Questions and answers - Family
03016:
Бародарам бо як рафиқаш муноқиша кардааст. Рафиқаш омада гуфт, ки дастатро деҳ, пас дасташро гирифта гуфт, ки ба фалон ҷо биё, як ба як гап мезанем, вале аҳли оила намонданд. Баъд аз чанд рўз рафиқи бародарам омада гуфт, ки зиндагии ту ҳаром аст, занат талоқ шудааст, ту даст додӣ, вале наомадӣ. Лекин бародарам ба ягон чиз қасам нахўрдааст. Оё дар ин масъала талоқ воқеъ шудааст?
Categories:
Family03008:
Се сол пеш май менўшидам, баъдан дар диспансери пойтахт табобат кардам. Ба наздикӣ як бегоҳ май нўшида ба хона омадам, дигар ҳеҷ чиз ба хотирам нест. Саҳар ҳамсарам гуфт, ки байни мо ҷанҷол шуд, ман ба ў гуфта бошам, ки ”ту ба ман даркор нестӣ, туро ҷавоб додагиам”. Аз назари Ислом ин масъала чӣ ҳал дорад?
Categories:
Family03006:
Агар шавҳар дар ҳолати ғазаб, ки фарқи осмону заминро намефаҳмад, ба занаш гўяд, ки “даҳ талоқ, панҷоҳ талоқ” оё талоқ воқеъ мешавад? Дар як ҷо хонда будам, ки агар одам табиатан дар вақти ғазаб чӣ гуфтанашро надонад, ақлаш қулф шудааст, аз ин рў, талоқаш воқеъ намешавад. Оё ин дуруст аст?
Categories:
Family02994:
02993:
Ман бо як ҷавон, ки дар шаҳри Екатеринбурги Россия дар зиндон аст, мехоҳам тариқи телефон бо тавассути онлайн никоҳи мусалмони кунем. Оё аз назари Ислом ин дуруст аст, аз шумо хоҳиш дорам ҷавоби саволамро зудтар диҳед, чунки намехоҳам бе никоҳ бо телефон бо ў ҳамсӯҳбат шавам, чунки ман ба ў номаҳрам ҳастам.
Categories:
Family