Home Articles Чӣ хел фаҳмем? Кабирӣ демокративу пайравонаш ҷиҳодӣ шудаанд?

Чӣ хел фаҳмем? Кабирӣ демокративу пайравонаш ҷиҳодӣ шудаанд?

Чӣ хел фаҳмем? Кабирӣ демокративу пайравонаш ҷиҳодӣ шудаанд?
2019-01-18
2277

Ахиран вақте дар матбуот аз алоқамандӣ ва шабоҳати барномавии гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” ва ташкилоти террористии ҲНИ матолиби зиёд ба нашр расид, наҳзатиён фиғон бардоштанд, ки онҳо ҳеҷ иртиботе бо ДИИШ надоранду ҳатто худро “ҷонибдори демократия” унвон карданд. Аммо аз ин фиғони наҳзатиён андаке вақт нагузашта, яке аз фаъолтарин пайрави ин ҳизби ифротию террористӣ Абдусалом Одиназода бори дигар дар як навори видеоӣ аз ҳадафҳои ин ҳизб сухан гуфт. Ӯ рӯирост мардумро ба ҷиҳод даъват карда, мехоҳад дар Тоҷикистон, ки 99 дарсади мардум мусулмонанд, бо “куфр” мубориза барад. Ба ҳама маълум аст, ки ҳоло боқимондаҳои гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар хоки Афғонистон паноҳ бурдаанд ва ишораҳои муаллифи ифротии ин навори видеоӣ ба “истифода аз таҷрибаи Афғонистон” ба ҳамин маъност. Одиназодаи террорист (террорист буданашро худаш дар ин навор тасдиқ мекунад) ҷонибдори он аст, ки ҷавонони тоҷик барои омода шудан ба марҳилаи ҷиҳод бояд аз мактабҳои Афғонистону Покистон гузаранд. Афғонистоне, ки вазъаш барои мову ҷомеаи ҷаҳонӣ маълум аст, барои наҳзатиёне чун Одиназода дар он “Ислом гул-гул мешукуфад”. Аз ин навори як ифротии наҳзатӣ ба хулосае расидан мумкин аст, ки ҳарчанд Кабирӣ худ ба хотирӣ боқӣ мондан ва ҷои по ёфтан дар Аврупо худро “демократӣ” нишон медиҳад, аммо дар асл ба хотири расидан ба ҳадафҳои хоҷагонаш ба пайравонаш дастури тарғиби ҷиҳоду қатлу куштор медиҳад. Зеро ҳадафи ниҳоии наҳзат, ҳарчанд худро демократиҷӯю демократихоҳ нишон медиҳад, ҳамоно тарғиб ва ба роҳ мондани инқилоби исломӣ аст.

Парвиз Аминзода,

таҳлилгар

Pray time in Dushanbe

28.11.2024

More
Fajr05:43
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More