Тири адовати наҳзат боз хок мехӯрад
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ даъвати наҳзатиён ба таҳозуротро хондаму дар тааҷҷуб мондам. Албатта маълум аст, ки ин тӯдаи гумроҳон дар Тоҷикистон дигар тарафдор надоранд. Зеро мардуми тоҷик аз мақсаду мароми ин хиёнаткорон аллакай огоҳ аст. Онҳо мехоҳанд Тоҷикистонро ба кишвари ҷангзада табдил диҳанду дар хориҷи кишвар кайфу сафо карда гарданд. Лекин ба самъи ин хонасӯзон расониданием, ки МО ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН як бор нафаҳмида асоямонро гум кардем. Кур як бор ба чоҳ меафтад. Солҳои 90-ум, ки халқи бечора митингу таҳазуротҳои наҳзатиёнро бовар карду дар ниҳоят тамъи талхи ҷанги шаҳрвандиро чашид. Албатта имрӯз ҳамаи пешрафту ободиҳои Тоҷикистон чун хоре ба чашми ин хоинон мехалад. Мардум инро хуб дарк мекунад. Пас чаро боз ҳам ба гирдиҳамоиву тазоҳуроти фитнаҷӯёнаи шумо бовар кунад?
Имрӯз ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки аз хурдтарин кӯдаки ба боғча мерафтагӣ то бузурги нафақахӯр тарафдори ана ҳамин сиёсатест, ки тавонист миллати тоҷикро ба ҳам орад, ваҳдату суботи комилро дар ҷомеа барқарор созад. Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ чандин фарсахҳо дур аз ватан қарор доранд, аммо оиди руйдодҳои Тоҷикистон он гунае туҳмат менависанд, ки на ба шариати ислом рост меояду на ба ақли инсон. Бе муболиға имрӯз дар Тоҷикистон беҳтарин шароитҳо барои кору фаъолият вуҷуд дорад, ки мардум хушу хурсандона ва розӣ зиндагонӣ доранд. Касе ба тиҷорат машғул аст, яке ба фаъолияти дигаре ки метавонад аробаи зиндагонияшро бе мӯҳтоҷии шахси дигар бикашад. Умед дорем, ки дигар ҳаргиз тири хасму адовати наҳзатиён ба ҳадаф нахоҳад расид, зеро мутмаинем, ки имрӯз халқи тоҷик чеҳраи воқеии ин хоинони миллату ватанро шинохтааст.
Икром Бегалиев,
сармутахассиси Кумита