Question № 01039
Оё ин дуруст аст, ки Даҷҷол қариб 4000 сол пеш дар замони ҳазрати Мӯсо (а) вуҷуд дошт?
Question:
Ассалому алайкум бар аҳли илм ва тақво. Оё ин дуруст аст, ки Даҷҷол қариб 4000 сол пеш дар замони ҳазрати Мӯсо (а) вуҷуд дошт?
Саволдиҳанда: Иброҳим
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, хуруҷи Даҷҷол яке аз нишонаҳои бузурги барпошавии рӯзи қиёмат аст, чунонки дар ҳадисҳои Пайғамбар (с) ворид шудааст. Аммо он чи дар суоли шумо омада, ки гӯё Даҷҷол 4000 сол пеш вуҷуд доштааст, бо аҳодиси Пайғамбар (с) мухолиф буда, мардуд ва беасос мебошад. Албатта хабари Даҷҷол дар умматҳои пешин вуҷуд дошт, зеро ҳама пайғамбарон умматони худро аз фитнаи Даҷҷол бим додаанд. Чунонки Расули Худо (с) фармудаанд: “Ҳеҷ паёмбаре пас аз Нӯҳ (а) наомадааст, магар ин ки қавми худро аз хуруҷи Даҷҷол бим додааст, ман ҳам шуморо аз он бим медиҳам” (Ривояти Тирмизӣ; Шарҳи “Фиқҳи акбар”, с. 228-230)