Никоҳ ва моҳияти он аз нигоҳи ислом
Дар мавзӯи никоҳ ё худ бинои заношавҳарӣ дар хазонаи фарҳангӣ ва муқаррароти ислом ба маҷмӯаи таълимот ва раҳнамоиҳое бармехӯрем, ки пойдевори бинои ҳаёти заношавҳариро аз нахустин лаҳзаҳои шаклгирӣ, интихоби куфв (ҳамто)-и муносиб ва ҷуфти шоиста, то марҳилаҳои ниҳоӣ ва сояафкан гардидани гунбади хонавода бар сари зану шавҳар, зери пӯшиш қарор додааст.
Аз ҳамон қадамҳои аввал барои ҳарчи муваффақтар сурат гирифтани интихоби ҳамрадиф ва ҳамроҳи ҳаёти хонаводагӣ ба як силсила меъёрҳое дучор меоем, ки инсон бо риояи онҳо метавонад худро аз пешомадҳои пешгӯиношудае дар амон нигоҳ дорад.
Дар барпо намудан ва ё бастани ақд низ мушаххасот, шартҳо ва бастабандиҳое гузошта шудаанд, ки бе риояи онҳо ақд баста намегардад, ҳамчун сурати пазириши дуҷониба, ҳузури ду шоҳид ва дар гӯшраси онҳо баргузор гардидани маросими ақд. Ҳар сурати заношавҳарӣ ва робитаҳои пайванддиҳандае, ки берун аз ин муқаррарот анҷом бигирад, фосид ва бепоя мебошад.
Аз як сӯ, шариати ислом ба хотири ғамхорӣ, шинохти ҳассосият ва раҳнамоии лаҳзаҳои бетаҷрибагии ҷавон дар коргоҳи зиндагӣ ва давраи хомии фикри инсони тозаворид ба арсаи ҳаёти хонаводагӣ, асли сарпарастӣ ва бунёди валигиро бино ниҳодааст, то писару духтарро аз ҳамон даврони хурдсолӣ қадам ба қадам то марҳилаҳои рушди фикрӣ ва расиши балоғат зери назорат ва мавриди роҳнамоӣ қарор диҳанд, то онҳо дар ниҳоят ҳаётдида шуда, дар зиндагӣ муваффақу комет гарданд.
Қуръони карим се чиз: оромиш, муҳаббат ва дилсӯзиро муҳимтарин фалсафаи ҳаёти заношавҳарӣ ва асоси тамоми хушиҳо дар зиндагии хонаводагӣ мегӯяд. Чӣ тавре дар ояти 21-уми сураи Рум мехонем, яке аз нишонаҳои қудрат ва осори ҳикмати Парвардигор дар офариниши ҷинси зан он аст, ки мард бо ҳамзистӣ дар канори вай оромиши ҳамаҷонибаи худро пайдо намояд ва барои таҳаққуқи ормонҳои зиндагӣ дар ҳаёти якҷояи онҳо Худованд дар миёнашон муҳаббат ва дилсӯзиро ниҳодааст.
Пас таҳаққуқ ёфтани ин се чиз: оромиш, муҳаббат ва дилсӯзӣ дар зиндагонии муштараки зану шавҳар муҳимтарин ҳадафи бинои хонавода аз дидгоҳи Қуръон мебошад. Бинобар ин, бар фазои хонавода ва ҳаёти оилавии зану шавҳаре ин се чиз сояафкан набошад, умуман, дар он муҳимтарин ҳадафи бинои хонавода таҳаққуқ наёфтааст ва дар он муҳит рӯй додани ҳар нохушие аз имкон дур нест.
Аз ин рӯ, ҳамаи моро мебояд то баҳри мустаҳкам ва устувор нигаҳ доштани ин се ҳадафи муҳимтарини бинои хонавода – оромиш, муҳаббат ва дилсӯзӣ дар хонавода кӯшиш ба харҷ диҳем. Зеро ин иқдом барои доиман босубот нигаҳ доштани фазои хонавода ва ҳифз намудани арзишҳои маънавии оилаи солим дар ҷомеаи солим мебошад.
Мавзуна Бекназарова,
сармутахассиси Кумита