Question № 01298
Мегуфтед, ки қурбонӣ ба кӣ фарз аст, моли қурбонишаванда бояд чигуна бошад ва шахси қурбоникунанда пеш аз қурбонӣ кадом амалҳоро бояд анҷом диҳад.
Question:
Ассалому алайкум муҳтарам домулло. Мегуфтед, ки қурбонӣ ба кӣ фарз аст, моли қурбонишаванда бояд чигуна бошад ва шахси қурбоникунанда пеш аз қурбонӣ кадом амалҳоро бояд анҷом диҳад.
Саволдиҳанда: Соҳиб
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, қурбонӣ кардан барои инсонҳое, ки соҳиби нисоби закот ҳастанд, воҷиб аст. Моли қурбонӣ бояд аз гӯсфанду буз яксола, аз гов дусола ва аз шутур панҷсола бошад. Аз гӯсфанду буз барои як кас дуруст аст, аммо аз гову шутур то ҳафт кас шарик шудан ҷоиз аст. Ҳайвони қурбонишаванда бояд аз ҳама айбу нуқсон солим бошад. (“Мухтасару-л-виқоя”, с.134-135)