Савол № 01039

Оё ин дуруст аст, ки Даҷҷол қариб 4000 сол пеш дар замони ҳазрати Мӯсо (а) вуҷуд дошт?

Савол:

Ассалому алайкум бар аҳли илм ва тақво. Оё ин дуруст аст, ки Даҷҷол қариб 4000 сол пеш дар замони ҳазрати Мӯсо (а) вуҷуд дошт?

Саволдиҳанда: Иброҳим

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, хуруҷи Даҷҷол яке аз нишонаҳои бузурги барпошавии рӯзи қиёмат аст, чунонки дар ҳадисҳои Пайғамбар (с) ворид шудааст. Аммо он чи дар суоли шумо омада, ки гӯё Даҷҷол 4000 сол пеш вуҷуд доштааст, бо аҳодиси Пайғамбар (с) мухолиф буда, мардуд ва беасос мебошад. Албатта хабари Даҷҷол дар умматҳои пешин вуҷуд дошт, зеро ҳама пайғамбарон умматони худро аз фитнаи Даҷҷол бим додаанд. Чунонки Расули Худо (с) фармудаанд: “Ҳеҷ паёмбаре пас аз Нӯҳ (а) наомадааст, магар ин ки қавми худро аз хуруҷи Даҷҷол бим додааст, ман ҳам шуморо аз он бим медиҳам” (Ривояти Тирмизӣ; Шарҳи “Фиқҳи акбар”, с. 228-230)

2017-04-12
2963
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38