои хайр карданд: "ХУДОВАНД ҚАЛБИ ТУРО МУНАВВАР БИГАРДОНАД, ҲАМЧУНОН КИ ТУ МАСҶИДИ МОРО МУНАВВАР КАРДӢ".
Имрӯз фарзанди бонангу номус ва Пешвои муаззами миллати тоҷик бо меҳнату заҳмат ва саъю талоши шабонарӯзиаш иншооти НБО Роғунро ба итмом расонида, Тоҷикистони азизамонро бо неруи барқ мунаввар месозанд. Пас моро ҳам месазад, ки барои ин инсони наҷиб аз сидқи дил дуо карда бигуем: Худовандо қалби Сарвари давлати моро ҳамеша ҷавону мунаввар бигардон.
Акнун бо нурафшонии офтоби “Роғун” пардаи торикии буҳрон аз осмони Тоҷикистони азизамон хоҳад рафт. Худо кунад, ки ин офтоб барои ҳамешагӣ бар сари мардуми тоҷик нурафшонӣ кунад.
НАСИБУЛЛОҲ ҲАКИМОВ,
имоми масҷиди панҷвақтаи деҳаи Хоҷачилдарёи поёни ш. Ҳисор
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар