Дар рамазон закот додан дучанд савоб дорад
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Закот додан дуюмин фаризаи исломист, ки Қуръон дар чандин мавридҳо онро ҳамрадифи намоз қарор додааст. Он гоҳе бо вожаи "Закот", ҷои дигар бо вожаи "садақа" ва гоҳо бо калимаи "Инфоқ" ёд шудааст. Чунончӣ дар ояти сеюми сураи "Бақара" Худованд муттақиён (парҳезкорон)-ро, ки аз ҳидояти китобаш бархурдор мебошанд, ба унвони касоне муаррифӣ кардааст, ки "ба ғайб имон доранд, намозро барпо медоранд ва аз он чӣ рӯзиашон гардидааст инфоқ (хайр, садақа, закот) мекунанд". Ҳамчунин, дар ояти 110 ҳамин сура омадааст: "Намозро барпо доред, закот бидиҳед ва ҳар некию хубие, ки анҷом диҳед дар назди Худо аз они хеш хоҳед ёфт".
Боз дар ояти 277 сураи «Баќара» таъкид шудааст: "Касоне, ки имон оварда корҳои солеҳ анҷом медиҳанд, намоз мегузоранд, закот медиҳанд, аҷр (музд, савоб)-ашон дар назди Парвардигор маҳфуз (нигоҳдошташуда) аст, ва (онҳо) тарсу андӯҳе надоранд.
Закот яке аз пояҳои Ислом ва такягоҳи имон аст. Он як бахшиш ва бузургворие нест, ки сарватманде ба василаи он ба фақире миннат ниҳад ё фарди дорое ба фарди нодоре эҳсон кунад, балки амри амиқтару васеътар ва хеле масъулиятнок аст. Закот бахше аз низоми иқтисодии ислом ба шумор меравад. Ислом барои ҳар як мол ё сармоя ҳадди нисоб (марра, миқдори муайян)-ро аниқ кардааст. Закот соле як бор фарз мешавад. Ибодатҳои моҳи шарифи Рамазон нисбати дигар моҳҳо фазилати бештар дорад. Ба ин хотир хуб мешуд, ки афроди доро закоташро дар Рамазон диҳанду савоби бештар гиранд.
Маънии закот дар луғат пок сохтан ва рушду нумӯъ аст. Дар истилоҳи шаръӣ закот он чизест, ки ба камбағал дода мешавад. Тавассути закот пайванду отифа ва муҳаббату бародарӣ миёни сарватмандону фақирон мустаҳкам мегардад.
Пардохти закот ба мусулмони оқил, болиғ, озод (ғулом набошад) соҳибнисоб фарз аст. Амволе, ки дар онҳо закот воҷиб аст, се навъ мешаванд:
1. "Нуқуд". Яъне , тилло, нуқра ва пул. Нисоби нуқра 200 дирҳам, яъне 612 грам аст. Нисоби тилло бошад 20 мисқол (87 грамм) мешавад. Аз инҳо бо нархи рӯз ҳисоб карда 2,5 фоизашро закот бояд диҳад. Мувофиқи қарори Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисоби закот ба миқдори 20000 сомонӣ муайян гардидааст. Аз 20000 сомонӣ 500 сомонӣ закот додан лозим меояд.
2. "Амволи тиҷорат". Касе бо мақсади тиҷорат мол (тахта, симент, маводи сохтмон, хӯрокворӣ...) дошта бошад, соле як бор аз он закот медиҳад. Моли тиҷоратӣ ҳангоми адои закот ба нархи рӯз ҳисоб карда шавад.
3. "Савоим". Яъне, аз бузу гӯсфанд, гов ва шутур, ки аксари моҳҳои сол дар саҳро мечаранд. Ҳар як чорво нисоби худро дорад. Нисоби гӯсфанд 40 сар аст. Агар касе аз 40 то 120 сар гӯсфанд дошта бошаду аз миён 1 сол гузарад, бояд як гӯсфанд закот бидиҳад. Ҳангоми аз 121 то 200 сар расидан ду гӯсфанд закот додан лозим. Аз 200 то 400 сар гӯсфанд 3 гӯсфанд закот дорад. Дар 400 сар 4 сар гӯсфанд бояд дод. Минбаъд аз ҳар сад сар бузу гӯсфанд 1 гӯсфандӣ додан лозим меояд.
Дар камтар аз сӣ гов закоте нест. Агар миқдори гов ба сӣ расаду як сол гузарад, як гови яксоларо пурра кардаву ба ду қадамниҳода закот додан лозим аст. Чун шумораи гов ба 40 сар расад, як гови дусоларо пурра кардаву ба се қадамниҳода закот медиҳанд...
Касе, ки 5 шутур дошта бошад, аз он як гӯсфандро закот медиҳад. Дар 10 шутур 2 гӯсфанд ва дар 15 шутур се гӯсфанд закот бояд дод.
Маҳсулоти кишоварзӣ ва меваҷот нисобе надоранд. Пас ҳар он чӣ аз замин рӯёнда мешавад, дар он закот аст, чӣ кам бошад чӣ зиёд. Ғайр аз ҳезум, най (қамиш) ва алаф. Дар маҳсулоти заминҳои обию лалмӣ, ки ба оби барфу борон обёрӣ мешаванд, бе ягон шарт нисоби ушр воҷиб мешавад. Яъне, аз даҳ як ҳиссаи ҳосилро ба фақиру мӯҳтоҷон бояд дод.
Аз замине, ки ҳосилаш дар натиҷаи обёрии пурмашаққат ба воситаи чархофалак ва сатил рӯёнида шудааст, аз бист як ҳисаашро барои закот додан воҷиб аст. Дар вақти гирифтани ушри он ҳосили умумии ҷамъоваришуда бе хароҷоташ ҳисоб карда, ушр (даҳяк) гирифта мешавад.
Ҳоло дар шароити иқтисоди бозоргонӣ шумораи тоҷирону заминдорон ва чорводорони сарватманд, шукри Худо афзудааст. Ба онҳо фарз аст, ки закоти хешро бипардозанд. Дар китоби "Ибодат дар ислом", (саҳ. 268) омадааст: "Ислом ҷомиаро ҳамчун хонаводаи ягонае қарор додааст, ки баъзе аз афроди он баъзеи дигарро таъмин мекунанд. Балки монанди пайкар (бадан)ест, ки агар қисмате аз он нороҳат бошад тамоми вуҷудаш нороҳат мегардад. Ҳаққи фақире, ки наметавонад кор кунад ва ё метавонад, аммо коре пайдо намекунад, ё кор мекунад, вале ҳосилу музди кораш барои таъмини хонаводааш кофӣ нест, ё кофӣ аст, аммо ҳодисае рӯй дода ӯро мӯҳтоҷи кӯмаки дигарон кардааст... Аз ин рӯ бояд ба ӯ ёрӣ ва дастгирӣ карда шавад. Лозимаи имону инсоният ин нест, ки баъзе аз мардум чандон сер бошанд, ки дилашон (аз серӣ) дард бигирад ва дар канори онҳо касе он қадар маҳрум бошад, ки аз дарди гуруснагӣ бинолад.
Барои мӯъмин раво нест, ки дар чорчӯби манфиатҳои шахсии худ бехабар аз вазифаҳояш дар баробари бечорагону заифон зиндагӣ намояд. (Нисбати дигарон бепарво зистан) нуқс (камбудӣ)-и имон аст ва боиси хашми Худо дар дунёву охират мегардад.