Home Articles САРОҒОЗИ РУШД БОВАРИЮ ЭЪТИМОД АСТ

САРОҒОЗИ РУШД БОВАРИЮ ЭЪТИМОД АСТ

САРОҒОЗИ РУШД БОВАРИЮ ЭЪТИМОД АСТ
2019-06-17
2974

Ҳамду сано бар Худованди бахшояндаи меҳрубон ва дуруду салом бар Расули гиромӣ (с) ва хонадону ёронаш бод!

Ҷамъомади муҳимме, ки дар Тоҷикистон бо ширкати сарону намояндагони 27 кишвари дунё, инчунин даҳҳо созмонҳои байналмилалии нозир ва мушоҳидагар баргузор гардид, бемуҳобо, обрў ва манзалати кишвари моро дар сатҳи ҷаҳонӣ хеле боло бурд.

Бо ташкил ва дар сатҳи олӣ баргузор намудани Ҳамоиши сарони давлатҳои  аъзои машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё Тоҷикистони азиз исбот кард, ки бузургиву шукўҳу шаҳомати дилхоҳ мамлакат на аз ҳаҷму ҳудуди он, на аз он ки дар кадом қитъаи олам қарор гирифтааст, балки аз қобилияти ба ҳам овардани ақлҳо, аз маҳорати дуруст муайян кардани роҳу усулҳои пешрафт, пешниҳод кардани ҳадафҳои сулҳу осоиш ва аз миён бурдани ихтилофоти миёни кишварҳо вобастагӣ дорад.

Мо ба хубӣ мушоҳида кардем, ки чӣ гуна сарони бархе кишварҳои муқтадир аз ҳунар ва имконоти Тоҷикистон дар гузаронидани чунин ҷамъомадҳои бузург ба ваҷд омада, изҳори таҳсин мекарданд. Ниятҳои неки Тоҷикистон ва раҳбари муаззами он – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи асосии ин вохўрӣ ва дар тариқи меҳмоннавозии роҳбарону намояндагони меҳмон дар амал татбиқ гардид: аксарияти онҳое, ки бори аввал ба ин кишвари биҳиштосо омаданд, аз фарҳангу тамаддун ва дарунмояи аслии андешаи миллии тоҷикон, ки сулҳу ваҳдат аст, огоҳ шуданд ва хулоса карданд, ки минбаъд бо Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Аз ин нуқтаи назар, ҷамъомади панҷуми давлатҳои  аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё дар муаррифӣ  ва  баланд гардидани обрўю эътибор ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ  такони ҷиддӣ бахшид.

Бояд ҳамагон бо хушнудӣ ва ифтихор аз ин давлати бузургамон иқрор кунем, ки  барои мардуми тоҷик ин ҷаласаи хеле шукўҳманд мояи ифтихор ва шарафи бузург  мебошад. Дар ин ҷаласа дар тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ,   ҳамзамон  масъалаҳои   муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардаанд, аз қабили мубориза бо терроризму ифротфгароӣ, қочоқи маводи мухаддир,  ҷинояткории фаромиллӣ  ва дигар масъалаҳои муҳим  матраҳ гардиданд, ки барои ҳама давлатҳои Осиё ва умуман ҷаҳон, хеле муҳим ба шумор мераванд.

Мо ба ин ақида ҳастем, ки натиҷаҳо ва аҳаммияти ин ҷаласаи муҳташам барои ҳар як тоҷикистонӣ бояд ҳисси масъулият ва ифтихорро аз Тоҷикистон ва раҳбари муаззами он тақвият диҳад, зеро дар замони муосир муҳимтарин чизе, ки мамлакатҳо ва ҳалқҳоро ба ҳам меорад ва боиси пешрафти умум мешавад, ин ба вуҷуд овардани боварию эътимод миёни давлатҳо мебошад. Худованд дар ин маврид мефармояд:

«Ба дурустӣ, Худо ҳолатеро, ки ба қавме бошад, тағйир намедиҳад, то вақте ки онҳо [худ] он чиро, ки дар замирашон аст, тағйир диҳанд». (Сураи Раъд, ояти 11)

Чӣ метавон гуфт, ки сабаби сар задани нофаҳмиҳо ва кам гардидани ҳамкориҳо миёни аксар давлатҳо маҳз набудани эътимоду боварист. Ман инро аз сафарҳои зиёдам дар кишварҳои хориҷа борҳо эҳсос кардаам. Иттилооти нодуруст ва аксар афкори дурўғине, ки тавассути бадхоҳони мамлакати мо аз ҷониби чанд гурезаву фирорӣ ва намояндагони дар ватан бадномшудаи ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ паҳн карда мешавад, мутаассифона, бенатиҷа намемонанд. Баъзе созмонҳои байналмилалӣ ҳатто вазъро дуруст аз дарун наомўхта, бо ин нафарони ватанбезор ҳамовоз мешаванд, ки ин кор садди эътимоду боварӣ мегардад.

Аммо чӣ тавре ки мегўянд, зарри холис дар ботлоқ ҳам чун зарри холис боқӣ мемонад. Мардуми мо бузург аст, масалан, дар мақоле халқ мегўяд: офтобро бо доман пўшонида намешавад. Ин ба чунин маънист, ки ҳақиқату асл ҳеҷ гоҳ пинҳон нахоҳад монд, овозаву буҳтон ҳатман ҷойи худро ба воқеияту ҳақиқат хоҳад дод.

Мисоли равшани ин андеша ҳамин аст, ки агар ба Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ бовару эътимод намебуд, ин ҳамоиш бо иштироки 27 раҳбару намояндагони мамлакатҳои олам дар ватани мо баргузор намешуд. Дар кори байналхалқӣ ягон иқдом бе омўзиши пешакӣ ва маълумоти дақиқу аниқ ба роҳ монда намешавад. Барои аксар кишварҳои дунё комилан яқин шуд, ки Тоҷикистон бо азму иродаи бузурги халқи тоҷик ва ташаббусу ибтикороти бесобиқаи Пешвои мардум – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кутоҳ оқибатҳои низои дохилиро бартараф карда, рў ба ҷониби пешрафти устувор ниҳод.

Дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари Тоҷикистон дар баробари ҳалли масъалаҳои дохилидавлатӣ, инчунин проблемаҳои глобалии сайёра, ташкили ҳамкориҳои судманд миёни давлатҳои ҷаҳон, пешниҳоди ҷолиб дар масъали иқлим ва муҳити зист қарор гирифт. Ном ва ибтикороти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи фаъолияти роҳбари содиқ ба арзишҳои башарӣ, ба фарҳанги волои муомила дар сатҳи ҷаҳонӣ вирди забони ҷаҳониён шуд. Магар аз ин дида бештар ифтихороте барои мардуми сарбаланди тоҷик ҳаст?

Магар омадан ва аз фарҳанги асили тоҷикон огоҳ шудани сарону намояндагони кишварҳое, аз қабили Озарбойҷону Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Миср, Ҳиндустон, Урдун, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоҷа, Чин, Ҷумҳурии Корея, Қирғизистон, Муғулистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Покистон, Федератсияи Россия, Таиланд, Туркия, Шри-Ланка, роҳбарону намояндагони давлатҳои нозир — Ҷумҳурии Индонезия, Ҷумҳурии Филиппин, Ҷумҳурии Беларус, Украина, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Япония, роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналамилалии нозир ва шарик — Созмони Милали Муттаҳид, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Ассамблеяи парламентии кишварҳои туркзабон, Созмони ҳамкории Шанхай ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои васеъ ва густарда миёни Тоҷикистону ин кишварҳо ва созмонҳо, ворид гардидани сармояи хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ ва аз ҳама муҳим тақвият ёфтани боварию эътимод натиҷаи андак аст? Албатта, не. Беҳтарин ва муҳимтарин натиҷа аст, ки оянда роҳи Тоҷикистонро барои торафт амиқ рафтан дар муомилоти байналмилалӣ ва ҳалли масоили иқтисодӣ ҳамвор хоҳад кард.

Дар ин ҳамоиш, ба ҷуз масоили нақшавӣ, ду чизи муҳим ба назар расид, ки яке нарм шудани муносибатҳо бо Эрон буд ва дигаре он буд, ки чӣ гуна Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин зимни суханрониаш дар ин ҳамоиш муҳтавои баромадашро аз шоҳбайти устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ оғоз кард. Он байт чунин буд:

Ҳама ниюшаи хоҷа ба некўию ба сулҳ аст,
        Ҳама ниюшаи нодон ба ҷангу фитнаву ғавғост.

Ба андешаи роҳбари ин давлат, ки аз бузургтарин давлатҳои олам аст, кишварҳоро зарур аст, ки якҷоя амниятро эҷод намоянд, соҳибихтиёрӣ ва роҳи демократиро эҳтиром гузоранд, инчунин барои интихоби роҳи сиёсӣ имконият диҳанд. Боз ба ақидаи ин роҳбар, барои мубориза бо терроризм бояд бо назардошти ҳошияҳои Осиё тадбирҳои муассир андешида шаванд. Ҳадаф бояд бунёди Осиёи кушодаву таҳаммулпазир ва мавҷудияти муносиби тамаддунҳо бошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиш воқеан фарҳанги волои инсондўстона ва меҳмоннавозии мардуми тоҷикро нишон дод. Ҳамон гуна ки Расули акрам (с) дар ҳадиси муборак фармудаанд: «Он ки ба Худо ва рўзи охират имон дорад, бояд меҳмони худро гиромӣ дорад». Аз як тараф, вохўрию суҳбатҳо бо роҳбарони меҳмон, аз ҷумла бо Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврўз Исмоил оғлу Мамедов, Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Хун Сен, Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ветнам хонум Данг Тхи Нгок Тхин, Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Абдул Ҳамид, Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рўҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва аз тарафи дигар, ба меҳмонон намоиш додани дастовардҳои миллӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ ва имконоти рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон симои роҳбари Тоҷикистонро ҳамчун шахсияти фаъоли сатҳи байналхалқӣ муаррифӣ карданд.

Ин ҳамоиш боиси сарбаландии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ буд ва бори дигар ба ҷаҳониён нишон дод, ки миллати тоҷик дар саргаҳи фарҳанги башарӣ ва инсондўстӣ қарор дошта, тамаддуни беназире дорад.

Саидмукаррами АБДУҚОДИРЗОДА,

Раиси Маркази исломии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Pray time in Dushanbe

27.11.2024

More
Fajr05:42
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More