Вопрос № 01158

Қиссаи ҳазрати Узайр (а)-ро мегуфтед.

Вопрос:

Ассалому алайкум. Қиссаи ҳазрати Узайр (а)-ро мегуфтед.

Саволдиҳанда: Узайр

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, қиссаи ҳазрати Узайр (а) дар ояти 259-уми сураи “Бақара” чунин зикр шудааст: “Ё монанди он шахс (Узайр), ки бар деҳе гузашт, ки он бар сақфҳои худ афтода буд, гуфт: «Худо чӣ гуна инро баъди мурданаш зинда мекунад?» Худо ӯро сад сол мурда кард, баъд аз он ӯро барангехт, гуфт. «Чӣ қадар диранг кардӣ?» Гуфт: «Як рӯз диранг кардам, ё порае аз рӯз». Гуфт: «Балки сад сол диранг кардӣ, таому ошомидании худро бибин, ки мутағаййир нашудааст, дарозгӯши худро бибин! Мехоҳем, ки туро барои мардумон нишона гардонем, ба устухонҳо бинигар, чӣ гуна онро ҷунбиш медиҳем, баъд аз он бар он гӯшт мепӯшонем» Пас, чун (ин ҳол) барои ӯ возеҳ шуд, гуфт: «Медонам, ки ҳамоно Худо бар ҳама чиз Тавоно аст”.  Тафсили ин қисссаро шумо аз китоби “Достонҳои пайғомбарон” метавонед пайдо намоед.

2017-05-24
3602
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

26.11.2024

Подробнее
Фаджр05:41
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:09
Иша18:39