Question № 01158
Қиссаи ҳазрати Узайр (а)-ро мегуфтед.
Question:
Ассалому алайкум. Қиссаи ҳазрати Узайр (а)-ро мегуфтед.
Саволдиҳанда: Узайр
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, қиссаи ҳазрати Узайр (а) дар ояти 259-уми сураи “Бақара” чунин зикр шудааст: “Ё монанди он шахс (Узайр), ки бар деҳе гузашт, ки он бар сақфҳои худ афтода буд, гуфт: «Худо чӣ гуна инро баъди мурданаш зинда мекунад?» Худо ӯро сад сол мурда кард, баъд аз он ӯро барангехт, гуфт. «Чӣ қадар диранг кардӣ?» Гуфт: «Як рӯз диранг кардам, ё порае аз рӯз». Гуфт: «Балки сад сол диранг кардӣ, таому ошомидании худро бибин, ки мутағаййир нашудааст, дарозгӯши худро бибин! Мехоҳем, ки туро барои мардумон нишона гардонем, ба устухонҳо бинигар, чӣ гуна онро ҷунбиш медиҳем, баъд аз он бар он гӯшт мепӯшонем» Пас, чун (ин ҳол) барои ӯ возеҳ шуд, гуфт: «Медонам, ки ҳамоно Худо бар ҳама чиз Тавоно аст”. Тафсили ин қисссаро шумо аз китоби “Достонҳои пайғомбарон” метавонед пайдо намоед.