Home Articles Мантиқ куҷост?

Мантиқ куҷост?

Мантиқ куҷост?
2018-12-12
2784

Дар ин рӯзҳо шоҳиди онем, ки саркардагону намояндагони ТЭТ ҲНИ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва бо баҳонаҳои наве аз худ хабар медиҳанд. Агар дар гузаштаи начандон дур онҳо аз ҳифзи ислому арзишҳои динӣ сухан мегуфтанд, имрӯз ҳама якбора “озодихоҳ” шуда, аз арзишҳои барояшон комилан нав дифоъ мекунанд. Аксари коршиносон ҳам дар гузашта изҳори андеша намуда буданд, ки дигар идеяи “ислому арзишҳои исломӣ” дархӯри кори Кабириву ҷонибдоронаш нест ва гузашта аз ин, чунин мавқеъгирии наҳзат мухолифи оинномаву барномаҳои ин ташкилоти террористист. Зеро тибқи оиннома (агар Кабирӣ вақт ёфта оинномаи ҳизби худро хонда бошад) ҳадафи ниҳоии ТЭТ ҲНИ ин бунёди давлати исломӣ дар Тоҷикистон аст.  Ҳоло якбора мавқеи Кабирӣ дигар шудааст ва ӯ ахиран дар яке аз мусоҳибаҳои худ иброз намуд, ки ҳадафи онҳо бунёди ҷомеаи “воқеан демократӣ ва дунявӣ” аст. Мантиқ куҷост?

Афшини Муқим,

котиби матбуотии Кумитаи дин

Pray time in Dushanbe

12.06.2026

More
Fajr03:23
Zuhr12:40
Asr17:53
Maghrib19:59
Isha21:29
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

More