Questions and answers - Family
03091:
Марде бо ҳамсараш даъво кард. Ҳамсараш гуфт, ки баромада ба хонаи падарам меравам. Дар ин ҳолат мард ғазабнок шуда, “баромада рав” гуфт. Оё бо сухан ин талоқ воқеъ мешавад?йкум. Бародари азиз, агар мард ин суханро ба нияти ҷудо шудан гуфта бошад, талоқ воқеъ мешавад ва агар ба мақсади тарсонидан гуфта бошад, чизе воқеъ намешавад.
Categories:
Family03052:
Ман як сол шуд шавҳар кардам, аммо ба ҳар баҳона маро мезанад. Дар дини Ислом ин мумкин аст? Мегўям илтимос нисбати ман камтар ҳам бошад меҳрубонӣ кунед, диламро беҳад меранҷонед, таҳдид мекунад, ки бисёр ҳамин чизҳоро гап занӣ маро асабӣ мекунӣ, баъд худат медонӣ чӣ мешавад, яъне задан. Лутфан ман чӣ кор кунам, мумкин дар ҳамаи ин ман айбдорам?
Categories:
Family